logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Оҳангсози номдор Мухтор Ашрафӣ яке аз фарзандони бузург ва фарзонаи Бухоро буда, аз дӯстони наздик ва ҳамрози хонадони устод Айнӣ ҳисоб ёфта, дар пешрафт ва тараққиёти фарҳанги миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳисса гузоштааст. Ӯ яке аз устодон ва саромадони санъати волои опера ва балети Шарқ эътироф шуд. Замоне ки 39 сол дошт, сазовори унвони Артисти халқии СССР гардид.
Мухтор Ашрафӣ дар бузургтарии саҳнаи театрҳои собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва чандин кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳар опера ва балете, ки меофарид, бо мазмун, эҳсоси баланд ва обуранги хоси миллӣ дили тамошобинонро тасхир мекард ва он як саҳифаи дурахшоне дар рушди фарҳанги он ҳисоб меёфт.
Фаъолияти эҷодии ӯ чун дирижёри опера ва симфония хеле пурсамар буда, зиёда аз 40 сол идома ёфтааст. Асарҳои классикаи ҷаҳонӣ «Кармен», «Кӯли қувон», «Спартак», «Дон Кихот»  - ро рӯйи саҳна овардаанд. Ҳамчунин, яке аз муҳаққиқони мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ буда, оид ба масъалаҳои илмӣ ва назариявии санъату мусиқӣ беш аз 60 мақола таълиф кардааст.
Барои саҳми барҷастааш дар рушди фарҳанги тоҷик ӯро ба унвони Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон мушарраф  гардондаанд.
Соли 1930, замоне, ки 18 - сола мешуд, бо хоҳиши идораи Радиои Тоҷикистон ба Душанбе омада, бар асоси савту навоҳои мардумӣ беш аз 20 суруд таълиф менамояд, ки дар байни шунавандагон шуҳрат меёбанд. Инчунин, «Сюитаи рақсии тоҷикӣ» - ро меофарад, ки аз ҷумлаи беҳтарин асарҳои даврони ҷавониаш ба ҳисоб меравад.
Зимни яке аз сафарҳояш ба Душанбе мо бо ӯ мулоқот намуда, оид ба фаъолият ва нақшаҳои эҷодиаш суҳбат доштем. Дар болои мизи кориаш як даста дафтари адвор ба назар мерасид. Чун мо ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудем, ӯ бо табассуми ҳалимонаву хоксорона иброз дошт, ки онҳо адвори балети «Темурмалик» ҳастанд, ки ба тозагӣ ба итмом расондааст.
Он соли 1972 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  намоиш дода шуд.
Метавон гуфт, ки Мухтор Ашрафӣ ду соли охири умраш – солҳои 1974 – 1975 – ро қариб пурра ба рушди осори мусиқии тоҷик бахшидааст. Дар ин муддат, аз ҷумла балети «Темурмалик» - ро бо номи «Шамшер ва муҳаббат» дар шакли нав пешниҳод кард. Ба филми тоҷикии «Аз Ганг то Кремл» бар асоси достони устод Мирзо Турсунзода мусиқии дилангезе офарид. Ба як силсила ашъори шоирони тоҷик оҳанг баст. Ва ораторияи машҳури «Достони Рустам» - ро офарид, ки саҳифаи дурахшоне дар фаъолияти эҷодиаш гардид.
Мухтор Ашрафӣ шод аз он буд, ки духтараш Муқаддима Ашрафӣ (Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор) донишу маҳорати худро ба омӯзиш ва тарғиби санъати бою нодири бузургони гузаштаи тоҷик сарф кардааст.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 261

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед