logo

Хабарҳо

Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

Боиси хушнудист, ки бо ибтикори сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бунбастҳои коммуникатсионию тиҷоратию фарҳангӣ, ки солиёни мадид идома доштанд, рафъ шуда истодаанд. Шак нест, ки ин ҳама тавофуқот ҳам мӯҷиби пешрафти ду давлат мешаванд ва ҳам қавитарин усули густариши дӯстию рафоқат маҳсуб меёбанд.
Дар доираи ҳамин ҳамкориҳо як гурӯҳ рӯзноманигорони Ӯзбекистон, ки воситаҳои ахбори оммаи даврӣ, рақамӣ ва интернетиро намояндагӣ доштанд, ба кишвари мо ташриф оварданд. Дар баробари дидан кардан аз шаҳрҳои зебои Душанбе ва Хуҷанд меҳмонон бо майли том ба ҷойҳои тамошобоб, таърихӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара сафар анҷом доданд.     
 Чун анъанаи неки тоҷикон меҳмононро дар ҳама гӯшаҳои вилояти Хатлон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон бо нону намак ва дастаҳои гул истиқбол гирифтанд.
Дар баробари зиёрати оромгоҳи мутафаккири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва зебоиҳои Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии Хуррамшаҳр, меҳмонон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҳам бо фарҳанги ӯзбектаборони таҳҷоӣ ошно шуданд ва ҳам дар як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат варзиданд.
Ба шарафи намояндагони ВАО - и кишвари ба мо дӯст дар майдони теппаи таърихии Қӯрғон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” барномаи ҷолиби консертӣ доир шуд.
Сипас, аъзои гурӯҳ ба хотири воқиф шудан аз вазъи кору зиндагии мардум ба бозорҳои “Ҳоҷӣ Шариф” ва “Фаровон” ташриф оварданд. Ба намояндагони ВАО - и Ӯзбекистон, хусусан армуғонҳои аз маҳсулоти ватанӣ омодакардаи ҳунармандон ва арзонии нархи бозорҳо бисёр писанд омад.
Дар идомаи сафар меҳмонон бо маҳсулоти дастии ҳунармандони яке аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар шинос шуданд. Ба онҳо самараи ҳунарҳои дуредгарӣ ва таомҳои кадбонуҳои ин маҳал бисёр писанд омад.
Зебо Тӯхтаева, хабарнигори Телевизиони “Ӯзбекистон – 24” пас аз шиносоии наздик бо фарҳанги мардуми тоҷик дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар оянда дар доираи як сафар кории вижа оид ба ҳунарҳои нотакрори тоҷик ва мавзеъҳои таърихию тамошобоби Тоҷикистон гузоришу барномаҳои ҷолиб таҳия кунад.
Рӯзноманигорони ҳамсоякишвар, ҳамзамон бо фаъолияти Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ошно гардида, намоиши “Қиёмат” - ро, ки аз рӯйи асари ҳамноми Чингиз Айтматов таҳия шудааст, бо завқ тамошо карданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 98

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед