logo

ҳуқуқ

АМАЛИ ВАҲШИЁНА. БОЗ ЯК ТИРИ ХОКХӮРДАИ КАБИРӢ

Ҳодисае, ки қабл дар минтақаи ҷануби кишвар рух дод, нигаронии амиқи ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Кушта шудани  4 сайёҳи хориҷӣ аз тарафи ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бори дигар собит сохт, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва террористӣ ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ободӣ ва осудагии кишвар набуда, ҳамеша дар пайи харобкорӣ, роҳгумсозии мардум, ноором сохтани вазъи дохилии кишвар ва зарба задан ба эътибори давлату миллат дар арсаи байналмилалист.
Тавре маълум аст, рӯзи 29 июли соли ҷорӣ гурӯҳи ҳафтнафараи сайёҳони дучархасавори хориҷиро, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба пойтахти кишвар – шаҳри  Душанбе ҳаракат мекарданд, як дастаи ҷиноятпешаи аз тарафи ТТЭ ҲНИ созмонёфта, дар роҳ нахуст бо мошини сабукрав пахш карда, сипас, бераҳмона бо корду табар онҳоро захмӣ кардаанд, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва ду нафар дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол шудаанд. Баъди ҳодиса ин гурӯҳи ҷиноятӣ  аз ҷои ҳодиса ғайб  заданд.
Аммо, бо дастури хоссаи Сарвари давлат тамоми сохторҳои қудратии кишвар барои дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дар ин ҷинояти ғайриинсонӣ дастдошта сафарбар шуда, чор нафари онҳо – Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров, сокинони ноҳияи Панҷ ва бародарон Аслиддин Юсупов ва Ҷаъфар Юсупов, сокинони шаҳри Норак бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонда шуданд. Аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша Ҳусейн Абдусамадов ва роҳбари гурӯҳ, узви фаъоли собиқ Ҳизби наҳзати ислом Носирхуҷа Убайдов дастгир шуданд. Дар натиҷаи тафтишот 10 нафари дигар бо сабаби даст доштан дар ин ҷиноят боздошт  ва ба ҳабс гирифта шуд.
Маълум шуд, ки роҳбарияти ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ нақшаи ин гурӯҳи ҷиноятиро қаблан дар хориҷ тарҳрезӣ намуда, чунин амали ғайриинсониро бо мақсади поён бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва коҳиш додани ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар роҳбарӣ ва маблағгузорӣ намудааст. 
Ҷониби кишварҳои сайёҳони кушташуда – ИМА, Нидерланд (Голландия) ва Швейтсария вобаста ба қазияи ҳалокати шаҳрвандонашон ҳамраъйии худро бо мақомоти интизомии Тоҷикистон изҳор намуда, аз амалиёти анҷомдодаи сохторҳои қудратӣ нисбат ба қазия ва муҷозот шудани ҷинояткорон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Илова бар ин, дар натиҷаи бозпурсии як қатор расонаву хабаргузориҳои иттилоотӣ хулосаи сайёҳони хориҷӣ дар хусуси он ки баъди ин ҳодисаи нохуш минбаъд ба Тоҷикистон сафар кардан мехоҳанд ё не,  нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад: «Чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз ва дар ҳар кишвари дунё метавонад рух диҳад, ҳатто дар ҳудуди амнтарин давлат; ба ҳалокат расидани чанд тан аз сайёҳони хориҷӣ дар пайи як амали ваҳшиёна фикри ҳеҷ як сайёҳро ҷиҳати сафар ба мамлакати афсонавие чун Тоҷикистон дигар карда наметавонад...».
Воқеан, Кабирии харобкор фикр кардааст, ки дар ҳоли эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин нақшаи ӯ метавонад, нигоҳи сайёҳонро барои сафар ба Тоҷикистон тағйир диҳад ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти рушди соҳа барҳам занад. Аммо, хушбахтона, бо ин амали худ ӯ на танҳо ба ҳадафи нопокаш нарасид, балки болои номи сиёҳи худу тарафдоронаш  боз як нафрати миллат ва ҷомеаи ҷаҳониро сабт кард.
Дар пайи эълон шудани ҳувияти ҷинояткорони ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон маълум гашт, ки гурӯҳи ҷиноятиро ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар раҳнамоӣ ва маблағгузорӣ кардааст. Болои ин ҳама ваҳшонияту харобкорӣ, ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш кард, бо анҷом додани боз як  амали террористӣ вазъи дохилии Тоҷикистонро ноором сохта, ҷони чандин нафарро зери хатар гузорад ва 8 нафарро ба марг маҳкум созад. Аммо, ин ҳиллагари бевиҷдон чун ҳамеша худро сафед карда, алоқамандии худро бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ рад кардан мехоҳад.
Рӯзе  пеш дар сомонаи марбут ба ТТЭ ҲНИ мақолае нашр шуд, ки он гӯё тарҷумаи тоҷикии мақолае аз нашрияи маъруфи олмонии «Шпигел» аст. Ин мақола, ки аслан афсонаи бебанду басти кадом як фурӯхташудаи наҳзатӣ аст, таърихномаи фаъолияти наҳзатро мемонад. Дар ҳоле ки номи муаллифи мақола оварда нашудааст, сухан пурра доир ба тавсифи Кабириву ташкилоти террорис-тии  ӯ меравад ва дар фарҷом даст доштани ТТЭ ҲНИ дар қазияи кушта шудани 4 сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон рад карда мешавад. Вале, суоли матраҳ ин аст, ки магар барои нашрияи маъруфи олмоние чун «Шпигел» дигар мавзӯъ пайдо нашуд, ки таҳқиқи қазияи марги сайёҳонро як сӯ монда (ҳол он ки ҳадафи нигориши мақола дар ибтидо ба ҳамин мавзӯъ самт гирифтааст), ҳолномаву корномаи наҳзатиёнро қисса кунад?
Сафархон САНГИНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 272

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед