logo

иҷтимоиёт

МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН 10 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бо мақсади таъмини идораи босамари шабакаи муассисаҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва  шуғли аҳолӣ  соли 2008 бо як дастгоҳи марказӣ ва чор филиали минтақавӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод таъсис ёфтааст. Сараввал шумораи ниҳоии кормандон 112 нафар буд. Айни замон, шумораи филиалҳо ба 33 ва кормандон ба 830 нафар расидааст. Албатта, бештари мардум аз ноогоҳӣ ва бепарвоӣ дар оғози фаъолият камтар ҷалб мешуданд. Соли таъсисёбӣ ҳамагӣ 190 шаҳрванд бо 12 номгӯи касбу ихтисос курсҳои кӯтоҳмуддати марказро хатм намуда бошанд, баъди панҷ соли фаъолият наздик ба чил ҳазор шаҳрванд бо 51 номгӯи касбу ихтисосҳо курсҳои мазкурро хатм карда, малакаҳои касбии 19 352 нафар ба расмият дароварда шуд. Муассиса то имрӯз 193 779 шаҳрвандро соҳиби касб намуда, шумораи ихтисосҳояшро ба 76 номгӯ расонд.
Бино ба гуфтаи Шукрулло Саломов, директори марказ, имрӯз муассисаи мазкур мутахассисонро  аз рӯи ихтисосҳои кафшергари газу барқ, таъмиргари дастгоҳҳои сантехникӣ, барқкор, таъмиргари автомобил, муҳосибон, асосҳои омӯзиши кор дар компютер, қаннодӣ, рӯзгордорӣ, ошпазӣ, пешхизматӣ тайёр менамояд. Давомнокии таҳсил аз як то шаш моҳ мебошад.
Бештари муроҷиаткунандагон касбу кори гуногунро амалан омӯхта бошанд ҳам, аммо бидуни ҳуҷҷати тасдиқунанда дар дохилу хориҷи кишвар кор намеёфтанд. Бо ин мақсад то имрӯз касбу кори  бештар аз 80 ҳазор шаҳрванд баъди санҷишҳои тахассусӣ ба расмият дароварда шуд. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи таҳсилоти касбии калонсолон соли 2012 бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии шарикони рушд дар шаҳри Душанбе сехҳои таълимии ихтисосҳои “Ташхис ва таъмири автомобил” ва “Кафшергари газию барқӣ” бо тамоми таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз дастовардҳои муҳим вобаста ба рушди соҳа дар соли 2017 қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин, фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии онро танзим менамояд.
Дар баробари ин, тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, дар фаро гирифтани қисми муайяни аҳолии ниёзманд ба касбомӯзӣ саҳми бевоситаи ташкилотҳои ҳамкориҳои Олмон (GIZ), Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд (RCVC), муҳоҷират, Агроаксияи Олмон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV Intepnational) низ мавриди зикри хос аст. 
- Масъалаи дигар, ҳамкориҳои марказ ва корхонаҳо аст. Аксар мавридҳо мо таълимгирандагони худро барои таҷрибаомӯзӣ ба корхонаҳои давлатию хусусӣ сафарбар мекунем, аммо онҳо бо пеш овардани чандин баҳона аз қабули таҷрибаомӯзон даст мекашанд. Ин раванд кори моро мушкил мегардонад. Дар ин масъала ҳамкории беғаразона ва судманди  корхонаҳоро бояд тақвият дод, - мегӯяд директори муассиса.
Эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолонро вазифадор менамояд, ки ҳар чи бештар аҳолии бешуғл, бахусус занону духтарони хонашинро ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ фаро гиранд. Бояд 40 намуди касбу ҳунарҳои мардумӣ ба рӯйхати ихтисосҳои марказ ворид шуда, минбаъд барои эҳё ва омӯзиши онҳо замина фароҳам оварда шавад. 
Додани қарзҳои бефоиз барои соҳибкорону ҳунармандон аз тадбирҳои нави марказ аст, ки барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ мусоидат менамояд. Муассиса, инчунин, фаъолияташро вусъат бахшида, лоиҳаи махсусеро баҳри таълими маъюбон амалӣ намуданист. Татбиқи лоиҳа дар марҳилаи аввал шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Раштро фаро мегирад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 181

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед