logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ин бардошт аз  воқеият аст. Зеро аз фаъолияти чунин шахсиятҳо кам достону қиссаҳо китобат намешаванд. Ва ҳар он касе, ки ба ин шараф даст меёбад, мондагори таърих аст. Фарзандону набераҳои  зиндаёд бобои Мулло Саид, ки парвардаи обу хоки мавзеи баландкӯҳи Сари Хосор мебошанд, соҳиби ҳамин гуна рисолатанд. Ҳама аҳли фаҳм, пешоҳанг, донишманд, оқилу олим ба воя расида, бо накухоҳию хизматрасонӣ ном баровардаанд.
Ғайбулло фарзанди хурдии  раиси  Авзал  буд. Ӯ баъди аъло хатм намудани Донишкадаи кишоварзӣ (ҳоло ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) корро аз лабораторияи байтории вилояти вақти Кӯлоб ба ҳайси духтури ҳайвонот оғоз менамояд. Баъдтар ӯро ба ноҳияи Темурмалик, ки вазъи чорводориаш аз паҳн  гардидани бемории сил ва бурселлёз хеле ташвишовар буд, мефиристанд. Кор хеле сахт буд. Ба мутахассиси ҷавон зарур  омад, ки ҳамроҳи чорводорон шабу рӯзро сипарӣ бикунад. Масъулиятшиносӣ ва мушкилнописандӣ ва аз ҳама муҳимаш дониши ҳаматарафаи соҳаи байторӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар давоми ду сол   бемориҳои хатарнокро пурра аз байн бибарад ва ба забҳи маҷбурии чорво хотима диҳад. Ин комёбии калони мутахассиси ҷавон бо ифтихорномаҳои ноҳиявию вилоятӣ қадр шуд.
Ғайбуллои Авзалро ба хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» - и ноҳияи Фархор роҳхат доданд. Гап сари он буд, ки гӯсфандҳои ҳисорӣ  ба бемории қарасон гирифтор шуда буданду рӯзе 15 - 20 сар талаф меёфт.
Ғайбулло тамоми чорворо аз муоина гузаронд. Гӯсфандони касалро ҷудо намуда, зери карантини сахт қарор дод ва ба дармонбахшиашон  шурӯъ кард. Дар муддати 20  шабонарӯзи бо ҷаҳду ҷадал кор кардан даст дод, ки  бемории хатарнок  ба тамом аз байн бурда шавад. Ғайбулло дар Фархор чун байтори муъҷизакор  ном баровард. Ин комёбиҳо  сабаб шуданд, ки    ба мутахассиси ҷавон  вазифаи сардори сарраёсати кишоварзии вилоятро бовар намоянд. Ин роҳ ба сӯи сиёсати калон буд.
Сиёсатмадор  ҳамагӣ 37 сол дошт, ки дар яке аз ноҳияҳои калонтарини минтақаи Кӯлоб – Восеъ котиби якуми кумитаи ҳизбӣ интихоб гардид. Услуби дар ҷояш санҷидани супоришҳои ироагардида  мудом ба пешравии корҳо мусоидат менамуд. Воқеан, котиб баъди ахбори комиссия худаш шахсан қитъаҳои мавриди омӯзиши дастҷамъӣ қарордодашударо  дида мебаромад. Ва гурӯҳи ба «халтура» мусоидаткунандаро фош ва муҷозот менамуд. Ин тарзи кор дастовардҳоро дар ҳамаи ҷабҳаҳо афзун сохт.
Ҳамзамон, мушкилоти дигаре, ки ҳамарӯза барояш баҳсбарангез боқӣ мемонд, «пирамида» - и ҳамкориҳо  байни деҳқонони пахтакор ва саноатчиён буд. Деҳқон шабу рӯз заҳмат мекашиду сатҳи зиндагияш басо оҳиста боло мерафт. Вале, саноатчиён - заводҳои пахта  бошанд, бо заҳмати андак, ки амалҳои вазнин ба дӯши механизмҳост, даромади калон мегиранд ва аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Оқибати  пуштибонӣ аз заҳматкашон барояш  ба гирифтани  ҷазои сахти ҳизбӣ анҷомид. Ӯро ҳам аз вазифа озод ва ҳам чун кадри тасодуфӣ аз курси савуми  мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд хориҷ  карданд. Ин самараи кори мафияи пахтаҷаллобон буд. Ба ин мафия аслан роҳбарияти  саноати пахтатозакунии кишвар сарварӣ  менамуд.   
Ғайбуллои Авзал чун бобои бузургвораш ба ноадолатиҳо муросо намекард. Балки муқобили ноадолатиҳои гӯшношунид ошкоро ба  мубориза бархост. Бо талошҳои пайгиронаи минбаъдааш собит намуд, ки ҳаққулзаҳмати пахтакорро дар  заводҳо ҳам аз тор мезаданду ҳам аз пуд. Аз паст нишон додани барориши нахи пахта ва аз будаш баланд изофа навиштани намнокии   пунба маъмурони заводҳоро  соҳибхазина ва забардастони аём гардонда буд. Хуллас, гунаҳкорони бегуноҳ пахтакорони заҳматкаш назди қаллобони ба миллионерӣ расида  солҳо  забонкӯтоҳию бенавоӣ мекашиданд. Пора сохтани ин занҷир, ки дар паси он садҳо мансабдорони сатҳи баланд рӯзгори шоҳона  сохта буданд, яке аз ҳамин гуна хизматҳои мондагори Ғайбуллои Авзал мебошад.
Ҳарчанд дар ин мубориза гурӯҳҳои манфиатҷӯ қасди ба зиндон кашидану аз байн бардоштанашро ҳам дар нақша доштанд, ӯ ба танҳоӣ муҳорибаро идома медод. Ҷасорату нотарсиаш буд, ки баъди се маротиба ба Москва сафар кардан, дар Кумитаи Марказии КПСС қаллобкориҳои заводҳоро фош намуда тавонист.   
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба муқобили авомфиребӣ муборизаи беамон эълон намудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон найрангу ноадолатиҳои пахтаҷаллобон ошкор гардид. Ва, хушбахтона, барои пурра решакан кардани ин амали номатлуб Сарвари давлат ба деҳқонон мустақилият доданд, ки маҳсули заҳматашонро акнун  худашон бе миёнаравон  ба фурӯш бароранд. Ин амал ҳавасмандии деҳқононро  дучанд гардонд, онҳо бо хоҳиши худ дар заминҳои дар ихтиёр доштаашон аз кишти зироатҳои каммаҳсул даст кашида, ба пахтакорӣ рӯ оварданд. Ҳамин аст натиҷаи сиёсати созандаю  одилона.
Халқ бисёр хуб гуфтааст, ки тилло  ҳар куҷо бошад, ҷило медиҳад.  Ҷилои кордориҳои Ғайбуллои Авзал вақти дар ноҳияи Восеъ кор карданаш ба ҳайси раиси колхози «Коммунизм» дар чашми хурду бузург аён гашт.
Оре, кордонӣ, ҷонфидоӣ ва ба тамоми масъулият ба хизмати халқу Ватан камар бастан, Ғайбуллоро азизи дилу дидаи мардум намуд. Сабаби такроран дар порлумони мамлакат якчанд маротиба аз ноҳияи мазкур вакил интихоб шуданаш низ ҳамин буд. Дар ин маснад барои ҳалли мушкилоте камар баст, ки ба ҳифзи саломатии мардум робита дошт.
Бемории сил, ки дар деҳоти Пушён хуруҷ  намуд, ба ҳамсоядеҳот сироят мекард.  Деҳаҳои Нонҷемас, Дарнайчӣ, Ғелот, Эмомтаърифӣ, Кафтархонаро  фаро гирифт. Ғайбуллои Авзал аз мақомоти мутасаддӣ, бахусус Вазорати тандурустӣ бо ҷиддият тақозо намуд, ки баҳри аз байн бурдани мушкилот тамоми чораҳои солимгардонии халқи ба «эпидемия» гирифторшударо дарёбанд.
Комиссияи бонуфузи дар ин бахш сафарбаркардашуда  баъди ҳаматарафа омӯхтани мушкилот ҳалли масоили зиёд:  дар беморхонаи бемориҳои сили минтақа ба табобат фаро гирифтани шахсони бемор, дар деҳоти мазкур сохтани маркази саломатӣ барои аҳолии ин мавзеъ, аз ҷониби давлат ройгон ҷудо намудани хӯрокиҳои серғизо, аз қабили маҳсулоти ширӣ, гӯшт, дар назди мактаби калонтарини деҳа сохтани интернат барои кӯдакони  беморро аз ташкилотҳои  мутасаддӣ дархост намуд. 
Барои деҳаҳои деҳоти Пушён аз масофаи 20 километр овардани оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ба нақша гирифта шуд. Илова бар  ин, хоҷагӣ ду даҳсола аз супурдани ҳамаи намуди андозҳо озод гашт. Ин чорабиниҳои иҷтимоӣ  бо мурури замон бемории хатарнокро аз деҳоти офатзада ба нестӣ бурд. 
Ғайбуллои Авзал дар давраи раиси вилояти Хатлон буданаш низ ба  ноҳия аҳамияти  ҷиддӣ медод.  Баҳри барқарор намудани хати об, ки дар натиҷаи обхезиҳо вайрону валангор шуда буданд, маблағи калон ҷудо кард ва онро аз нав барқарор намуд. Ин ҷо мактабҳои нави замонавӣ,   таваллудхона  ва боз чанд бунгоҳи тиббӣ  сохта шуданд. Кори неку  номи нек ҷовидон мемонад. Ин аст, ки дар ҳар хонадони маҳал Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, раиси Шӯрои куҳансолони мамлакат Ғайбуллои Авзалро чун ҳомӣ ва  инсони замираш пур аз раҳму  шафқат   мешиносанд.
Ғайбулло ҲАЛИМОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 330
06.07.2020


РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед