logo

фарҳанг

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО

Раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши китобхонаҳоро ҳам дар рушди тафаккури инсонҳо бузург кардааст. Мутобиқи нуқтаи назари директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода, бо вуҷуди он ки инкишофи техника истилоҳеро бо номи “китобхонаҳои электронӣ” ба вуҷуд овардааст, он натавонистааст ҷойгоҳи китобхонаҳоро танг кунад. Мисоли равшани он сол ба сол афзоиш ёфтани теъдоди хонандагон мебошад. Вобаста ба ин, маъмурияти Китобхонаи миллӣ илова ба толорҳои мавҷуда толорҳои нави хониш ҷудо кард, то эҳтиёҷи хонандагонро бароварда кунад.
Хабарнигори рӯзнома ба Абдусалом Мирализода сари ҳамин мавзӯъ суҳбат намуд, ки ба таври фишурда пешниҳоди хонанда мегардад.
- Шумо ёдовар шудед, ки вобас-та ба афзоиши хонандагон илова ба толорҳои хониши мавҷуда боз толорҳои навро мавриди истифода қарор додед. Мехоҳам дар ин хусус суҳбатро идома бидиҳед.
- Дар зарфи шаш моҳи охир 10 ҳазору 972 нафар хонанда ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудааст. Теъдоди нафароне, ки дар ин шаш моҳ аз толорҳои хониш, мутолиаи электронӣ, феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ истифода намудаанд, ҳудудан 255 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз кормандони китобхона ба беш аз 1450 хонанда хизмат расондаанд. Дар шаш моҳ ин теъдоди бузурги хонандагон 445 ҳазору 334 нусха адабиёт фармоиш додаву мутолиа кардаанд. Яъне, мо ба омори рӯ ба афзоиши хонандагон рӯ ба рӯ ҳастем. Албатта, дар ин ҳол зарурати ҷудо намудани толорҳои хониш ба вуҷуд омад. Фикр мекунам, ки дар оянда боз ин гуна зарурат меафзояд.
 - Асри мо асри пешрафтҳои техникист ва инсонҳо ба он талош меварзанд, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш аз дастовардҳои олами техника бештар истифода баранд. Китобхонаи миллӣ дар ин самт чӣ мавқее дорад?
- Айни замон муҳимтарин дастовард дар раванди фаъолияти китобдорӣ ин татбиқи амалии барномаи ALEPH аст. Барномаи мазкур аз панҷ модул иборат буда, пурра ба фаъолияти китобдорӣ марбут мебошад. Ин барнома беҳтарин барномаи санҷидашуда дар олами китобу китобдорӣ маҳсуб мешавад ва китобхонаҳои муътабари дунё аз он истифода мебаранд. Албатта, ҳама кӯшиши мо дар ин самт ба роҳандозии технологияҳои роиҷи китобхонаҳои маъруфи олам равона гардидааст. Чанде пеш сомонаи “Кӯдакона”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дастёбии хонандагони то синни мактабӣ омода ва ба истифодаи санҷишӣ пешниҳод гардид. Инчунин, веб - барномаи “Барӯйхатгирии теъдоди хонандагон”-и толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дақиқ шумуридани теъдоди хонандагони толорҳои хониш ба таври онлайн омода ва ба истифодаи санҷишӣ пешниҳод шуд. Домени www.nlt.tj, elib.nlt.tj барои дастрасӣ пайдо намудани хонанда ба веб-барномаи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон дар домени tj ба қайд гирифтем. Ҳамчунин, дизайни нави веб - барномаи Китобхонаи электронӣ омода гардид.
Тибқи омори веб - барномаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2018 зиёда аз 2030 хонандаи маҷозӣ дар дохил аз веб - барномаи мазкур васеъ истифода намуданд.
- Як бахши муҳими фаъолияти Китобхонаи миллӣ табъу нашр ва пажӯҳишҳои илмист. Дар ин самт соли равон чӣ корҳое ба фарҷом расиданд?
- Табъу нашр ва роҳандозии корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ҳамеша дар мадди назар аст, чунки  китобхона наметавонад бе пажӯҳишу чопи китоб вуҷуд дошта бошад. Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба забони давлатӣ дар ҳаҷми 160 саҳифа, китоби “Таърихи Бухоро, Қӯқанд ва Қошғар”, китоби “Вожасозии таърихии забони форсӣ”, “Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ - форсӣ” (ҷилдҳои 1-2 барои чопи дуюм), дастурҳои биб-лиографии “85 - солагии китобхонаҳои Тоҷикистон: феҳристи адабиёт”, “Фазлиддин Муҳаммадиев: феҳристи адабиёт”, “Китобҳо оид ба Тоҷикистон: феҳристи адабиёт”, “Ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон”, “Ҳунарҳои мардумӣ - ифтихори миллат”, “Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХl): энсиклопедия” ва “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ба чоп омода карда шуданд.
Китобҳои “Забонбозтоби замон, фарҳанг ва андеша”, “Шеъри муосири Эрон: аз Баҳор то Шаҳриёр”, “Табақоти Носирӣ” (ҷилди аввал), нусхаи хаттии “Дастур - ул - илоҷ” аз хати арабиасос ба сирилик, инчунин, феҳристи “Библиографияи забоншиносӣ” дар ҳаҷми 545 саҳифа ва китоби “Динкарт” дар ҳаҷми 335 саҳифа таҳрир ва 6 ҷузъи китоби “Аҷоибнома” - и Закариёи Қазвинӣ баргардон карда шуд.
Албатта, корҳои неки баанҷомрасида зиёданд ва вобаста ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ нақша – чорабиниҳоро тартиб додаем, ки бояд дар сатҳи баланд ва сари вақт иҷро шаванд.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 386

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед