logo

фарҳанг

ШОИРИ ДАРДОШНО

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (24 июли соли 2018)  мақолаи Ҷумъахон Темурзодаро бо номи «Аз қаламроҳ то қадамҷо» мутолиа кардам ва таъсир ба рӯҳу равонам гузошт. Дар мақола сухан дар бораи андешаҳо перомуни китоби «Хоки баланд» - и шоир Тӯлқин Хоҷа меравад. 
Ӯро ҳамчун як рӯзноманигори хеле соҳибзавқу эҷодкор мешинохтам. Аммо, он замон аз шеъри баланду волои ин марди ватанпарасти дарёдил бехабар монда будам. Баъди мутолиаи мақола ахбори зиёду аҷиб дастрас намудам. Ҳамзамон шоду мамнун  низ гардидам, ки меҳнати ин эҷодкор  баъд аз фавташ қадр гардидааст.  Аниқтараш бо кӯшишҳо ва дастгириҳои шогирдаш Асадулло Раҳмон маҷмӯаи ашъори ӯ мураттаб шудаву ба табъ расидааст, ки шоёни ибрат ва таҳсин аст.
Тӯлқин Хоҷа дар воқеъ, муаллим, шоир, омӯзгор, рӯзноманигор ва шахсияти мондагорест, ки барои бисёре аз шоирону мутахассисони  ҷавони мо намунаи ибрат мебошад. Шикастанафс, хоксору донишманд ва  таҳаммулпазир буд ва далерону шуҷоатмандонро дӯст медошт.
Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳои арзишманд кори  на ҳар кас аст. Аз ин рӯ, сипоси худро ба рӯзноманигори шинохта, арбоби давлатӣ Асадулло Раҳмон барои посдории хотираи як муаллими одӣ, як шоири сарсупурдаи миллат, як вассофи Ватанро мерасонам ва иброз менамоям, ки ҳар кӣ ба қадри нафаре расида тавонист, Худованд подоши ин муҳаббатро ба ӯ  арзонӣ медорад.
Зиндаву ҷовид намудани номи як муаллиму шоири хирадманд ва   дарки арзишҳои фарҳангии  ӯ  на ба ҳар кас муяссар мегардад.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 263

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед