logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ЧОРВОДОРӢ - ОМИЛИ РУШД

Тавре огаҳӣ дорем, бо сабаби камбориш омадани аввали фасли баҳор дар бисёре аз ноҳияву минтақаҳои вилояти Хатлон алаф хушк шуд, ки ин боиси ташвиши чорводорон гардид. Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва хоҷагидорон супориш доданд, ки барои аз зимистон беталаф баровардани чорво тамоми чораҳоро андешанд, хусусан зиёдтар алафи хушк захира намоянд.
Бино ба иттилои раиси ноҳияи Темурмалик Эмомиддин Аслзода, имсол дар талу теппаҳои ноҳия алафи табиӣ хеле хуб рӯид. Ин хоҷагидоронро водор сохт, ки барои чорво ҳар чи бештар хошоки дурушт тайёр намоянд. Кишоварзони ноҳия тавонистанд ба ноҳияҳои ҳамсоя, ки аз хушксолӣ зарар дидаанд, ёрӣ расонанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки имсол 51200 тонна хошоки дурушт тайёр кунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, зимни суханронӣ дар семинар – машварат оид ба дарав ва захира кардани хошоки чорво дастур доданд, ки дар баробари афзун кардани саршумори чорво ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Кишоварзони ноҳия бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат то 1 август ба миқдори 29360 тонна беда, 22142 тонна коҳ, аз ҷумла 107 ҳазору 780 дона тойбанд тайёр кардаанд, ки назар ба дурнамои солона зиёд мебошад. Ҳоло корҳои захирасозӣ, фурӯши хӯроки чорво ва таъмири кашару фермаҳо идома доранд. То имрӯз кишоварзони ноҳия ба шаҳру ноҳияҳои Восеъ 17200, Данғара 29490, Вахш 18530, Бохтар 13830, Дӯстӣ 3000, Ҳисор 5000, Панҷ 3400, Ҷалолиддини Балхӣ 7000, Левакант 4800 ва Айнӣ 5500 дона тойбанд фурӯхтанд.
Ҳамзамон, кишоварзони ноҳия барои тайёр кардани хӯроки ширадору серғизои чорво ва дар хандақҳо хобондани силос дар 186 гектар кишти такрории ҷуворимакка гузаронданд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 122

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед