logo

иҷтимоиёт

МАҚОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМИ ҶАРРОҲӢ

Осори Ибни Синоро дар Осиё ва Аврупо беҳтарин роҳнамои пизишкон донистаанд. Дар донишномаҳои русии («Азбуковники») асри ХVII Ибни Сино дар баробари Ҷолинус, Плиний, Алберти Бузург мавриди истинод қарор дошт. Садҳо сол пизишкони тамоми дунё аз рӯи «Ал-Қонун фи-т-тиб» илми тибро меомӯхтанд, аз он ҳамчун сарчашмаи бепоёни дониш истифода мебурданд. «Ман тасдиқ мекунам: тиб илмест оид ба донистани тани инсон дар вазъи саломатӣ ё беморӣ ва ба инсон баргардондани саломатӣ, ки рӯ ба заъф овардааст, - навиштааст Ибни Сино. -  Вақто ки мегӯянд тиб иборат аст аз назария ва амалия, гумон набояд кард, ки бахше аз тиб дироят асту бахше амал (ки баъзе муҳаққиқони ин масъала чунин мепиндоранд). Баръакс, бидон, ки маънои ин дигар аст, яъне ҳар ду бахши тиб илм аст, яке илми асосҳои тиб, дигаре илми тарзи табобат...». Бо ин гуфтаи худ Ибни Сино ҳамбастагии назария ва амалияи тибро таъкид кардааст, ки хеле дақиқона ва мӯшикофона мебошад.
Илми ҷарроҳии Ибни Сино дақиқ ва хеле ҷолиб аст. Ӯ чандин олат ва усулҳои ҷарроҳӣ, аз ҷумла усули бадар сохтани санги масона (пешобдон) - ро ихтироъ намуда, бо ин кор илму санъати ҷарроҳиро такмил ва тараққӣ додааст. Баъзе амалиётҳои ҷарроҳии Ибни Сино аз табобати захм, захмбандӣ, боздоштани хунравӣ, ҷарроҳии решҳои чиркдор, носурҳо, чурраи шикам ва амсоли онҳо иборатанд. Масалан, ӯ дӯхтани ҷароҳати шикамро ба чунин тарз шарҳ медиҳад: «Ман бароят беҳтарин тариқаи дӯхтани шикамро тавсиф намуда мегӯям: Азбаски чизи мавриди эҳтиёҷ ин аст, ки бояд миёни сифоқ ва мароқ пайваста шавад, бинобар ин, туро лозим аст, ки андар оғози дӯхтан сӯзанро аз беруни пӯст ба сӯи дарун бизанӣ. Ҳар гоҳ сӯзанро андар пӯст ва андар мушаке даровардӣ, ки ба дарозои шикам рост фуруд омадааст, гӯшаи сифоқи андар ин сӯй бударо ба ҳоли хеш гузошта, андар он сӯзанро надарор ва сӯзанро андар гӯшаи дигаре дароварда, аз дарун ба сӯи берун бигузарон. Чун сӯзанро гузарондӣ, бори дувум низ аз худи ҳамин гӯшаи мароқ аз берун ба сӯи дарун гузаронда, гӯшаи сифоқи андар инҷониб бударо ба ҳоли худ бигузор ва сӯзанро андар гӯшаи дигар зада, аз дарун ба берун бигузарон. Баробари гузарондани сӯзан аз сифоқ онро аз гӯшаи мароқи андар ин ноҳия буда низ бигузарон ва ҳамин тариқ то аз ҳамаи он гузарондани сӯзан (корро бояд давом дод). Сипас, низ аз ҳамин бар сар карда, онро ба гӯшае бидӯз, ки аз сифоқи андар бари берунбуда аст. Сӯзанро аз пӯсте берун ор, ки ба наздики он ҷой дорад. Сипас, сӯзанро дубора андар он пӯст дароварда, гӯшаи сифоқи андар ҷониби дигар бударо бо ин гӯша аз мароқ бидӯз ва (сӯзанро) аз пӯсте берун ор, ки андар ноҳияи он ҷой дорад. Ин корро ба ҳамин тартиб пай дар пай то пурра дӯхта шудани ҷароҳат давом деҳ». Аз ин бармеояд, ки Ибни Сино дар мавриди дӯхтани захми шикам чун Ҷолинус сифоқ (шикампарда) - ро бо девораи нарми шикам пайваст мекардааст. Ҳангоми табобати бавосир (геморрой) Ибни Сино ба тағзияи бемор ва рафъи қабзият диққат дода, баъдан аз пайи муолиҷа бо дору мешуд. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани ин амал, ӯ уқдаҳои бавосирро бо ришта сахт мебаст ё онҳоро бурида дур мекард. Чунин тарзи муолиҷа аз усулҳои ҷарроҳии ҳозира фарқи зиёд надорад. Ҳамчунин, тарзи ҷарроҳии саратон, ки Ибни Сино тасвир кардааст, ба усулҳои табобати кунунии он басо наздик мебошад: «Баъзан варами начандон калони саратонро бурида партофтан мумкин аст. Саратонро метавон танҳо бо роҳи пурра ва комилан буридани он нест кард: саратонеро, ки бофтаҳои узверо фаро гирифтааст, мебуранд ва ҳама рагҳоеро, ки онро ғизо медиҳанд, берун меоранд, то ягонтояш боқӣ намонад... Вале қатъи саратон аксаран боиси бадтар шудани ҳоли бемор мешавад. Гоҳо баъди қатъ доғ кардан ҳам зарур мешавад, вале доғ кардан аксаран хеле хатарнок аст, хусусан агар саратон дар назди узвҳои асосӣ (мағзи сар, дил, ҷигар) ҷой гирифта бошад».
Ибни Сино вазъи бемор ва муолиҷаи бемориро бо нуҷум (ҳолати кавокибу сайёрагон ва таъсири онҳо) вобаста накарда, дар асоси тасаввуроти дурусти илмии таъсири муҳит ба инсон хулоса мебаровард: «Табиати халқе, масалан, ҳиндуҳо ё исавиҳо, ба шароити иқлими онон мусоид аст. Ҳамаи ҳиндуҳоро як ниҳод хос аст, ки боиси саломатии онҳост, аммо исавиён табиати дигари ба худ хос доранд, ки саломатии ононро нигоҳ медорад. Агар ҳиндуро табиат бо табиати исавӣ иваз гардад, бемор ё ҳалок мешавад ва баръакс… Ҳар одам мизоҷи муайян ва ниҳоди ҷисми ӯ хислати хос дорад. Аз ин ҷост зарурати таъйин намудани дору мувофиқи табъи ҳар як одам; доруе, ки ба Аҳмад гармӣ мекунад, ба Зоҳид чунон таъсир надорад», - таъкид доштааст Ибни Сино.
Аз Ибни Сино осори форсии бисёр муътабаре дар даст аст. Онҳо собит мекунанд, ин марди бузург, ки дар радифи донишмандони машҳури ҷаҳон қарор дорад ва паҳлу ба паҳлуи Арасту, Афлотун, Суқрот ва Ҷолинус мезанад, ба ҳамон дараҷа, ки дар забони арабӣ анҷоми қудратро дошта, ба ҳамон дараҷа низ дар забоне, ки аз модари худ фаро гирифтааст, устод буд, гоҳе ба назм ва гоҳе ба наср адои мақсуд мекард, замоне мустақиман ба забони форсӣ китоб менавишт ва замоне низ яке аз китобҳо ва рисолаеро, ки ба арабӣ таълиф карда буд, худ ба форсӣ тарҷума мекард.
Гулзода  Маҳмадшоҳ  ҚУРБОНАЛӢ,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2018    №: 163    Мутолиа карданд: 392

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед