logo

ҳуқуқ

ЯК ИҚДОМИ ШОИСТА. ҲХДТ ВОЛИДОНРО БА ДИДОРИ ФАРЗАНДОНИ САРБОЗАШОН ОВАРД

Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент як гурӯҳ падару модарон барои дидорбинии фарзандону наздиконашон, ки дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба шаҳри Душанбе омаданд.
Падару модарон нахуст аз ҷойи хобу ғизохӯрӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, осорхона дидан карда, аз шароитҳои хуби мавҷуда барои сарбозон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба падару модарон иттилоъ дода шуд, ки сарбозони ин маркази таълимӣ баъд аз маросими савгандёдкунӣ самти фаъолияти худро интихоб карда, аз рӯи 17 самт ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Тавре Абдулвоҳид Мирзозода, фармондеҳи қисми ҳарбӣ, зимни суҳбат изҳор дошт, ин аввалин маркази таълимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли 1930 таъсис ёфтааст. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 23 марти соли 2005 ин марказ ба тобеияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ гузашт. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити хизматӣ барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шуд.
Муродҷон Шукурзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, зимни суханронӣ зикр кард, ки хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард буда, ору номуси ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Номбурда дар хитоб ба сарбозон гуфт: «Мо бо шумо ифтихор дорем. Аҳсант ба падару модаронатон, ки чунин фарзандони шарафмандро ба камол расондаанд. Имрӯз ҳазорон нафар ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо ифтихори баланд адои хизмат намуда истодаанд. Хизмат ба Ватан дарси мардонагӣ, фурсати обутоби ҷисмонӣ ва ибрози садоқат ба халқу миллати хеш аст».
Қудратулло Ҷалилов, сарбозӣ қаторӣ, бештар аз панҷ моҳ мешавад, ки дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат мекунад. Тавре худи ӯ зимни суҳбат гуфт: «Дар қисми  ҳарбӣ  барои мо сарбозон тамоми шароити  зарурӣ  фароҳам оварда шудааст. Сарбозон бо се вақт  хӯроки  гарм, сарулибос ва  хобгоҳи замонавӣ  таъминанд. Аз  Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои  Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдор ҳастем, ки маҳз дар партави сиёсати ин марди хирад тӯли 27 - соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин пешравиҳо ноил гардид. Аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ низ истиқбол мекунем, ки чунин як ташаббуси хуб нишон дода, падару модарони сарбозонро аз шаҳру навоҳии дурдаст ба дидорбинии фарзандонашон меоранд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми онро вазифаи ҷонии худ шумурда, барои дифои сарҳадамон аз таҳоҷуми бегона сина сипар хоҳем кард».
Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби ансамбли «Марзбон» - и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои падару модарон ва сарбозон барномаи фарҳангӣ доир карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2018    №: 168    Мутолиа карданд: 207

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед