фарҳанг
“ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ”
Таҳти ҳамин унвон бахшида ба 26 – солагии Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо эълон гардид.
Аз маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, ки мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақому манзалати китобхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ – фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ – техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар китобхонаҳо мебошад.
Мувофиқи иттилои манбаъ, озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввал аз 1 август то 14 октябр дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври дуюм аз 15 октябр то 20 ноябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад.
Озмун 24 ноябри соли ҷорӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ғолибон, фаъолон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва васитаҳои ахбори омма дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷамъбаст хоҳад шуд. Ғолибон бо мукофоти пулӣ, туҳфа, дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм, ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ мешаванд.
Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2018 №: 159 Мутолиа карданд: 261