logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 65 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва 1 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳуқуқвайронкунӣ ва ду ҷиноят кам мебошад.
Тавре Аъзам Ҳусейнов, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз дошт, нисбат ба 23 нафар волидони ноболиғоне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Дар пайи он, бо қарори суд аз падару модарони бемасъулият ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Дар ин давра масъулони комиссия ҷиҳати тарғибу ташвиқ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ва пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баланд бардоштани маърифати фарҳангию ҳуқуқӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ бо иштироки кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот зиёда аз 30 суҳбату вохӯрӣ доир кардаанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 97

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед