logo

фарҳанг

“БОХТАР ДАР МАСИРИ ТАМАДДУН”

Таҳти ҳамин ном бо ташаббуси маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби тозае таҳия гардид, ки дар он барои нишон додани азамати давлати Бохтар ва бохтариёни бостон мақолаҳои зиёде аз осори қадим дар шакли маҷмӯа гирдоварӣ шудааст.
“Ҳадафи асосӣ аст, ки дар ҷомеаи пурталотуми муосир шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо донишҳову ҳуҷҷатҳои ин китоб мусаллаҳ мешавад, дар ҳар ҷое, дар ҳар мавриде, ки бошад, манфиатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихии ватанашро муҳофизат карда тавонад. Устувору пойбарҷо истода тавонад. Чунин тақозо ва талаби қотеона ва мубрам дар ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ки  мақсади ниҳоии ин ҳидоятҳо устувории Истиқлолияти давлатӣ, суботи иқтисодиву сиёсии давлат, эмин нигоҳ доштани амнияти рӯзгори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, дар натиҷа беҳбудии рӯзафзуни  сатҳу сифати зиндагии тоҷикистониён, саодату хушбахтии имрӯзу фардои миллат аст”, - омадааст дар пешгуфтори китоби  тозанашр.
Дар маҷмӯа зикр гардидааст, ки Бохтари таърихӣ аз қаторкӯҳҳои Ҳисор то Ҳиндукуши имрӯза доман густурда, хусусан дар осори илмии Юнони Қадим ин калимаи барои тоҷикон муқаддас бо эҳтироми зиёд ёд мешавад. Тавре яке аз таҳиягарони китоб, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ иброз медорад: “Бохтар яке аз қисматҳои муҳими Ориёни Бостон, ба ҳайси як давлати қудратманд ҷилва мекунад, ки юнониёну румиёни қадим кину душманӣ ба он меварзанд ва ҳамвора аз асокири муназзаму ҷанговари Бохтару Суғд дар биманд. Ин  ҳақиқат дар “Таърих”-и Ҳеродот равшану мусаннад тасвир карда мешавад”.
Китоб саҳми Бохтари таърихиро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо ҳуҷҷатҳои муътамади таърихӣ, археологӣ, архетипҳо, тасвири шоҳкориҳои заргарӣ, оҳангарӣ, меъморӣ, наққошиву ҳаккокӣ, илмҳои табииву гуманитарӣ инъикос намуда, натиҷаҳои таҳлилии илмҳои  археологӣ, таърихшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва тиббу фалсафаро фаро мегирад. Аз ҷумла, барои исботи ин гуфтаҳо аз осори В. М. Массон, В. И. Сарианиди, И. Р. Пичикиян, Л. Т. Пянкова, И. В. Пянков, ки онҳо ба санъату низоми давлатдорӣ, шукӯҳу азамати Бохтари Қадим ва ҳунару фарҳанги он баҳои арзишманду воқеӣ додаанд, мисолҳо оварда мешаванд. Аз таҳқиқоти гуногуни муосир низ намунаҳое пешниҳоди хонанда гардидааст, ки ҳамчун ҳуҷҷатҳои дақиқи илмӣ мақоми баланди маданияти тоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ собит менамоянд.
Тавре аз маркази “Тоҷикшиносӣ” - и китобхона хабар доданд, маҷмӯа рӯзҳои наздик ба дасти хонандагон хоҳад расид.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2018    №: 168    Мутолиа карданд: 429
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед