logo

Хабарҳо

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

Деҳқонони ноҳия имсол тавассути сари вақт гузарондани киштукори баҳорӣ ва риояи талаботи агротехникаи парвариши зироат ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Ин аст, ки ба арзиши беш аз 85 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии ноҳия, деҳқонон дар майдони 13691 гектар ғалла, 780 гектар зироати техникӣ, 269 гектар сабзавот, 470 гектар полизӣ ва 150 гектар картошка кишт намуда, ҳосили дилхоҳ гирифтанд.
Саршумори чорвои калони шохдор ба 31600, чорвои хурд ба 108883 ва асп ба 3741 сар расонда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 600 сар чорвои калон, 3376 сар чорвои хурд ва 3 сар асп зиёд мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал афзоиш ёфт.
Дар ноҳия барои амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол хоҷагидорон дар асоси нақша саршумори парандаро ба 40592 сар ва шумораи оилаҳои занбӯри асалро ба 1998 расонданд.
Кишоварзони ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои рушду равнақи соҳа тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаанд. Ҳамин аст, ки ҳамаи боғҳои пешин ва навбунёд дар ҳолати хуби нашъунамо қарор доранд. Боғпарварон дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии соли ҷорӣ, тибқи дурнамо 51 гектар боғи нав бунёд ва 11 гектар боғҳои куҳнаро барқарор намуданд.  Ба ҷуз ин, сокинони ноҳия зиёда аз 16500 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз шинонданд.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 139

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед