logo

Хабарҳо

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, тавассути ба роҳ мондани семинарҳои омӯзишӣ дастрасӣ ба иттилооти судиро сода ва робита бо рӯзноманигоронро дар ин замина таҳким бахшад. Ба ин манзур, дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони дастгоҳи марказии Суди Олӣ, кормандони  судҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи он ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Қаблан чунин нишасти омӯзишӣ дар вилояти Хатлон низ бо ҷалби судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рӯзноманигорони маҳаллӣ доир гардид, ки судманду муфид арзёбӣ мешавад. Семинарро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо шарикони барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ташкилу ба роҳ монд, ки дар он Сергей Чижков, директори минтақавии ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи рӯзноманигорони судӣ», ҳамчун гардонандаи барномаҳои омӯзишӣ иштирок дошт. Ин коршинос, ки аз Федератсияи Русия даъват шудааст, давоми ду рӯз бо иштирокдорони семинар масъалаи табодули таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории судҳо ва ВАО, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судҳо ва ахбори оммаро матраҳ намуданд.
Семинар дар доираи лоиҳаи  «Дастрасӣ  ба  иттилооти  судӣ» баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ дошта ва тарзи паҳн намудани он тариқи сомонаҳои интернетиву марказҳои матбуотӣ ҷараён гирифт. Дар рафти нишасти омӯзишӣ як парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбат ба он ҳукми Коллегияи судӣ содир шудааст баррасӣ гардида, тарзи дуруст пешниҳод кардани он аз ҷониби судяҳо ба рӯзноманигорон фаҳмонда шуд.
Иштирокчиёни семинар бо натиҷагирӣ аз натиҷаҳои нишаст, изҳори бовар намуданд, ки он дар оянда метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои мақомоти судӣ бо ВАО, тарзи дурусти пешниҳоди маълумот ва инъикоси беғаразонаи иттилои судӣ мусоидат намоянд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 219

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед