logo

Хабарҳо

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ дастур дод, ки бо назардошти вазъи молиявии довталабон дар сурати надоштани имкони пардохти пурраи шартномаи таҳсил, ба таври истисно, барои давра ба давра пардохт намудани маблағи таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо иҷозат дода шавад.
Ин нуктаро Нуриддин Саид ҳангоми вохӯрӣ бо директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ, роҳбарон ва котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, 6 август иброз дошт, – хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар.
Нуриддин Саид, ҳамчунин, супориш додааст, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 7:00-и субҳ оғоз ёфта, дар давоми рӯз тамоми дархостҳои довталабон қонеъ гардонда шавад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ,  инчунин, масъалаҳои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ, ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсил ва гирифтани маълумоти дуюм, қабули довталабони тибқи Квотаи президентӣ роҳхатгирифта, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо, риояи одоби муошират бо довталабон ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 305

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед