logo

фарҳанг

ТУЛӮИ ОФТОБ

Мегуфтанду мегӯянд: «Ба ҷӯйе, ки об рафтаву хушк шудааст, боз ҳатман рӯзе об хоҳад рафт».
Инчунин, изҳор медоштанду медоранд: «Аз бародари дур ҳамсояи наздик беҳтар аст".
Ва ҳам: «Хона нахар, ҳамсоя бихар».
Агарчи ин ҳама ҳақиқати собитшуда буданд ва дигар ниёз ба исбот надош-танд, аммо вақту замон барои таъкиду ҳушдору дарёфту шинохти ҷавҳари он ҳушдорамон медоданд, то лаҳзае аз хотирҳо зудуда нагарданд.
Оре, ба ҷуз ин, ба таъкиди бузургонамон шеваи душвортарини олам поси дӯстиву ошноиҳост. Аз гуфтаҳои онҳост, ки ҳама чизро то наёбанд, наҷӯянд, ба ҷуз дӯст, ки то наёбанд, наҷӯянд. Чунин таъкиду ҳушдорҳо ба суннату анъанаи нек табдил ёфтанд. Дар даврони навин ҳам ин мисраъҳо форам ба гӯш мерасиданду як ҷаҳон маъно доштанд:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Мисли ин аст, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек азалист. Аз оғоз дар як сарзамин зистанд, чун ёру бародар ва шарики шодию ғамҳои ҳамдигар. Аз як ҷӯй об хӯрданд ва аз як дастархон нон. Ҳамдину ҳаммазҳаб буданду ҳастанд. Ҳеҷ душмане дар тӯли асрҳо натавониста ин дӯстиро барҳам занад ва девори ҷудоиро дар миёни онҳо барафрозад. Ин чароғи афрӯхтаро ҳар кӣ ба нияти хомӯш сохтан агар пуф карда, худ сӯхта аст. Зулмот ба ҳеҷ сурат ҷойи нурро, ки гирифта наметавонад.
Офтоби бахти ин ду миллат ҳамеша дар ҳоли партавафшонӣ будааст. Агар шабпаррае васлу ҳастии онро нахоста, равнақи офтоб ба ҳеҷ гоҳе ҳам накостааст.
Бар гузаштаи ин ду халқ, ин ду миллати куҳанбунёд, балки худ, чун менигарем, мебинем, ки бузургтарин, номвартарин шахсиятҳои адабию илмӣ бунёду таҳкурсии ин бино, бинои дӯстиро басе маҳкаму пурустувор сохтаанд. Биноест, воқеан, ки аз обу боду борону офтоб газанд наёфтааст. Пирони хираде чун Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ин ду халқи бузургро раҳнамунӣ кардаанду панду ҳикмат додаанд. Пешиниён ва имрӯзиёнро он ба навъе дарс аст, сабақи бузург мебошад. Дӯстии ин ҳар ду шахсият намунаи олии дӯстӣ дар ҷаҳон донистаанду хондаанд.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин маврид танҳо пири тариқат нест, балки ҳидоятгари муриди худ Алишер Навоӣ дар роҳи душвори адабиёти миллии ӯзбек мебошад.
Бар дӯстиву самимияти ин ҳар ду шахсияти бузургу комили ҷаҳонӣ на дар ин даврон ва на баъдҳо ҳеҷ кас андак шубҳае надошт ва имрӯз низ надорад. Бар марги пири худ нафаре мегиряду шеъри пурсӯз, марсияи ҷонгудоз мегӯяд, ки аз самими дил бар ӯ муҳаббат дошта ва дилбаста бошад:
Сарбаландони ҷаҳон дар таҳи наъшат шуда паст,
Ҳама гирёну кашон бори ту бо пушти дуто.
Ва ё: 
Ба намозат, ки ҳазорон зи башар пайвастанд, 
Сад ҳазорон зи малоик ба ҳаво саф бастанд.
Тухми меҳру дӯстӣ, шафқату бародариро ин ду адиби забардаст, устодони комил дар замири дилҳои халқҳои тоҷику ӯзбек кошта буданд. Ниҳолҳоеро ҳам, ки нишонда буданд, хуш бор оварданд ва низ ширину лазиз.
Шукр, баъдҳо низ ин ду халқ ниҳолҳои дӯстиро нишонданд ва заминҳои киштаро  шодоб намуданд.
Ташрифи ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин рӯзҳои фараҳбахшу пурсаодат аз воқеияти бузурги таърихӣ ва фаромӯшношуданӣ хоҳад гашт. Барҳақ, рушду густариши бештари муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягиро ҳар ду ҷониб чун ба дилу ҷон хостор мебошанд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 343

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед