logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муҳоҷират» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999,  № 12, мод. 320; с.  2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, № 1, мод. 15) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.».
2. Дар моддаи 1:
- аз номи модда калимаҳои «, ки дар ҳамин қонун истифода мегарданд» хориҷ карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муҳоҷирон – шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;».
3. Дар матни моддаи 1, ном ва матни моддаҳои 6 ва 7, матни моддаи 81, қисми 4 моддаи 82, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 91, сархати якуми қисми 1 моддаи 11, матни моддаи 13, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 14, қисми 5 моддаи 15, матни моддаҳои 18 ва 20, бандҳои 4) ва 5) қисми 1 моддаи 21, қисми 3 моддаи 22 ва қисми 4 моддаи 24 калимаҳои «мақомоти ваколатдор», «қаламрави», «Мақомоти ваколатдор», «мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «мақомоти ваколатдорро» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ», «ҳудуди», «Мақоми ваколатдори давлатӣ», «мақоми ваколатдори давлатӣ» ва «мақоми ваколатдори давлатиро» иваз карда шаванд. 
4. Аз матни моддаи 3 калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми 4 моддаи 4 калимаҳои «ба муқобили сулҳ, башарият ҷиноят» ба калимаҳои «ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, амнияти инсоният, инчунин хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои «мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 7:
- аз матни қисми 1 рақами «1.» хориҷ карда шавад;
- дар банди 3) калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди 10) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 11) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.»;
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
8. Дар қисми 1 моддаи 83 калимаҳои «меҳнатӣ ба» ба калимаҳои «меҳнатӣ бо риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба» иваз карда шаванд.
9. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 12 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии маҳалли зисташон» ва  «мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ» ба калимаҳои «мақомоти корҳои дохилӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои «хадамоти дахлдори мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «инчунин ба мақомоти дахлдори умури дохилӣ» ба калимаҳои «ба мақомоти корҳои дохилӣ» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 3 моддаи 14:
- дар сархати якум калимаҳои «умури дахлдори мақомоти ваколатдор оид ба идораи раванди муҳоҷират» ба калимаҳои «мақомоти корҳои дохилӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «мақомоти нигаҳдории тандурустӣ» ва «мақомоти нигаҳдории тандурустиро» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «умури дахлдори мақомоти ваколатдор оид ба идораи раванди муҳоҷират» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои «хадамоти дахлдори минтақавии мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 19:
- ба банди 4) пас аз калимаи «террористӣ» калимаҳои «ва экстремистӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 11) калимаи «яроқу» ба калимаи «силоҳу» иваз карда шавад.
14. Дар банди 1) моддаи 23 ва қисми 3 моддаи 24 калимаи «амволи» ба калимаи «молу мулки» иваз карда шавад.
15. Дар ном ва матни моддаи 27 калимаҳои «вайрон кардани» ба калимаҳои «риоя накардани талаботи» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1541

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2018, № 1136

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 565


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 299

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед