logo

иқтисод

ВОСЕЪ. ДАСТОВАРДҲО ДАЛЕЛИ ПЕШРАФТАНД

Аҳли заҳмати ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ шабу рӯз ҷаҳду талош намуданд ва қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳо ноил шуданд. Ҷамъбасти нимаи аввали соли равон бо нишондиҳандаҳои баланди иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла мактабу беморхонаҳои замонавӣ ва вусъати кишти зироатҳо, аз пешрафту шукуфоӣ далолат менамоянд.
Мардум  шоҳиди онанд, ки бо ташаббус ва иқдомҳои Сарвари давлат  ин гӯшаи зебоманзар сол ба сол зеботару ободтар мешавад ва зиндагии сокинони он ранги дигар мегирад. Ба воситаи тараққӣ  ёфтани бахши истеҳсолоти ноҳия ва истифодаи самараноки майдонҳои кишт буҷети маҳаллӣ ғанитар шуда, даромади нимсола ба зиёда аз 15 миллиону 280 ҳазор  сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 1 миллиону 19  ҳазор сомонӣ беш мебошад. 
Дар заминаи татбиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳия тайи шаш моҳи сипаришуда 538 нафар бо  ҷои кор таъмин гардид. Ҳамчунин,  тибқи барнома ба 150 сокини ноҳия  кумакпулӣ таъйин карда шуд.
Ба шарофати таваҷҷуҳ ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия соҳаи саноат рӯ ба пешрафт дорад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 34 миллиону 528 ҳазор сомонӣ расид ва  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,7 дарсадро ташкил дод. Қариб 420 тонна маҳсулоти гӯштӣ, беш аз 14,5 ҳазор  тонна орд,  178,4 тонна равған, 18,3  тонна  маҳсулоти қаннодӣ,  наздики  5 ҳазор  адад  либоси мактабӣ,  зиёда аз 2,5 ҳазор метри мураббаъ  маҳсулоти пластикӣ - филизӣ ва 1 миллиону 110 ҳазор дона хишт  истеҳсол шуд. Ҳаҷми умумии гардиши мол дар соҳаи савдо назар ба ин давраи соли рафта  20 миллиону 465,7 ҳазор сомонӣ афзуда, қариб ба 108  миллион сомонӣ расид.  Бо мақсади боз ҳам равнақ бахшидани рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ зиёда аз 21 миллиону 700  ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ азхуд карда шуд.
Имсол дар доираи омодагиҳо барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ  вусъати тоза гирифтаанд. Аз ҷумла, дар арафаи Наврӯз дар деҳаҳои Анористони Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ, Қайнар ва Заркорони Ҷамоати деҳоти М. Вайсов ва Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт, боғчаҳои кӯдакон ва коргоҳҳои истеҳсолӣ  бунёд ёфта, имрӯзҳо дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамчунин, роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ ва барои  зимистонгузаронӣ омода карда шуданд. Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода 350  метри мукааб маводи зиддилағзиш, 11 тонна намаки техникӣ, 2400 литр сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум захира гардида, техникаҳои роҳнигоҳдорӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Қариб дар 27 ҳазор гектар зироат кишт шуд. Аз ин, ғалла наздики 15 ҳазор, зироатҳои техникӣ беш аз 9 ҳазор, сабзавот 1600, полизӣ 557, картошка 450 ва алафҳои хӯроки чорво 560 гектарро ташкил медиҳад.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  164 миллиону  84,1 ҳазор сомониро ташкил дод,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 5 миллиону 240  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба рушди бахши чорводории ноҳия низ такон бахшид. Айни замон, дар ноҳия зиёда аз 46 ҳазор сар чорвои калон,  наздики 100 ҳазор сар  моли майда, беш аз 67 ҳазор сар мурғ,  1934 сар асп  ва  2195 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад. Дар нимсола 1300 тонна гӯшт, зиёда аз 12 ҳазор тонна шир, беш аз 1 миллиону 600  ҳазор дона тухм,  215,3  тонна пашм,  8,9 тонна пилла ва 6,2 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.  
Давоми шаш моҳи соли равон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар мавзеъҳои табобатӣ ва фарҳангию таърихӣ баҳри ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ хизматрасонии сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Танҳо  ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» қариб 3 ҳазор  сайёҳ  ташриф овард. Ҳамчунин, дар маконҳои фароғатию истироҳатӣ ҷиҳати болидарӯҳии сайёҳон чорабиниҳои фарҳангӣ барпо шуданд.
Пешравиҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ тайи муддати кӯтоҳ дар ноҳия аз иҷрои саривақтии супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи он фароҳам омадани шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳанд. Умед аст, ки аҳли заҳмати ноҳия дар ҳамаи бахшҳо боз дучанд заҳмат кашида, ба дастовардҳои нав ноил мешаванд ва шуҳрати ноҳияро дар ҷумҳурӣ афзун месозанд.
Мӯсо ҒАФФОРЗОДА,
раиси ноҳияи Восеъ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 369
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед