logo

фарҳанг

МЕРОСБАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ Ё БОНУЕ ДАР МИЁНИ РАНГҲОИ ЗИНДАГӢ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, ки аз ҷумлаи ташаббусҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеаи кишвар аст, таваҷҷуҳ ба ин ду бахши судоварро бештар намуд. Дар доираи ин иқдом ҳунармандони гулдасти тоҷик, дар мисоли Рӯзигул Саидамирова, сокини ноҳияи Дарвози ВМКБ, имкон пайдо намуданд, ки ҳунарҳои мардумиро эҳёву тавсеа бахшанд ва аз ин роҳ шуҳрату фоида ҳам ба даст оранд.
Рӯзигул Саидамирова дар оилаи ҳунарманд ба воя расида, нозукиҳои ҳунари гулдӯзиро аз модараш Мавҷон Ҳикматова омӯхтааст. Бо вуҷуди яке аз китобдорони беҳтарини ноҳияи Дарвоз буданаш, дар хона маҷмӯи ҳунарҳои дастиро маҳфуз медошт, ки ҳоло дар тамоми ҷумҳурӣ муаррифӣ гардидааст.
Вақте ба ҳавлии ин бону ворид шудем, аз даромадгоҳ то тоқчаву сандуқҳо ҳама гулдӯзию сӯзаниҳои зебои миллӣ овезон буданд. Бинанда гумон мекунад, ки ин хонаи истиқоматӣ не, балки осорхонаи хурдест.
- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мо дари имкониятҳои тозаро кушод. Мо ташвиши онро доштем, ки маҳсули ҳунари садсоларо чӣ гуна ҳифз намоем. Хушбахтона, имсол кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва дигар васоити ахбори омма зуд - зуд аз хонаи мо дидан мекунанд ва гулдӯзию сӯзаниҳои модару модаркалонамро ҳамчун ашёи нодир муаррифӣ менамоянд. Иқдоми неки Пешвои миллат на танҳо ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихию анъанавӣ, балки барои эҳё ва рушди онҳо заминаи мусоид фароҳам овард, - изҳор медорад Рӯзигул Саидамирова.
Се ҳуҷраи хонааш бо санъати баланд оро дода шудааст. Аз ҷумла, дар ҳуҷраи якум бардеворию сардеворӣ, оинахалтаю рӯймолҳои зебо, дар ҳуҷраи дигар ҷомаю гулдӯзиҳо ва дастархонҳои бонувони ҳунарманди ноҳияи Дарвоз, ки ба асрҳои 19 – 20 тааллуқ доранд ва дар ҳуҷраи сеюм кӯрпаю кӯрпачаҳо, болину бистарҳои гулдӯзишуда, қарамаҳои қадимию ҳозира, рӯймолҳои гуногундӯхт, куртаҳои навдӯхти навъи «Чоргули Дарвоз», тоқиҳои гулдӯзӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ин зани ҳунармандро дар ноҳия ҳамчун муаррифгар ва эҳёкунандаи ҳунарҳои мардумӣ мешиносанд.  Ӯ соли 2016 дар озмуни «Эҳёи ҳунарҳои  мардумӣ» дар боғи Ирам ва 6 сентябри ҳамон сол дар озмуни «Сад ранги чакан» дар пойтахти кишвар ширкат намуда, сазовори «Шоҳҷоиза» гашт. Соли 2017 дар «Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд» иштирок карда, соҳиби мукофот шуд. Инчунин, барои иштироки фаъолона дар озмунҳо бо «Сипоснома» - и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд.
Рӯзигул Саидамирова соли ҷорӣ боз чандин намуди гулдӯзиҳои қадимаро эҳё намуд. Номбурда бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 26 бонуи ҳунармандро ҷамъ оварда, асрори ҳунари худро ба онҳо меомӯзонад.
Шогирдони ӯ аллакай дар озмуну чорабиниҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҳунарҳои ба худ хосси мардуми Дарвозро дар миқёси ҷумҳурӣ муаррифӣ карданд. То имрӯз зиёда аз 30 куртаи чакани зебои дарвозиро дӯхта, нақшу нигор ва гулкориҳои вижаи онро омӯхтанд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 416

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед