logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 31 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Субҳи 14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31- ро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Муассисаи мазкур бо таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Қитъаи замини ҷудогардида барои сохтмони бинои мактаби нав яку ним гектар буда, масоҳаташ 9 ҳазору 660 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди чунин як муассисаи наву муосир аз ҷониби Пешвои миллат гузошта шуда буд.
Сохтмон тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2017 оғоз гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи дониш ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати омӯзгорону хонандагон ба ҳисоб меравад.
Муассиса дар ду баст барои 3 ҳазору 120 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ бинои нав дорои 61 синфхонаи умумӣ, аз ҷумла 43 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, биология, география ва омодагии  ҳарбӣ мебошад.
Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ 4 синфхона бо тамоми шароит сохта шуда, дар мактаби нав 2 синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи суруд, 4 синфхонаи таълими меҳнат: дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ низ амал мекунанд. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари донишомӯзӣ, ҳамчунин касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд. Дар синфхонаи таълими меҳнат духтарон имкон доранд, ки касби дӯзандагиро азхуд намоянд.  Писарон бошанд, дар синфхонаи таълими меҳнат, ки бо таҷҳизоти нави соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, нозукиҳои касби дуредгариро меомӯзанд.
Китобхонаи муассисаи таълимӣ дар масоҳати 192 метри мураббаъ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир, асарҳои бадеӣ ва китобҳои илмӣ таъмин мебошад.
Китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки он дорои шароити муосир аст. Барои ба варзиш машғул шудани хонандагон толори барҳавои варзиш бо 200 ҷойи нишаст, бунёд шудааст, ки хонандагон метавонанд ба обутоби бадан машғул шаванд. Иншооти муосири таълимӣ дорои ошхона барои 180 ҷой ва маҷлисгоҳ барои 250 ҷойи нишаст мебошад. 
Барои таъмини бехатарӣ ва назорати ҷараёни таълим дар дохил ва атрофи бинои муассисаи таълимӣ  қариб 120 камераи назоратӣ насб гардидааст.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои омӯхтани илмҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд.
Муассисаи таълимӣ ду хати озоди баландшиддат аз зеристгоҳи барқӣ ва 2 зеристгоҳи 1000 - киловатта дорад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории муассисаи таълимӣ он бо хати гармидиҳии мутамаркази шаҳрӣ, инчунин, системаи мустақили гармидиҳии муассиса ба се дегхона пайваст мебошад.
Бино бо шабакаи аз сӯхтор огоҳкунанда, интернет ва  радиошунавонӣ таъмин аст. Барои сабзу хуррам гардондани атрофи бино дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузарондани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, волейбол ва баскетбол, майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳарбӣ бунёд ёфтаанд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 297

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед