logo

иҷтимоиёт

ЗАМИНУ ОСМОН ЁРИ МО ГАРДИДАНД

Дар як замину зери як осмон тайи ҳазорсолаҳо ду халқи ба ҳам бародар, ду ҷомеаи тамаддунсози башар зиндагиву талоши ҳастӣ доштанд. Тайи садсолаҳо дар сари як дастархон нону намакхӯр буданд ва дар ҳар як марҳилаи навбатии рушди ҷараёни бунёдкориҳояшон падидаҳои бузурги фарҳангӣ эҷод мекарданд. Тоҷикон ва ӯзбекҳо дар ҳамаи давраҳои таърихи ҳамзистӣ аз маърифату дастовардҳо, аз ҳунару аз шеъру таронаҳои ҳамдигар огоҳии хуб доштанд.
Мутафаккири бузурги турк Юсуф Баласоғунӣ ҳанӯз ҳазор сол қабл ба аҳли ин сарзамин муроҷиат намуда гуфта буд, ки дар китобҳои тоҷикон маъниҳои амиқи дунёшиносӣ шарҳ дода шудаанд.
Абунасри Форобӣ - фарзанди фозили дашти турк тамоми осори юнониёни қадимро азбар намуд, ӯро пас аз Арасту "муаллими сонӣ" номиданд ва маҳз тайи тарғиби китобҳои Форобӣ дар сарзамини аҷдодии мо марҳилаи эҳёи тамаддуни ҷаҳонӣ оғоз гардид.
Фарзанди дигари Бухорои сомониён Абуалӣ ибни Сино дар пайравии Форобӣ ба таҳқиқи илми мусиқӣ пардохт ва аввалин шуда ба кулли аҳли илму адаби хилофати араб маъниву муҳтавои суруди тоҷикиро ошно гардонд. Ин замон дар фазои фарҳангии Мовароуннаҳр аллакай садои "Ушшоқ" - и Рӯдакӣ танинандоз буд ва нидои "Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон" - и ӯ дар дили мардуми ин сарзамин маъво гирифта буданд. Бо ҳамин илҳом ва бо ҳамин қудрати бунёдкорӣ ду халқи бародар ба пешвози садҳо монеаҳову даҳшатҳои таърихӣ бо сари баланд баромаданд ва бо ҳамдастиву ҳамдилӣ сарзамини хешро аз мухолифат эмин доштанд. Шеъру суруд, ҳикматҳои Ясавӣ ва насиҳатҳои Синову Рӯдакӣ қудрати зиндагонии онҳоро даҳчанд менамуданд.
Ба талаву тороҷ, ғорату истисмори бегонагон назар накарда, дар лаҳзаи дигар ду фарзанди дигари ин миллатҳо Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гӯё бо даъвати Замину Осмон бо ҳам аҳди дӯстӣ ва ҳамкорӣ бастанд. Онҳо ҳазорон соҳибфикрон ва шоирону муғанниёни замонашонро ба сӯи бунёдкориҳои аср даъват карданд. Дар ҳамин замон мусиқии ҳазорсолаи мо - силсилаи Дувоздаҳмақом ба ду шохаи ба ҳам пайванд - ба услуби ӯзбекиву тоҷикӣ ташаккули хешро идома дод. Минбаъд, тайи садсолаҳои дигар ашъори Ҷомиву Навоӣ, Ҳофизу Камол, Ҳилоливу Сайидо, Саккокиву Лутфӣ ва даҳҳо шоирони зуллисонайн бо оҳангҳои дилнавози Шашмақом мардумони ин сарзаминро рӯҳбаланд мекарданд.
Замоне расиду устод Айнӣ соҳиби дунёи маърифати ин халқи ба ҳам бародар шуданд ва фарзандони онҳоро ба ҷониби созандакории бузурги таърихӣ, яъне бунёди давлатҳои навинашон ҳидоят намуданд.
Устод Мирзо Турсунзода, хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошкент аз нав "Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо" - гӯён тоҷикон ва ӯзбеконро ба аҳли дунё муаррифӣ намуданд.
Асри бистум - замони талошҳои бузурги иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Лаҳзае шуд, ки ба ин  дарёи пурқудрати дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои мо кӯшиши бастани сад пайдо шуд.
Хушбахтона, ин замон ба мадади халқҳои мо Замину Осмон ёр шуданд. Ду фарзанди фарзона, ду абармарди замон, ду хирадманди дунёдидаву дунёсанҷида, ки тибқи амри тақдир гӯё дар як лаҳзаи таърихӣ даст ба дасти ҳамдигар гирифтанд ва мавҷҳои дӯстиву бародарӣ аз нав фавҷ заданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар воқеъ саҳифаи нави дӯстиву ҳамкориҳои ин ду миллати бузургро кашф намуданд. Дар замири ҳар ду ин фарзонафарзандон шояд бо шири модар ва садои рӯҳангези шеъру суруди Ҷомиву Навоӣ ин гуна қудрат ва шуҷоати мислаш надидашуда пайдо гардид. Инро таърих тақозо менамуд, эҳёи ин дӯстиро рӯҳи бузургворони халқҳоямон тақозо менамуд ва шубҳае нест, ки муҳтавои оҳангу таронаҳои Шашмақом, ки тайи садсолаҳо дили ҳар ду миллатро пайвандӣ бахшида буд, он низ тақозо менамуд. Сарварони соҳибхиради Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ин ҳаракати бузурги таърихӣ ва бо ин шуҷоати азими фарҳангӣ исбот карданд, ки онҳо ҳамчун роҳбаладони мардуми ин сарзамин тамоми қудрат ва имкониятҳои эҷодиву созандагии халқҳои тоҷику ӯзбекро барои бунёди ояндаи дурахшон ҳидоят намуданд. Ба ин амали мардонагии онҳо ин лаҳза Замину Осмон ёри мо гардид. Зиҳӣ, дӯстиву пайвандии халқҳои тоҷику ӯзбек!
Аслиддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 241

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед