logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
Корманди ВКД бо гирифтани 19 800 доллар дастгир шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз дастгир шудани Ҷӯрахон Нусратуллозода, муовини сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, хабар дод.
Тибқи иттилои агентӣ шаҳрванд "А" ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбат ба муовини сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷӯрахон Нусратуллозода чораи қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародаронаш 20 000 ҳазор доллари ИМА ба сифати пора талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ҷӯрахон Нусратуллозода ҳангоми гирифтани маблағи 19 800 доллари ИМА дар дохили ҳуҷраи табобатии Маҷмааи табобатии "Истиқлол", воқеъ дар шаҳри Душанбе дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбат ба Ҷӯрахон Нусратуллозода, бо моддаҳои 32 қисми 3 - 319 қисми 4 банди "г"- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ҚАЛЛОБӢ
Ин дафъа дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 34 - солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2016 ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, як сокини шаҳри Ҳисор ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 миллиону 156 ҳазору 630 рубли русиро гирифта, ба маблағи 32 миллиону 441 ҳазору 630 рубл аз Русия чӯбу тахта оварда, боқимонда 4 миллиону 715 ҳазор рубли онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни тафтишот муайян гардид, ки номбурда бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2016 низ ба боварии як сокини дигари шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 21 миллиону 687 ҳазору 350 рубли русӣ гирифта, ба маблағи 17 миллиону 334 ҳазору 100 рубл аз Федератсияи Русия чӯбу тахта оварда, боқимонда 4 миллиону 270 ҳазор рубли онро ба фоидаи худ сарф кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба гумонбар бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

120 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА
Боз як ҳолати суистифода аз мансаб ошкор шуд
 
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми чорабиниҳои фаврӣ -тафтишотӣ Илҳомҷон Раҳмонқулов, котиби Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусравро бо ҳамроҳии Бахтиёр Султонов, ки худро духтури госпитали ВКД муаррифӣ намудааст, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 120 000 сомонӣ дастгир карданд.
Аз рӯи иттилои сомонаи агентӣ, Илҳомҷон Раҳмонқулов ҳангоми дар вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон кор карданаш, тибқи маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи шаҳрванд бо номи Бахтиёр, ки худро духтури госпитали Вазорати корҳои дохилӣ муаррифӣ намудааст, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт аз шаҳрванд “А” барои ҷудо кардани 0,45 га қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои корами обии Ҷамоати деҳоти Истиқлол маблағи 120 000 сомонӣ талаб намудааст.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбат ба Илҳомҷон Раҳмонқулов ва Бахтиёр Султонов бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"- и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

 


 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 137

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед