logo

фарҳанг

НАҶМИДДИН КАВКАБӢ. ТО БУЛБУЛИ ҶОН НАҒМАСАРО ХОҲАД БУД...

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли равон бо мақсади эҳёи мероси бузурги илмию таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардумони Шарқи Миёнаю Наздик, тарбияи маънавӣ ва таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ 550 - солагии Наҷмиддин Кавкабӣ таҷлил мешавад.
Мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, ҳофиз ва шоири тоҷик Наҷмиддин Гавҳарии Кавкабӣ соли 1468 дар Бухоро, дар хонаводаи олим ва шоир Мавлоно Гавҳарӣ ба дунё омадааст. Наҷмиддин асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхта, барои такмили илму маҳорат аз донишмандону ҳунарварони бузурги замонаш асосҳои шеър, мусиқӣ ва фалсафаро фаро мегирад.
Наҷмиддин Кавкабӣ мактаби нави таҳқиқӣ - амалии мусиқӣ таъсис дода, дар иртибот ба масоили амалӣ ва назарии мусиқӣ  чандин рисолаю манзумаҳои мусиқӣ иншо кардааст. Ӯ муаллифи асарҳои илмию назариявии «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом» (аввалин таълифоти назариявии мусиқии ба назм нигошташуда), «Рисолаи киромия дар илми мусиқӣ», «Султония» ва ғайра дар таърихи тамаддуни мусиқии асри XVI аз муҳимтарин таълифоти мусиқӣ маҳсуб шуда, аксари мусиқидонони садаҳои XVI - XVII ва ибтидои асри XVIII Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳиндустон ба осораш чун манобеи муътамад истинод овардаанд.
Дар инкишофи мақомҳо Наҷмиддин Кавкабӣ саҳми босазо дошта, нахустин бор матни мақомҳоро («Куллиёти Дувоздаҳмақом») тартиб дода, минбаъд ин кори ӯ дар ҳавзаҳои ҳунарию эҷодии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Ҳиндустон як раванди нави эҷодию иҷроиро рӯи саҳна овард. Дар заминаи «Куллиёти Дувоздаҳмақом» на фақат назми комили мақомҳо, инчунин, минбаъд таҳия ва тадвинкунандагони назми «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ» аз ин кори Наҷмиддин Кавкабӣ зиёд истифода бурдаанд.
Наҷмиддин Кавкабӣ чун мусанниф дар шакли анвоъ, жанрҳои шеърию мусиқии «савт», «кор», «нақш», «амал», «пешрав», «миёнхона», «сархона», «сарбанд», «қавл», «куллиёт», «рехта», «саҷъ» ва дигар таркиботи мақомҳо тағйироту такмилоти навине ворид карда, дар аксари ин анвои созию овозӣ асарҳои рангине офаридааст. Дар шакли мусиқии «Куллиёт» асари офаридаи ӯ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Ҳинд ва Эрон рӯҳияи нави назирасароии шеърию мусиқиро ба миён оварда, бисёр мусиқидонон ба ин асараш назираҳо гуфтаанд.
Асари маҷмӯии Наҷмиддин Кавкабӣ ба усули «Зарбулфатҳ» (ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Рост», «Ироқ») дар доираҳои эҷодию иҷроӣ шуҳрати зиёд касб намуда, мусаннифону сарояндагони Самарқанду Бухоро, Марв, Хоразм, Ҳирот дар тазмини ин силсила асарҳо офаридаанд. Ё худ «Чаҳорзарб» - и Наҷмиддин Кавкабӣ ба мақоми «Ироқ» ҳам аз таснифоти «таркибан муҳташаму ҳирфаии мусиқии» асрҳои XVI - XVII маҳсуб шуда, матни ин асар ба қалами мусанниф мансуб буда, қисми аввали он бо таронаи зайл оғоз меёбад:
Дидаи ёр аз рухат пурнур бод,
Чашми душман аз ҷамолат дур бод,
Кавкабиро талъати зебои ту,
То умедаш дидаи манзур бод.

Бино бар тавзеҳи Хоҷа Ҳасани Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб»), Дарвешалии Чангӣ («Туҳфат-ус-сурур»), Сайфиддини Ғазнавӣ («Рисолаи мусиқӣ») ва дигарон, «Зарбулфатҳ»-и Наҷмиддин Кавкабӣ аз таснифоти шаклан мураккаб буда, барои бисёр оҳангсозон, ҳофизон ва мутрибони асрҳои XVI - XVII мактаби эҷодӣ шудааст. Матни «Зарбулфатҳ» низ ба қалами Кавкабӣ мансуб буда, ду таронаи зерин дар шакли рубоӣ эҷод шудааст:
То булбули ҷон нағмасаро хоҳад буд,
То матлаби «Ушшоқ» «Наво» хоҳад буд.
Бе замзамаи ишқ нахоҳам будан,
То қуввати дам задан маро хоҳад буд.

* * *
Мутриб чу ба ришта нағмаро соз кунад,
«Наврӯз»-у «Гавашт»-у «Салмак»
оғоз кунад.
Гуфтам: Санамо, намой «Гардония»-ро
Пас «Моя» бигардонаду «Шаҳноз» кунад.
«Куллиёт» бар мақоми «Рост» аз ҷумлаи ихтирооти барҷастаи Наҷмиддин Кавкабӣ буда, дар пешрафти санъати мақомхонӣ, такмили қисмҳои созию овозии мақомҳо таъсири калон расондааст. Матни «Куллиёт» асари шаклан ва бадеҳатан мураккаби мусиқӣ мебошад, ки дар байни аҳли созу овоз чун рисолаи таълимӣ эътибор доштааст. Матни «Куллиёт» низ ба қалами Наҷмиддин Кавкабӣ тааллуқ дошта, қисми аввали он бо мисраъҳои зерин оғоз ёфтааст:
Зи роҳи «Рост» гар оҳанг мекунӣ
ба «Ҳиҷоз»,
Зи «Исфаҳон» гузаре ҷониби
«Ироқ» андоз.
Ба ноқа «Зангула» дар пардаи
«Раҳовӣ» банд,
Ба «Бӯсалик» «Ҳусайнӣ»- сифат
барор овоз.
Машав «Бузург» зи рӯи ниёз «Кӯчак» бош,
Дар он мақом ба «Ушшоқ»-у ба
«Наво» пардоз.
«Гавашт»-у «Моя»-ву «Гардония»
чу бархонӣ,
Бисоз пардаи «Наврӯз»-и «Салмак»-у
«Шаҳноз».
Наҷмиддин Кавкабӣ аввалин касест, ки зимни «Куллиёт» матни дуҷилдаи «Дувоздаҳмақом» ва таркиботи онро ба риштаи назм кашида, онро ба Абдураҳмони Ҷомӣ бахшидааст. Ӯ дар гуфтани ғазал, рубоӣ, қасида, маснавӣ ва дигар жанрҳои шеърӣ маҳорати хуб дошта, соҳиби ду девони ашъор мебошад.
Наҷмиддин Кавкабӣ яке аз муассисон ва саромадони ду мактаби илмӣ ва амалии мусиқӣ дар Бухоро ва Самарқанд буда, таҳти сарварии ӯ як зумра мусиқидонон, оҳангсозон, сарояндагону навозандагон, шоир – тазкиранависон ба камол расидаанд. Хоҷа Абдулҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Амир Алиакбари Қонунии Самарқандӣ, Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ, Мираки Маҷрӯҳи Чангии Бухороӣ, Хоҷа Муҳаммади Кавкабӣ ва дигарон аз шогирдони ӯянд.
Қисмати Наҷмиддин Кавкабӣ ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфтааст. Ӯро соли 1532, ҳангоми бозгашт аз сафари Машҳад одамони шоҳ Таҳмосб дар роҳи байни Ҳироту Бухоро ба қатл расондаанд. Қабраш дар маҳаллаи Бозори Нави Имом Ҷунайдхони Ғазолӣ (Бухоро) воқеъ аст.
Осори Наҷмиддин Кавкабӣ дар инкишофи санъати мусиқӣ, ташаккули «Дувоздаҳмақом» ва вусъати мақомхонӣ ва таҳқиқи паҳлуҳои нави назарӣ ва амалии мусиқӣ, тарбияи мусиқидонону пешаварони минбаъда ҳиссаи сазовор дорад.
Таҳияи Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 526

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед