logo

туризм

БИЁ БА ИШКОШИМ

Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ аст ва дар рӯ ба рӯйи Афғонистон қарор дорад. Он аз маркази вилоят дар масофаи 105 километр воқеъ гардидааст. Аз шимол бо ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, аз шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати асосии ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Ишкошимро ба маъноҳои гуногун тафсир кардаанд, яке аз он маъноҳо ба ватани сакоиҳо будани он ишора мекунад. Дар асрҳои VI - VII то милод Сакошим маркази қавмҳои ориётабори тоифаҳои Ҳинду Эрон будааст. Шоҳроҳи Абрешим аз ҳамон давра аз водии Вахони ноҳияи Ишкошим мегузашт.
Ишкошим асрори аҷиби дигар дорад, ки ба роҳ иртибот мегирад. Роҳ ба баландӣ мебарад, аммо шумо мисли ағбаҳои Анзобу Шаҳристон бо душворӣ ба боло намебароед, балки муназзаму ноаён лаб - лаби дарё бехабар гӯиё ҳамвориҳоро паси сар менамоед. Баъди соатҳо эҳсос мекунед, ки  воқеан дар баландиҳо қарор доред. Яъне, ин роҳҳо худ хати саёҳатанд, беихтиёр диққати мусофиронро ба худ ҷалб мекунанд, хаёли ӯро ба манзараҳои дилфиреб мекашанд ва таассуроташро рангин мекунанд.
Ронанда ба мо қуллаҳои кӯҳро нишон медиҳад, ки сафеду пурбарфанд. Онҳо лозурҳоянд. Қисматҳои роҳ бо иллати боришоти зиёд дар мавсимҳои гуногун зери об мемонанд. Бо дидани чунин манзараҳо ба  шигифт омада, аз ронанда суол кардем, ки дар ин ҳолатҳо чӣ гуна равуои одамон таъмин мешавад. Ба қавли ӯ, ин ҳодиса доимӣ набуда, зуд сатҳи об паст шуда, ба ҳолати муқаррарии худ бармегардад. Дарёи Панҷ тезҷараён аст, дар баъзе ҷойҳо ҳатто мавҷи он ба роҳ мерасад. Роҳи Ишкошим аз ҳар ронанда маҳорату бодиққат буданро талаб мекунад.
 Ноҳия ҳафт ҷамоат ва 48 деҳа дорад, ки дар он зиёда аз 16 ҳазор нафар сукунат дорад. Шуғли асосии аҳолӣ деҳқониву чорводорист. Ҳамчунин, ҳунармандону косибон, дуредгару сангтарошон, ресандаву дӯзандагон анъанаҳои ҳунармандиро эҳё намуда, идома медиҳанд. Муҳракашиву ҷӯроббофӣ ҳунари нисбатан инкишофёфта мебошад. Овозаи маҳсули дастони ҳунармандон то ба хориҷи кишвар рафта, аксари сайёҳони ба ин минтақа омада, табақу ҷӯробҳои Ишкошимро ҷӯё мешаванд.
Ишкошим мавзеи сайёҳӣ мебошад. Ҷойҳои дидании зиёд дорад. 103 ёдгории  таърихии ноҳия сарвати маънавии он аст. Мавзеъҳои таърихии Қалъаи абрешим, Маъбади Будо, Умбуқ, Тақвими сангӣ, Қалъаи Ямчун, Қалъаи Қаҳқаҳа, Кофирқалъа диққати ҳар бинандаро ҷалб карда метавонанд. Баъд аз оне ки Қалъаи Қаҳқаҳа ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гашт, таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба он зиёд гардид. Маконҳои муқаддас чун мазори Шоҳқамбари Офтоб, мазори Шоҳимардон, мазори Гесӯи Балогардон, мазори Чилтан, Занҷири Каъба, мазори Шоҳмубораки Марди Валӣ, мазори Чилмурид ва мазори Шоҳ Абдуллоҳи Ансорӣ дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгиранд. Дар бораи ин ҷойҳо  ривояту қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки мӯҷиби устувории эътиқоду арзишҳои фарҳангии мардум мебошанд. Қуллаҳои Маяковский, Карл Маркс, Сафархоҷа ва Носири Хусрав сайёҳону кӯҳнавардонро даҳсолаҳо боз мутаваҷҷеҳ намудаанд. Кӯлҳои Кофар, Аспо, Полполосин, Бетаг, Дирҷ, Ҳефз,  Лаълбегим, Заркӯл ва ғайра на танҳо мавзеи тамошобоб, балки кони асроранд.
Нозукии дигар он аст, ки кас дар як рӯзу ду рӯз ин ҳама муъҷизаву боигариҳои ноҳияро дида наметавонад. Бо чанд нафаре, ки аз Ишкошим ҷониби Душанбе меомаданд, ҳамсуҳбат гаштем. Аксарашон 10 - 15 рӯз дар ин ҷо будаанд. Тасаввур кунед, ки аз Душанбе то Хоруғ 18 соат роҳ аст ва аз Хоруғ то маркази Ишкошим чор соати дигар  меравед. Ин роҳ бошад, ҳанӯз ҳам давомдор аст. Масалан,  деҳаи Ширгин, ки дар Ҷамоати деҳоти Вахон ҷойгир шудааст, аз қадимтарин деҳаҳои ноҳия ба шумор рафта, аз маркази он дар масофаи 102 километр дуртар, дар баландии 2830 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ёдгориҳои таърихии деҳа «Акси санги давраи ҷамоати ибтидоӣ», «Санги аждаҳо», мазорҳои Хоҷақамбар, Шоҳбурҳон ва қалъаҳо аз умри бостонӣ доштани он дарак медиҳанд.  Деҳа бо обҳои маъдании сард ва гарм саршор аст. Шоҳбоғи деҳа бо дарахтони гуногуни мевадиҳандааш, ки бештар дар ҷануби кишвар мерӯянд, бинандаро мафтун месозанд. Дар чунин иқлими сард нашъунамо ёфтану ҳосил додани онҳо аҷибу ҳайратангез мебошад. Дар гирду атрофи деҳа 25 мазор ҷойгир аст, ки ҳар кадом аз замону давраҳои гуногун ҳикоят мекунад. Анъанаву расму русуми хосси мардуми деҳа аз дигар минтақаҳои вилоят фарқ дорад. Чун як деҳа бо худ ин қадар диданиҳо дошта бошад, пас фақат як рӯз дар тамошои он камӣ мекунад.
Тамошои манзараҳои дилфиреб ва ғурриши дарёи Панҷ ихтиёри касро чунон ба худ мегирад, ки кӯфти роҳро фаромӯш мекунад.
Обу ҳавои Ишкошим мусаффову беғубор буда, бо фарози қуллаҳо ва табиати зебояш ҳар бинандаро мафтун мекунад. Ин ноҳия мавзеи мусоиди сайёҳӣ барои имрӯзу оянда аст. Аввалан, дар ин мавзеъ барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ фазо ва иқлими хуби табиӣ вуҷуд дорад, баъдан сохтмони меҳмонхонаву тарабхонаҳо барои таъмини ҳаматарафаи шароиту имконоти хидматрасонӣ дар ҷараён аст. Имрӯз дар маркази ноҳия ва ҳамчунин, деҳоти он ошхона ва меҳмонхонаҳои замонавии зиёд дар хидмати сайёҳон қарор дошта бошанд ҳам, ҳанӯз кофӣ нестанд. Соҳибкорону тоҷиронро мебояд ба ин паҳлуи масъала эътибор диҳанд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд сайёҳиро ба яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинон табдил диҳанд. Аз тарафи дигар, рушди ҳунармандӣ ва омода намудани ҳар гуна армуғонҳои миллӣ метавонад  боиси ҷалби бештари сайёҳон гардад. Алҳол ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Помир - Вахон саёҳат» ва «Вахон - тур» дар хизмати сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор доранд. Минтақаҳои моҳигирии Зоркӯл ва Ишматкӯл ба таври ҳамеша дӯстдорони худро доранд. Барои дӯстдорони шикор ҶДММ «Ёқути Даршай» дар хидмат аст. Таассуроти сафари Ишкошимро бо мақоли «Шунидан кай бувад монанди дидан» хотима бахшида, ба хонанда гуфтанием, ки, агар аз ин неъматҳо хоҳӣ баҳраманд шавӣ, биё ба Ишкошим.
Мурод МУРОДӢ,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устодони ДМТ

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 237

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед