logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНТАР АСТ

Дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол ба сол пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувор мегарданд, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир шарти муҳими ҳастии давлату миллат аст. Тӯли 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодие мушарраф гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Воқеан, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик арзишҳои миллии хешро дубора тахтнишин созад ва дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вориди корзори таърих шавад. Маҳз ҳамин неъмати бебаҳо эҳсоси худшиносиву худогоҳиро дар замири халқ бедор намуда, ба муаррифии шоистаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ роҳ кушод.
Дар замони феълӣ намешавад, бо дастовардҳои кунунии истиқлолият қонеъ шуд, балки онро пайваста бояд таҳкиму тавсеа бахшид. Зеро ҳаводиси хатарбори ҷаҳони муосир, рақобати қудратҳо ва омилҳои таъсиргузори беруна дар сурати ғафлат метавонанд,  ба амнияти дилхоҳ кишвар таҳдид намуда, истиқлолияту якпорчагии онро зери хатар гузоранд.
Дар ин росто, барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ зарур аст, ки ба чанд масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд, ки тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи идеалҳои олии истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар авлавият қарор мегирад. Имрӯз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии шаҳрвандон беш аз ҳар вақти дигар зарур шумурда мешавад. Зеро заъфи донишу ҷаҳонбинӣ шаҳрвандонро дар баробари равияҳои номатлубе, ки ба сулҳу амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, осебпазир месозад. Намунаи онро мисли дигар халқу миллатҳо мо низ таҷриба кардем. Чун теъдоди муайяне аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ноогоҳона ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ пайваста, рӯзгори худу наздиконашонро доғдор намуданд. Ин тоифа, ки бо амалҳои зишти худ ба номи давлату миллат низ иснод меоранд, ҳанӯз дар худ арзишу моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллиро маърифат накардаанд, ки натиҷаи бесоводию гумроҳист.
Аз ин рӯ, дар маҳофили сиёсию илмии кишвар ба таҳкими кори таълиму тарбия таъкид мешавад, ки воқеан тақозои замон аст. Хушбахтона, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар бахши таълиму тарбия ва умуман, соҳаи илму маорифи кишвар пешрафтҳои намоён ба даст омадаанд. Дар чанд соли охир коҳиши чашмраси шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро далели ҳамин амр буда, бозгӯи татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ дар ин самт аст.
Тавре мушоҳида мешавад, дастовардҳои намоёни Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоду ягонагии халқ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ таҳти роҳнамоии Президенти маҳбуби кишвар боиси нороҳатии душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик гардидааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро дар амалкарди саркардагони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебинем, ки феълан дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, кӯшиши ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд. Вале дигар ин кӯшишҳо бенатиҷа хоҳад буд, зеро ин гурӯҳ бо сияҳкориҳои худ ба нафрати халқ гирифтор шудааст.
Ҳоло мардуми шарафманди тоҷик бо ҳидояти Сарвари маҳбуби худ азм доранд, ки 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиши комил, зери ливои ваҳдати миллӣ бо дастовардҳои қобили мулоҳиза таҷлил намоянд. Бо ин ҳадаф, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои ободониву созандагӣ ҷараён доранд, ки  ҳаракат ба сӯи  фардои дурахшонтари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Исфандиёр БАДАЛОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 239

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед