logo

Хабарҳо

Оғози сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65

Бахшида ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 - и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшид.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни муаррифии лоиҳа ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати беш аз 6 000 метри мураббаъ бунёд гашта, аз бинои зебову хуштарҳи чорошёна иборат хоҳад буд.
Тибқи иттилои масъулин, бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсусгардондашудаи фанҳои дақиқ, компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ,  толори варзиш, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тарҳу намуди бино таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ ва стандартҳои муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯ будани намуди берунаи он ба лоиҳакашон ва масъулини дахлдори шаҳр барои сари вақт ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019 - 2020 сохта, мавриди истифода қарор дода шавад.
Боиси тазаккур аст, ки бинои наву замонавии МТМУ № 65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 197

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед