logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ АВЛАТҲОИ МУАССИСИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ

24 август дар Маркази ҳамоишҳои “Аваза” дар шаҳри Туркменбошӣ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.
Баъди анҷоми маросими аксбардории сарони давлатҳо нахуст дар ҳайати маҳдуд рӯзномаи ҷаласа баррасӣ гардида, сипас муҳокимаи онҳо бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо мавзӯъҳои мубрами идоракунии об ва масъалаҳои экологии минтақаро баррасӣ карда, самти фаъолияти муштаракро барои  андешидани тадбирҳои оянда дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки қарори таъсиси байналмилалии наҷоти Арал (IFAS), ки имсол аз қабули он бисту панҷ сол пур мешавад, як қадами оқилонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
“Ба шарофати фаъолияти якҷояву ҳамоҳангшуда дар чаҳорчӯбаи Хазина, мо тавонистем диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ҷалб намоем, ҳамкориро бо созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва кишварҳои донор ба роҳ монем, маблағҳоро ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мухталиф барои бартарафсозии буҳрони Арал равона созем”, - таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин замина зикр гашт, ки дар давоми солҳои гузашта дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои идоракунии об ва лоиҳаҳои муҳити зист ва барномаҳо якчанд миллиард доллари амрикоӣ сарф карда шуд.
“Дар айни замон, мо бо як қатор проблемаҳои муштарак рӯ ба рӯ шудаем, ки ҳамкории байни мамлакатҳоямонро барои ҳалли онҳо талаб мекунад,” - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тамоюли афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, азхудкунии заминҳои нав ва ҳаҷми зиёди талафоти об дар соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулот ва иқтисодиёт, ки дар якҷоягӣ ба коҳишёбии ҳаҷми умумии захираҳои об ва афзоиши талаботи истеъмоли об оварда мерасонад, аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ба шумор меравад.
Ҳамчунин, тамоюли бесобиқаи обшавии захираи пиряхҳо аз сабаби тағйирёбии иқлим дар минтақа ба мушоҳида мерасад. Мавриди зикр аст, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир, Тоҷикистон зиёда аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии пиряхҳо, аз ҷумла тақрибан як ҳазор пиряхҳои хурд ва миёнаро аз даст додааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса, нишондиҳандаи дастрасии об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи мо чор маротиба нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 1960 камтар шудааст.
Бо назардошти рушди босуръати сатҳи талабот ба об дар минтақа, Сарвари давлат бори дигар ташаббуси Тоҷикистонро оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби нӯшокии  кӯли баландкӯҳи Сарез барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар кишварҳои минтақа барои солҳои дароз хотиррасон карданд.
Таклиф шуд, ки пешниҳоди мазкур бо дарназардошти он, ки саломатии аҳолии минтақа аз сифати оби нӯшокӣ вобаста аст, ба инобат гирифта шавад.
Ғайр аз ин, зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво, офатҳои табиӣ, ки бештар аз сабаби тағйирёбии иқлим ба миён омада, боиси талафоти зиёди молию ҷонӣ мегардад, муфассал ибрози андеша карданд.
Дар Тоҷикистон дар давоми бист соли охир зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ вобаста ба захираҳои об ба якчанд миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда, талафоти аҳолӣ зиёда аз як ҳазор нафарро ташкил дод, - таъкид доштанд Сарвари давлат ва афзуданд, ки идома ёфтани ин ҳолат боиси оқибатҳои хеле ҷиддӣ мегардад ва моро зарур аст, ки барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об тадбирҳои фаврӣ андешем.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чун се ташаббуси қаблии вобаста ба об, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори об равона гардидааст.
Изҳори умед карда шуд, ки Хазина ва сохторҳои он аз платформаи даҳсолаи нав барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳо, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ истифода мебаранд.
 Дар охири суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро пешниҳод карданд, ки қабули онҳо ба ҳалли мушкилоти минтақа вобаста ба идоракунии об, муҳити зист ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки такмили сохтори ташкилӣ ва асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бо мақсади мутобиқ намудани он ба воқеияти имрӯза зарур аст ва бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ бо обанборҳо, ки ба танзими мавсимӣ ва дарозмуддати таъмини об, бахусус дар солҳои камобӣ, инчунин, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиии вобаста ба об мусоидат мекунанд.
Зикр шуд, ки гидроэнергетика ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии барқароршавандаи энергияи тоза, ҳамзамон пешрафти муваффақонаи иқтисоди “сабз” - ро таъмин мекунад.
Таъкид гардид, ки қариб 90 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва тибқи ин нишондиҳанда, кишвар дар ҷаҳон ҷойи 6 - умро  ишғол мекунад.
“Тоҷикистон, соҳаи гидроэнергетикаро рушд дода, бо партовҳои махсуси гази карбон (CO2) дар атмосфера дар як саду сию панҷум ҷой ва дар миқёси минтақа бошад, дар мақоми охирин ҷойгир аст. Ин нишондиҳанда танҳо тақрибан се фоизи умумии партовҳоро ташкил медиҳад”, - иброз доштанд Сарвари давлат.
Пешниҳод гардид, ки:
- ба идомаи ислоҳот ва таҷдиди сохторҳои мавҷудаи идоракунии об, асосан ҷӯйборҳои обёрӣ, ки аксарияти об дар онҳо талаф меёбад, аҳамият дода шавад;
- барои татбиқи механизмҳои иқтисодии истифодаи об ва технологияҳои нави захираҳои об, инчунин, системаи ҳисобдории ҳаҷми об мусоидат карда шавад;
- ҳамгироии иқтисодии ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ ва меҳнат нигарондашуда ташаккул дода шавад.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Туркманистон барои ташкили хуби ин ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Баъди анҷоми ҷаласа сарони давлатҳо дар нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон кори ҳамоишро натиҷагирӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 221

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

10.02.2020


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. МУҚАДДАС ДОНИСТАНИ ОИЛА МУҲИМ АСТ

БЕШ АЗ 580 КИТОБХОНА БИНОИ АЛОҲИДА НАДОРАД

МУЗДИ МЕҲНАТ 9 ДАРСАД АФЗУД

КҲФ 680 ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ЯК СОЛ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 114 ГУЗОРИШИ ТАҲЛИЛӢ ВА ИТТИЛООТИЮ ТАҲЛИЛӢ ПЕШНИҲОД ШУД

МД "ТОҶИКФИЛМ". МАҶАЛЛАИ "КИНО" ТАЪСИС ЁФТ

ДДФСТ. РОҲАНДОЗИИ ОМӮЗИШИ СОЗИ АРҒУНУН

09.02.2020


ВАҲДАТ. ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БОНКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ДАР МУРОФИАҲОИ САЙЁР 249 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУН ОШКОР ШУД

КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО БАРОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА ХОРИҶА ФИРИСТОДА МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед