logo

фарҳанг

ПАЙРОҲАИ ХАЛҚ. РОҲИ ҲАЁТ ВА ПАЙВАНДГАРИ ИНСОНҲО

Роҳи дар ҷаҳон машҳури Абрешим аз замонҳои қадим ба ин сӯ роҳи ҳаёт ва пайвандгари кишварҳову инсонҳо будааст. Ба ақидаи таърихнигорон ин шоҳроҳ Бухоро, Самарқанду Саразм-маркази тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгони моро низ убур мекард. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Роҳи бузурги Абрешим баъди сукути ҳазорсолаҳо боз эҳё мегардад… Бохтари Қадим ва Суғди бостонӣ дар чорсӯи Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор дошта, қофилаи корвонҳои бешумор аз растаҳои хуштарҳу бозорҳои ободи ин сарзамини паҳновари ниёгони тоҷикон ҷониби Машриқу Мағриб мешитофтанд».
Воқеан, бино ба гуфтаи бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдурауф Раззоқов, парвандаи расмии гузаргоҳи зарафшонии Шоҳроҳи Абрешим – Панҷакент – Самарқанд – Бухоро бо ибтикори бостоншиносони тоҷику ӯзбек барои шомил намудан ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.
Тавре Усмон Эшонқулов, бостоншиноси маъруфи кишвар, дар асари таҳқиқотиаш «Таърихи маданияти кишоварзии кӯҳистони Суғд» менигорад, дар гузаргоҳи зарафшонии шоҳроҳ, ки аз воҳаи Панҷакент то Самарқанду Бухоро тӯл мекашид, ҳамеша равуои одамон зиёд буд. Тоҷирону кишваркушоёни аҷнабию муқимӣ аз воҳаи Панҷакент ба Ҳиндустон, Эрону Арабистон, Сибир, Чин ва дигар кишварҳо сафар мекарданд.
Имрӯз ин пайроҳаҳоро, ки аз канори рӯдҳои шӯх, кӯлҳои зебо, аз байни дарахтони арча, манзараҳои дилфиреби гулу сабзаҳои кӯҳистон мегузаранд, асосан сайёҳон аз кишварҳои ҷаҳон убур мекунанд. Аз ҳаштсад ҳазор нафар дӯстдорони сайру саёҳат, кӯҳнавардон, мухлисону ҳаводорони табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки дар шаш моҳи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба кишварамон омадаанд, теъдоди зиёдашон бо шоҳроҳҳои Душанбе - Хуҷанд ва Айнӣ - Панҷакент, ки бо ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидаанд ва, ҳамчунин, бо пайроҳаҳои қадимӣ ба Искандаркӯл, Кӯли Аловиддин, Кӯли Калон, Ҳафткӯл омадаву манзараҳои дилфиребу афсонавии Сармаду Арчамайдон, ағбаҳои Шеру Тобасанг ва ёдгориҳои таърихию маданӣ ва аҳамияти ҷаҳони доштаи онҳоро тамошо кардаанд. Дар байни иншооти зикр-шудаи сайёҳӣ бузургтарину номдортаринаш ёдгории бостонии Саразм - саромади тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошад, ки ба зиёратгоҳи ҳақиқӣ ва ба маркази ҷустуҷӯю омӯзиши олимон аз бисёр кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Бо сипоси беҳад ёдовар мешавем, ки ин ёдгории беназир бо ибтикор ва ҷаҳду талоши Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шуд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги таърихию илмии бозёфтҳои Саразм дар муайян намудани ҷой ва мақоми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ Пешвои миллат дар мулоқоти имсолаашон бо зиёиёни кишвар аз ҷашн гирифтани 5500 - солагии тамаддуни Саразм дар соли 2020 пайғом доданд. Мавриди зикр аст, ки ин сана бар пояи маълумоти муътамади бостоншиносони маъруфи ватанию ҷаҳонӣ муқаррар шудааст. Хулосаҳои иштирокчиёни як ҳамоиши (колоквиуми) байналмилалии бостоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса бахшида ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии бохтариҳо, тохариҳо ва суғдиҳо дар давраи антиқӣ ва ибтидои асримиёнагӣ, ки охири августи соли 1986 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, далели қотеъ бар ин гуфта мебошанд.
Аз ҷумла, В.А.Литвинский, Академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуда буд: «Ҳафриёти Саразм барои таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Аввалин бор муяссар гашт аниқ карда шавад, ки гузаштагони қадимии тоҷикон, ки дар водии Зарафшон зиндагӣ мекарданд, камаш шаш ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин зиёдтар кишоварз шудаанд. Ин фаҳмишу тасаввуроти моро дар бораи таърихи қадимтарини тоҷикон тамоман дигар мекунад. Ҳамаи инро ба китобҳои дарсии таърих бояд дохил кард ва китобҳоро аз нав бояд навишт…».
Ин маъниро Пол Бернар, доктори илм, сарвари гурӯҳи археологии Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса, дар шакли дигар баён карда буд: «Ҳафриёти Саразм ба таври раднопазир собит менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони маданӣ, сайёҳӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна ва сокинонаш соҳиби маданияти баланд будаанд. Дар Панҷакент бозёфтҳои сенсатсионӣ ёфт шудаанд. Боигарии фактҳоро, ки хуб омӯхта шудаанд, мо ба китоби кушодаи ин шаҳри бузург шабоҳат медиҳем…».
Дар асрҳои гузашта сайёҳон, кишваршиносону таърихнигорон ва тоҷирон аз мамлакатҳои дуру наздик ба диёри тоҷикон омада, табиати зебою афсонавии онро дида, мафтуни ин диёру ин мардум шудаанд. Онҳо сари роҳи худ бо сокинони бумӣ вохӯрдаву ҳамсуҳбат шуда, аз пазироию меҳмоннавозии самимонаи онҳо бархӯрдор гардида, урфу одат, хислатҳо, расму оин ва шуғлу ҳунарашонро дар китобҳо ва сафарномаҳои худ зикр намудаанд. Таваҷҷуҳ кунед ба иқтибосҳо аз ин сафарномаҳо:
«Дар Суғд чун меҳмон ояд, соҳиби хона шодӣ намояд ва тозарӯйӣ кунад. Ва ин одат дар ҳеҷ иқлим нашунидам, магар дар ин диёр». Абуисҳоқ Истахрӣ, сайёҳ, географ, муаррих. Асри 10.
 «Тоҷикон, то ҷое, ки ба ман равшан аст, дар сайёраи мо тимсоли ягонаи муборизаи сангин барои ҳаёт мебошанд. Аз рӯи бунёд сохти сари тоҷик баёнгари олитаборӣ ва хиради ӯст, дар бораи истеъдоди модарзодии рӯҳонии онҳо низ ҳаминро гуфтан лозим аст». Миддендорф, афсар ва сайёҳи рус. Соли 1882.
 «Шиносоии наздик бо тоҷикон ва омӯзиши анъана ва тарзи ҳаёти онҳо дар дили кас ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтиром гузоштанро ба ин халқи меҳнатдӯст, ки дар зиндагии хеш басо таъкибу азиятҳо дидааст, бедор месозад ва ҳайратеро дар жарфи дили мо падид меорад, ки чи сон ба рағми ин ҳама ин ҳалқ аз рӯи замин нопадид нашуд, балки симои ориёии худро нигоҳ дошта тавонист». А. Серебренников, афсар ва кишваркушои рус. Соли 1896.
Дар ин радиф мехоҳем чанд андешаи меҳмонону сайёҳони имрӯзии Панҷакентро низ баён намоем:
«Тоҷикистон ба шарофати ташаббусҳо ва иқдомҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи об дар ҷаҳон шуҳрат ёфт. Таҳти роҳбарии ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Имрӯз дар кишвари мо Тоҷикистонро хуб мешиносанд. Далели ин солҳои охир Тоҷикистонро барои саёҳат интихоб кардани теъдоди зиёди ҳамватанони ман аст». Каон Хаминага, олими Ҷопон.
 «Панҷакент шаҳри зебост, ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва ҷойҳои хушманзараю диданӣ дорад. Иқтисодиёташ пешрафта аст. Бигузор меҳмонони хориҷӣ зиёдтар ба ин диёри зебо оянд ва рушду пешрафти зиндагии тоҷиконро бо чашмони худ бубинанд». Ясмин Гуедар, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон.
«Ман бори аввал ба Осиёи Марказӣ омадам. Панҷакент ба ман таассуроти хеле калон бахшид.
Дар Русия, умуман дар тамоми ҷаҳон, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон рух дод, гумон мекарданд, ки ин кишвар шабеҳи Афғонистон аст. Аммо, ман бо чашмони худ дидам, ки вазъ тамоман дигар аст. Мо иштибоҳ карда будаем. Тоҷикон мардуми соҳибтамаддун, дӯстпарвар ва соҳиби фарҳанги баланданд». Алексей Шорохов, котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Русия.
Дар Роҳи бузурги Абрешим, дар пайроҳаҳои сеҳрангез, ки аз ҳаводиси замонҳо нопадид нашудаанд, дар толору қасрҳои Саразм ва Панҷакенти Қадим, дар суҳбати мардуми дилкушод ва меҳмоннавоз, дар назди мақбараҳои бузургон, дар канори кӯлҳо ва рӯдҳои нуқрафом, дар сояи салқини сахраҳо ва арчаҳо, дар паҳнои марғзорҳои ҳамешасабзу атрогин, дар кӯчаю бозорҳои Панҷакенти бостонӣ, ин гаҳвораи тиллоии тамаддуни ниёгон, ҳар рӯзу ҳар лаҳза ҳамин гуна суханҳои самимӣ ва рӯҳбахшу дилнавоз ба гӯш мерасанд.
Зайнура АЗИМӢ, Луқмон ҚУРБОН,
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 496

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед