logo

иҷтимоиёт

ЛЕВАКАНТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

Санавбар Самизода, раиси шаҳр, дар Ҷамоати деҳоти Гулистон бо сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ вохӯрӣ гузаронда, дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, ноил гардидани мардуми кишвар ба зиндагии шоиста ва ҳамчунин, хатари гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷомеаи инсонӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонони тоҷик ба чунин ҳаракату созмонҳо ва гурӯҳҳои тундгаро ҳарф зад.
Тавре раиси шаҳр зикр кард, Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ, хусусан масъалаҳои марбут ба об, собит  намуд, ки мушкилоти мардуми сайёра барои давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бегона нест. Гувоҳи равшани ин чор  ташаббуси созанда ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти об, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳифзи сарватҳои обӣ  баҳри таъмин намудани мардуми минтақа ва тамоми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Раиси шаҳр доир ба хатари экстремизм ва терроризм барои Тоҷикистон ва ҷаҳон сухан гуфта, роҳҳои аз байн бурдани ин хатарро ба иштирокчиён фаҳмонд. Вай таъкид кард, ки бояд дар ин самт бетарафиро ихтиёр нанамоем ва дар баробари мақомоти масъул бо ин падидаи харобиовари аср муборизаи беамон барем. Дар рӯҳияи инсондӯстию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавони ҷомеа аз василаҳои беҳтарин мубориза бо ин падидаи ҳузнангез мебошанд.
- Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Масъулон барои дастгирӣ намудани соҳибкорони маҳаллӣ ва мусоидат кардан ба вусъати корҳо дар ин самт супоришҳои қатъӣ гирифтаанд. Дар шаҳр барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихӣ ва анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои сокинон ва соҳибкорон тамоми шароитҳо муҳайёанд. Инчунин, дар ҳар як деҳаю маҳалла бунёди иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳо барои бо ҷойҳои кории доимиву муваққатӣ таъмин кардани сокинон ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд, - гуфт С. Самизода.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 289
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед