иқтисод
РАШТ. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вобаста ба талаботи давру замон ҷиҳати ба роҳ мондани шаклҳои нави боғдорӣ ва зироаткорӣ, тарзи нигоҳубин ва нигоҳдории маҳсулоти хушсифат, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару - тозаи кишоварзӣ, инчунин, содироти он ба хориҷа, як қатор тадбирҳо роҳандозӣ намудааст.
Муовини раиси ноҳия Ғайниддин Маннонов зимни суҳбат гуфт, ки алҳол зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ кардани майдони боғот, аз ҷумла майдони боғҳои интенсивӣ, барқароркунии боғҳои куҳна, зиёд намудани майдони кишти зироат, бахусус кишти картошка ва хушзоткунии чорво дар мадди аввал қарор доранд. Имсол дар 70 гектар боғи нав бунёд, 161 гектар боғҳои куҳна барқарор гардид ва майдони кишти картошка ба 1205 гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 205 гектар зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳ 61 миллиону 576 ҳазору 400 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (бо нархҳои ҷорӣ) 697 ҳазору 300 сомонӣ зиёд аст.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 3108 гектар зироатҳои баҳорӣ кишт шуд.
Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар бозори «Ховарон» - и шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда, 29 тонна картошка, 5 тонна мева, 2,5 тонна сабзӣ ва 550 кг гӯштро бо нархҳои нисбатан арзон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод карданд.
Ба ғайр аз ин, дар маркази ноҳия - шаҳраки Ғарм хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 6 маротиба ярмаркаи фурӯши ниҳол гузаронда, 6 ҳазору 500 бех ниҳоли мевадиҳанда ва сояафканро ба фурӯш бароварданд.
Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар мавзеи Дашти Беоби Ҷамоати деҳоти Ҳоит ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ корҳои тахту ҳамворкунӣ ва ба масофаи 800 метр хобондани қубури обгузар ба анҷом расонда шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ясман канали «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 км ва канали “Ҳисорак-1” ба масофаи 6 км бо ҷалби соҳибкорон таъмир карда шуд. Инчунин, пойгоҳи обкашии «50 - солагии Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир ва 250 гектар замин бо оби полизӣ таъмин гардид.
Бо дастгирии обистифодабарандагон наҳрҳои Сари Шӯхон ва Зуҳбед дар Ҷамоати деҳоти Аскалон, Шӯрак ва Яхакпаст дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва наҳри Қамбариён бо пойгоҳи обкашиаш дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда, ба истифода дода шуданд.
Дар ноҳия барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошкаю мева, айни замон 17 анбор бо ғунҷоиши 14710 тонна мавҷуд аст, ки 7 ададаш бо ғунҷоиши 1400 тонна таъмирталабанд. Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017 - 2020» дар назар аст, ки соли 2019 анборҳо ба пуррагӣ таъмир карда шаванд.
Илова бар ин, соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулот сардхона сохта ба истифода дода мешавад.
Сохтани сардхонаҳои нав, таъмири анборҳое, ки барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ зарур арзёбӣ мешаванд, ҷалби техникаву технологияи зарурии ҳозиразамон, таъмини заҳрхимикатҳо ва ҳалли проблемаҳои дигари соҳа мушкили деҳқононро бартараф намуда, барои рушду нумуи кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ имконоти хуб фароҳам меоранд.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2018 №: 169 Мутолиа карданд: 174