logo

фарҳанг

ҲАЙКАЛ

(ҳикоя)
Ба роҳҳои Қрим рафтагӣ ҳастед? Роҳҳои аз байни силсилакӯҳҳо  гузаштагӣ  баҳри дили касро мекушояд. Баргҳои сиёҳчатоб, сафед, сурхи дарахтон,  ки дар ду тарафи роҳ қомат афрохтаанд, дар нури офтоби нарм  марворид барин ҷило медиҳанд.
Порсол гузорам ба ҳамон тарафҳо гузашт. Вақте   ба Хирскӯҳ, ки як канораш ба баҳр часпида буд, расидем, ронандаи  ҷавон ҳамон ҷо, ба ман қуллаи кӯҳро нишон дод. Дар қулла ғайр аз як дарахти баланд ҳеҷ чизро надидам.
- Нағзтар нигоҳ кунед, - гуфт ронанда бепарвоёна. - Дар таги дарахт ҳеч чизро намебинед?
Ман боз ба қулла чашм дӯхтам. Дар  зери  дарахт чизе ваҷаррос зад. Баъд бо як маром овози «тақ-туқ», «тақ-туқ» шунида шуд.
- Истед! - гуфтам ба ронанда, вақте ки мошин ба пастӣ мефаромад.
Ронанда истод. Аз мошин фаромада ба баландӣ нигоҳ кардам. Ҳамон овози «тақ-туқ» шунида мешуд. Вале касеро дида натавонистам. Ронанда аз барам кашида ба гардиши роҳ баровард.
- Ана, акнун нигоҳ кунед, - гуфт ӯ дастҳояшро ба чашмаш соябон намуда.
Нигоҳ кардам. Дар қулла касе бо ҳавсала санг метарошид. Вале аз дур симои  ӯ дуруст дида намешуд.
Ман ба маънои «ин кист ва бо чӣ кор машғул аст?» ба ронанда назар афкандам. 
Ӯ сукут кард.  Абрувони сиёҳашро чин карда, ба киштии босуръат дар баҳр шинокунанда нигоҳ намуда:
- Гардед! - гуфт  ва ба тарафи мошин тез - тез қадам ниҳод.
Мо хеле хомӯш гаштем. Чашмам ба ронанда буд.
Вақте  ба роҳи равон баромадем, ӯ сигор дуд карду чуқур нафас кашида гуфт:
- Ин ҷавон - ятим. Вақте ӯ ҳафт - ҳаштсола буд, фашистон ба Қрим ҳуҷум карда даромаданд. Падар, модар, апа дошт, вале дар як шаб аз ҳамаашон  ҷудо гашт... Худашро бошад, худашро аз таги як аскари мурда ёфтанд. Аскар ҷавони сиёҳчатоб, кулчарӯй буд. Вале тоҷик аст, ӯзбек аст ё туркман, ҳеҷ кас намедонад. Росташро гӯям, ин аҳамият надорад. Ҷавон дар қулла ҳайкали  ҳамон аскарро тарошида истодааст…
Ронанда хомӯш шуд. Ман ҳам ба андеша рафтам.
– Кадом вақт ба Гурзуф биёем, - гуфт ӯ, - ҳар  саҳар  аз ҳамин Хирскӯҳ «тақ - туқ»-и  ҳамон ҷавон  шунида мешавад.
Аз байн як моҳ гузашт. Вақте ба хона бармегаштем, дар доманаи Хирскӯҳ  ҳамон воқеа ба ёдам омада, мошинро доштам. Ба гардиш баромада ба қулла нигоҳ кардам. Касе  бо ҳавсала «тақ-туқ» карда санг метарошид. Ин ҳамон кас, ҷавони ронанда гуфтагӣ буд. Вале ҳар қадар нигоҳ карда бошам ҳам, ҳайкали  тарошидаистодаашро надидам. Ба қулла хеле нигоҳ карда, боз роҳамро давом додам. Вале,  ҳамоно дар гӯшам «тақ - туқ» - и ҳайкалтароши ҷавон садо медод.
Ӯлмас УМАРБЕКОВ, Нависандаи халқии Ӯзбекистон,
тарҷумаи Сулаймон ЭРМАТОВ

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 244

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед