logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011  «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.612; с.2015, №11, мод.973) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- аз сархати дуюм калимаҳои «бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ,» хориҷ карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бонки мутавассит – бонке, ки барои қабули дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзие, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад;».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тибқи моддаи 311 Қонуни мазкур тавассути маблағгузорӣ дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ иштирок менамояд, ки он интиқоли пасандозҳои суғурташударо ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, ҳамчун иҷро намудани уҳдадорӣ аз рӯи ҷуброни суғуртавии пасандозҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонуни мазкур пешбинишуда дар назар дорад;».
4.  Моддаи 101 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 101. Маблағгузорӣ ба бонки мутавассит
Дар ҳолати аз ҷониби Хазина ҷудо намудани сармоя ба бонки мутавассит, саҳмияҳои бонки мутавассит дар давоми 1 моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази коғазҳои қиматноки давлатӣ интиқол дода мешаванд.».
5.  Дар моддаи 16:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ташкилоти қарзӣ ҳар семоҳа ба андозаи 0,1 фоиз барои пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва 0,3 фоиз барои пасандозҳои шахсони воқеӣ бо асъори хориҷӣ аз рӯи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи онҳо, ки дар ташкилоти қарзӣ мавҷуданд ва бояд суғурта шаванд, ба истиснои пасандозҳои шахсони воқеии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда, пардохтҳои тақвимии бебозгаштро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пардохт менамояд.»;
- қисми 4 хориҷ карда шуда, қисми 5 қисми 4 ҳисобида шавад.
6. Дар моддаи 22:
- дар қисми 1 калимаҳои «ҷубронпулии пасандозҳо на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ)» ба калимаҳои «ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ)» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад, агар:
- пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо пули миллӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта ба андозаи на бештар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
- пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо асъори хориҷӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
- пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ суратҳисобҳои пасандозӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дошта бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ дар асоси меъёрҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда пардохт карда мешавад, вале дар ҳар сурат андозаи умумии ҷубронпулии суғурта барои пасандозҳо набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.»;
- ҷумлаи якуми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад.».
7. Дар моддаи 24:
-  сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;»;
- дар сархати нуҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.».
8. Ба моддаи 25 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8. Интиқоли пасандозҳои суғурташудаи ташкилоти қарзии таҳти таҷдиди сохтор қарордошта ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳамчун иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои Хазина дар назди пасандоздорони ҳамин ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад.».
9. Моддаи 311 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 311. Санҷиши хароҷоти камтарин ва аз байн бурдани хавфи низомӣ
1. Хазина метавонад барои хароҷоти таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, ки он интиқоли пасандозҳои суғурташуда ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавасситро дар назар дорад, маблағ ҷудо намояд, агар он ба натиҷаи санҷиши хароҷоти камтарин ҷавобгӯ бошад,  яъне хароҷот барои таҷдиди сохтор аз хароҷоти софи Хазина, ки пас аз ҷуброни пасандозҳои суғурташуда дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва барқароршавии эҳтимолии он ба миён меояд, камтар бошад.
2. Агар чунин ҳисобида шавад, ки барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ба устувории низоми молиявӣ таҳдид менамояд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи маблағгузории давлатӣ розигӣ диҳад,  Хазина метавонад барои хароҷоти таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, ки он интиқоли пасандозҳои суғурташударо дар назар дорад, маблағ ҷудо намояд, ҳатто агар он ба натиҷаи санҷиши хароҷоти камтарин ҷавобгӯ набошад, вале ин маблағ набояд аз хароҷоти ҷуброни пасандозҳои суғурташуда дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тарҳи барқароршавии эҳтимолии он зиёд бошад. Ҳар гуна хароҷоти аз ин барзиёд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад.».
10. Ба  моддаи 35 сархатҳои понздаҳум ва ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- қабул намудани қарор дар бораи муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳти батанзимдарорӣ қарор дорад; 
- тасдиқ кардани пардохти пасандозҳои суғурташуда ҳангоми   иштирок дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, тавассути  интиқоли пасандозҳои суғурташуда ба дигар ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи моддаи 311 Қонуни мазкур;». 
11. Моддаи 391 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 391. Ҳимояи ҳуқуқӣ
1. Узви Шӯрои нозирон, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи  Хазина, агенти  аз ҷониби Хазина таъиншуда, аз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои зарар ё оқибати дигаре, ки бо амал ё беамалии мутобиқи вазифаю ӯҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Хазина расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ  беэҳтиётии дағалона мебошад. 
2. Хазина ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидае, ки ӯҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор  дар  ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро  аз рӯи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбати шахсони мазкур бароварда шудааст, фаро мегирад.».
12.  Ба моддаи 42 қисмҳои 6 ва 7 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«6. Хазина метавонад бо ташкилотҳои хориҷии суғуртаи пасандозҳо ё бо мақомоти дигари ватаниву хориҷӣ оид ба танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ иттилооти заруриро барои иҷрои вазифаҳои худ мубодила намояд. Мубодилаи чунин иттилоот метавонад иттилооти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки Хазина боварӣ ҳосил намояд, ки иттилоот барои мақсадҳои танзиму назорат ё батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ истифода мегардад ва риояи талаботи таъмини махфияти чунин иттилоот мувофиқи талаботе, ки нисбат ба Хазина тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, таъмин карда мешавад.
7. Барои таъмини иҷрои вазифаҳои худ Хазина метавонад бо тарафҳои дар қисми 6 моддаи мазкур зикргардида оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва ҳамкории тарафайн ёддошти тафоҳум ба имзо расонад, ки он доираи масъалаҳои мувофиқашудаи Хазина ва тарафи дигарро вобаста ба мубодилаи иттилоот ва намудҳои дигари ҳамкориву дастгирӣ дар бар мегирад.».
13.  Қисми 2 моддаи 43 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми ифшо намудани иттилоот ба Бонки миллии Тоҷикистон ё мақомоти дигари ватаниву хориҷӣ оид ба танзиму назорат ё батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ ё ташкилотҳои хориҷии суғуртаи пасандозҳо тибқи моддаи 42 Қонуни мазкур татбиқ намегардад.».
14. Дар моддаи 44:
- ба номи модда пас аз калимаи «андозҳо» калимаҳои «ва боҷҳо» илова карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешавад.».
15.  Моддаи 45 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 45. Баррасии баҳсҳо
1. Ташкилоти қарзӣ ё шахси воқеӣ метавонад аз рӯи қарори Хазина ва санадҳои дигар дар давоми сӣ рӯзи баъди гирифтани онҳо ба суд муроҷиат намояд.
2. Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти ҳама гуна баррасии судӣ ё арбитражӣ ба муқобили Хазина, узви Шӯрои нозирон, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Хазина, агенти аз ҷониби Хазина таъиншуда, ки вазифаҳояшонро дар назди Хазина иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:
- суд ё арбитраж барои қабули қарор ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;
- дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳамаи марҳилаҳои манбаъда ё баррасии судии дигар бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Хазина бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар амалҳои Хазина исбот шудани аломати ҷиноят ё тарзи дигари ҳуқуқвайронкунии қасдона;
- агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Хазина бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои он ҷавобгар мебошад, ба фоидаи тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерӯёнад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1551


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2018, № 1131

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 575


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 271

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед