logo

иқтисод

«АРГУС» ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ ИҚТИСОД

Реактори ҳастаии «Аргус» - и Институти физикаву техникаи Академияи илмҳои кишвар, ки аз замони ба Тоҷикистон ворид гардидан бо сабабҳои гуногун фаъолият надошт, барқарор хоҳад шуд. Ба ин хотир, Барномаи давлатии  барқарорсозӣ ва истифодаи  минбаъдаи реактори «Аргус» барои солҳои 2016 - 2020 қабул гардид. Корҳои барқарорсозӣ ҳоло  дар доираи барномаи мазкур идома доранд. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Ҳикмат Муъминов, ноиби президенти Академияи илмҳои кишвар, сардори шуъбаи илмҳои физикаву математика, кимиё, геология ва техника, дар ин хусус аст.
- Мегуфтед, ки ҳадаф аз таъмир ва барқарор намудани реактори ҳастаии «Аргус» дар чист ва ба фаъолият пардохтани он дар рушди илми тоҷик чӣ нақше хоҳад дошт?
- Реакторҳои ҳастаӣ барои гузарондани тадқиқоти илмӣ лозиманд. Он дастгоҳест, ки пеш аз ҳама реаксияи ҳастаиро ба вуҷуд меорад. Маҳз ба ҳамин хотир, соли 1982 базаи техникии реактори ҳастаии «Аргус» ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ин маркази таҳлилӣ - ядроӣ бояд корҳои зиёдеро, ки барои самтҳои гуногуни  илм ва хоҷагии халқ пешбинӣ гардида буд, анҷом медод. Аммо, мутаассифона, реактор бо сабабҳои гуногун фаъолият накард. Вале, тавре ки медонем, рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба истифодаи технологияи муосир сахт алоқаманд аст. Реактори ҳастаии «Аргус» аз технологияи пешқадам ба шумор меравад. Ҳоло аз он дар ҷаҳон ҳамагӣ дуто мавҷуд аст. Яке дар  Маркази миллии тадқиқотии ба номи И. Курчатови Федератсияи Русия, дигаре дар Тоҷикистон. Ҳарчанд аз ихтироаш наздики 30 - сол гузашт, ҳанӯз аз он дида реактори хубтари дигаре пешниҳод нашуда.  Ба ин хотир, фаъол намудани ин реактор дар пешрафти илми  кишвар нақши созгор хоҳад бозид.
- Пас, масъалаи бехатарии он,  ки яке аз сабабҳои таъхирёбии  фаъолияти реактор буд, ҳалли худро ёфтааст?
- Солҳои аввале, ки реактор ба Тоҷикистон ворид гардид, як гурӯҳ донишмандон иддао доштанд, ки  ба фаъолият пардохтанаш ба муҳити атроф зарар хоҳад расонд. Вале, омӯзиш нишон медиҳад, ки он аз ҷиҳати экологӣ ва ҳам аз нуқтаи назари принсипҳои физикӣ комилан безарар мебошад. Хеле хурд буда, дар шакли маҳлулӣ фаъолият мекунад.
Тавре гуфтем, намунаи дигари он солҳост, ки дар маркази шаҳри Москва фаъолият дорад ва то ҳол ба муҳити зист ҳеҷ зараре нарасондааст. Ба ҷуз ин, назорати лоиҳаи барқароркунии реакторро аз нигоҳи бехатарӣ  Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба зимма дорад. Соли 2008 мутахассисони агентӣ аз реактор дидан карда, барои фаъол намуданаш иҷозат доданд.
- Шумо дар боло гуфтед, ки реакторҳо ба хотири гузарондани тадқиқоти илмӣ лозиманд. Бигӯед, ки бо реактори ҳастаии «Аргус» чӣ гуна пажӯҳишҳо анҷом дода мешаванд?
- Дар он тадқиқот бо усули нейтронфаъолгардонӣ анҷом дода мешавад. Ин  таҳлил дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои илми геология, саноати кӯҳӣ, хокшиносӣ ва муайян намудани сохтори маводи нави кимиёвии ҳосилшуда зарур мебошад. Нейтронфаъолгардонӣ соҳаи нав аст ва онро дар илм нейтронография мегӯянд.
Албатта, то ин дам дар кишвар усули нейтронфаъолгардонӣ истифода мешуд, аммо бо дигар роҳҳо. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки усули истифода мебурдаи мо шумораи хеле ками намунаҳоро  фаъол мегардонад, ки талаботи кишварро қонеъ намесозад. Дар ҳалли ин мушкилӣ ба мо реактори ҳастаии «Аргус» кумак хоҳад кард. Бо истифода аз «Аргус», ки нурафканиши нейтронӣ дорад, метавон наноплёнкаҳо, ки дар соҳаҳои нанотехнология, микробиология ва бахшҳои дигар талаботи зиёд дорад, ҳосил намуд.
Дар реактор, ҳамчунин, метавон иза-топ, ки на танҳо дар кишвар, балки дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд дорад, ҳосил кард.
- Дар бораи изатоп каме маълумот медодед? Он аслан дар кадом соҳа истифода мешавад?
- Аз солҳои 2000 - ум дар соҳаи тиб самти нав пайдо шуд, ки он аз физикаи ҳастаӣ истифода менамояд. Ин самт аз доруҳои тамоман навъи дигар истифода мебарад, ки он изатоп ном дорад. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон барои табобати инсон ва ташхиси  бемориҳо аз изатоп васеъ истифода мешавад. Миқдори ками изатоп имкон медиҳад, ки қалби инсон пурра ташхис ва натиҷаи он дар компютер нишон дода шавад. Бемории  шушро тавассути рентген муайян мекунанд. Аммо, собит гардида, ки афканишоти шуоъҳои рентгенӣ ба бунияи инсон  таъсири манфӣ дорад. Дар кишварҳои пешқадам  беморони шуш бо изатопҳои радиоактивӣ бо усули нафаскашӣ ташхис мешаванд. Собит гардид, ки изотоп нисбат ба рентгент 100 маротиба таъсири кам дорад. Дар тибби имрӯза бо ин усул ҳуҷайраҳои бемории саратон низ   нобуд карда мешаванд. Дар кишвари мо низ аз ин усули табобат истифода мебаранд. Лекин, изатоп аз хориҷи кишвар бо нархи хеле гарон ворид мегардад. Бар замми ин, то ворид шудан фаъолнокиаш ду баробар коҳиш меёбад. Зеро муҳлати фаъолнокии он хеле кӯтоҳ аст. Айни замон, дар кишвар роҳу усули ба даст овардани онро надорем. Ба фаъолият пардохтани реактори ҳастаии «Аргус» ин мушкилиро низ аз миён хоҳад бурд.
Ҳоло корҳо дар самти барқарор намудани реактор идома доранд. Тибқи лоиҳа он соли 2020 бояд ба истифода дода шавад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 182

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед