logo

иҷтимоиёт

МАҚОМИ ОБ ДАР ҶАҲОН

Сайёраи Замин аз кайҳон каб - кабуд метобад, яъне қисмати асосии сайёра об аст. Ҳаёт дар Замин ба туфайли об пайдо шудааст. Олами ҳайвоноту наботот бо об алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Об асоси зиндагии инсон ва маҳсулоти асосии истеъмолӣ ба шумор меравад. Бе он зиндагӣ ғайриимкон аст. Таркиби рустаниҳо то 90% ва бадани инсон то 70% об дорад. Об аз чор се ҳиссаи заминро фаро гирифта, қариб ба ҳамаи ҷараёнҳои олами зинда таъсир мерасонад.
Ҳанӯз нависандаи машҳури фаронсавӣ Антуан де Сент - Экзюперӣ навишта буд: «Об, ту ранг, маза ва бӯй надорӣ, туро наметавон тасвир намуд, одамон аз ту ҳаловат мебаранд, дар сурате ки ба пуррагӣ намедонанд ту чӣ ҳастӣ. Наметавон гуфт, ки ту чизи зарурӣ барои ҳаётӣ, чунки ту худ ҳаётӣ».
Об нишондиҳандаи пиршавии инсонҳо низ мебошад. Таркиби бадани кӯдак то синни яксолагӣ 80 - 85% аз об иборат аст, дар ҳолати расидан ба синни 18 - солагӣ об то 65-70% ва дар пиронсолӣ то 25% кам мешавад. Аз ин рӯ, барои таъмин намудани организми инсон бо миқдори кифояи оби босифат зарур аст, ки ҷараёни мубодилаи обро баробар нигоҳ дорем. Аз сифати об сифати ҳаёти мо вобастагӣ дорад. Инсон то 40 шабонарӯз метавонад бе хӯрдани ғизо умр ба сар барад, аммо бе об на зиёда аз 7 шабонарӯз.
Инсон нақши калидии обро дар ҳаёти худ ба назар намегирад, то он даме, ки ба он дастрасӣ дошта бошад, ҳамин ки якчанд соат аз об маҳрум монд, қимати онро хуб дарк мекунад. Вақте то 2 % - и об аз бадани инсон ихроҷ мегардад, шахс ташнагӣ, дар сурати 6 - 8 % кам шудани он ҳолати мадҳуширо ҳис мекунад, дар сурати 10 % нарасидани об дар бадани инсон нишонаҳои таваҳҳум (галлюцинация) пайдо мегарданд ва дар сурати 12 % кам шудани об инсон мемирад. Аз ин хотир, мутахассисон бар онанд, ки барои инсони солим меъёри истеъмоли ҳаррӯзаи об бояд то ду литрро ташкил диҳад.
Инсоният дар давоми фаъолияти ҳаёти худ ҳазорҳо намуди нӯшокиҳои таъм, ранг ва бӯйдорро ихтироъ кардааст, аммо ҳеҷ нӯшокӣ барои инсон ҷойгузини оби соф шуда наметавонад.
Аз рӯи маълумотҳои омории СММ, дар замони муосир зиёда аз 1,2 миллиард сокини сайёра дар шароити норасогии об умр ба сар мебарад ва қариб 2 миллиард бо мушкили нарасидани оби тозаи нӯшокӣ ва санитария рӯбарӯст. Дар миёнаҳои асри ХXI шумораи сокинони сайёра, ки доимо аз об танқисӣ хоҳанд кашид, ба 4 миллиард мерасад. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки асоси бартарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳолат захираҳои фаровони обист ва истеҳсоли маҳсулот тавассути ин захира метавонад самти рушди иқтисодиёти пешбаранда гардад.
Захираҳои умумии обии ҷаҳон ба 1390 миллион километри мукааб мерасад, ки аз ин 1340 миллион километри мукааби он оби уқёнусҳо мебошад. Аз обҳои мавҷуда ҳамагӣ 2,5 - 3 % - ро оби ошомиданӣ ташкил медиҳад ва аз он барои истифодаи  инсоният танҳо 0,3 % дастрас аст. Оби зиёдро дар ҷаҳон Бразилия (8233 километри мукааб), Русия (4508), ИМА (3051), Канада (2902), Индонезия (2838), Хитой (2830), Колумбия (2132), Перу (1913), Ҳиндустон (1880), Конго (1283), Тоҷикистон (99,7 километри мукааб) соҳибанд. Баъзе мамлакатҳо аз рӯи захираи обӣ пешсаф мебошанд, аммо на ҳамаи захираи онҳо оби ошомиданиро ташкил медиҳад. Аз ин ҷиҳат, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳо бартарият дорад.
Аз ҳама захираи камтарини обӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба мамлакатҳои ҷануби Осиё (асосан кишварҳои арабзабон)  ва Африқо рост меояд. Дар баъзе аз ин мамлакатҳо арзиши 1 литр об аз арзиши 1 литр сӯзишворӣ гаронтар аст.
Дар хоҷагии ҷаҳонии муосир захираҳои обӣ миёни мамлакатҳо нобаробар тақсим гардидаанд, аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар оянда дорандагони захираҳои бузурги обӣ ба «бозингарони асосӣ» дар арсаи байналмилалӣ мубаддал мегарданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи чунин мамлакатҳост.
Дилшод МУҲАММАДИЕВ,
роҳбари дастгоҳи КВДҶ «Тоҷикагролизинг»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 308

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед