logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР БОЯД БОШАД!

Дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истиқболи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръату сифати баланд ҷараён доранд. Аз ҷумла, сохтмони биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф дар арафаи анҷомёбист.
БИНОИ НАВИ МАҚОМОТ
Бино ба гуфтаи Ҳамид Ҳоҷатов, директори ҶДММ «Болдинг Компания», сохтмони бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2017 оғоз гардида, то имрӯз 90 дарсади корҳо сомон пазируфтаанд. Бино дорои 32 утоқи корӣ ва ду маҷлисгоҳ буда, барои сохтмон 80 коргар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Бо ёрмандии соҳибкорони маҳаллӣ дар атрофи иншоот боғу гулгашт ва фаввораҳо ҳам бунёд меёбанд. Дар ороиши иншоот усулҳои меъмории миллию аврупоӣ истифода шуда, дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
САЙЁҲӢ
Бадахшон агар даврозаи тиллоии Тоҷикистон бошад, Дарвоз дарвозаи тиллоии Бадахшон аст. Қариб тамоми сайёҳоне, ки нияти сайри Бадахшон ва кӯҳҳои осмонбӯси онро доранд, ҳатман дар Дарвоз таваққуф намуда, дар меҳмонхонаҳои замонавӣ («Карон Плаза» ва хостелҳо дар шароити хона) бо суруди рӯди Хумбов шаберо рӯз мекунанд. Субҳ чашм кушода, аз мавзеъҳои таърихию тамошоии минтақа дидан мекунанд ва баъдан роҳи гардишгариро идома медиҳанд.
Чизе, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб намуд, хостелҳо буданд. Сокинони ноҳия шахсан иқдом намуда, дар хонаву ҳавлиҳои хеш шароити пазироии сайёҳонро муҳайё намудаанд. Барои мо маълум аст, ки аксари гардишгарон дар хонаҳои мардум зиндагӣ кардан ва бадин восита аз рангорангии ҳаёти халқ огоҳ шуданро мехоҳанд.
Ҳоло расман дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 8 меҳмонхона, 11 хостел ва 10 ҳаммому нуқтаҳои ройгони хизматрасонӣ амал карда, мардумро бо кори доимӣ ва даромад таъмин кардааст.
- Хуб мебуд агар барои мо нақлиёти хизматӣ ҷудо шуда,  қад - қади роҳи асосӣ харитаҳои сайёҳӣ ва рекламаву овезаҳои тарғиботии минтақа насб карда шаванд. Зеро мо ҳамарӯза тавассути нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ қариб 140 километр ҳудуди ноҳияро гашта, ба сайёҳон роҳбаладӣ мекунем, - изҳор дошт Олим Сангов, мудири бахши сайёҳии ноҳия, ки соли 2017 таъсис дода шуд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия зиёда аз 3000 сайёҳи хориҷӣ ворид шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 264 300 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар ноҳия ширкати сайёҳии «М - Сайёд» фаъолият намуда, хизматрасонии худро бо роҳи шикори бузи кӯҳӣ ва фото - сафар ба роҳ мондааст. Дар баробари ин, ширкат дар мавзеи Яхчи мобайн ба сохтмони меҳмонхонаи сеошёна шурӯъ намуда, ҷалби бештари сайёҳонро ба нақша гирифтааст.
Ба андешаи мо, иқдоми масъулону сокинони ноҳия дар бобати рушди сайёҳӣ намунаи ибратанд ва аз он дар миқёси ҷумҳурӣ метавон васеъ истифода бурд.
ТАНДУРУСТӢ
Ноҳияи Дарвоз дорои як беморхонаи марказӣ, ду минтақавӣ бо фарогирии 150 кат, ҳафт маркази саломатӣ дар деҳот, 25 бунгоҳи  тиббӣ, як маркази ВНМО, пойгоҳи ёрии таъҷилӣ, маркази бемориҳои сил, маркази тропикӣ, стансияи эпидемиологӣ - санитарӣ ва маркази иммунопрофилактикӣ мебошад. Дар ин муассисаҳо дар маҷмӯъ 286 табибу корманд фаъолият доранд.
- Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015 - 2019» аксари муассисаҳои тандурустӣ азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин шуданд. Дар ин давра барои иҷрои барномаи мазкур корҳо ба маблағи 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, - иброз дошт сардухтури беморхонаи марказӣ Иматшо Давлатшоев.
Бино ба гуфтаи ӯ, беморхонаи марказӣ бо тамоми технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст.  Дар беморхона утоқи «Телемост» амал мекунад, ки табибону беморон тавассути он метавонанд ба таври фосилавӣ (онлайн) бо мутахассисони дохилу хориҷи кишвар машварат намоянд. Ин имкон медиҳад, ки касалиҳо ва сабабҳои хуруҷи он зудтар муайян шуда, беморон сари вақт ба беморхонаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ интиқол ёбанд. 
Барои такмил додани дониши табибон ҳашт компютери бо шабакаи интернет пайваст ва китобхона дар хидмати табибон қарор дорад. Инчунин, дар шуъбаи кӯдакони беморхонаи марказӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ утоқи дилхушии кӯдакон бунёд ёфт, ки тифлони бистаришуда аз он истифода мекунанд.
«КОХИ БОНУВОН»
Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Кохи бонувон» дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи - Хумб бо дӯхтани сарулибоси мактабӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия саҳми арзанда мегузорад. Ин корхона бо шуъбаи маорифи ноҳия шартнома дошта,  хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд.
«Кохи бонувон» соли 2015 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда, дорои 90 дастгоҳи либосдӯзӣ мебошад. Коргоҳ дар ҳолати рушд буда, дар он 88 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ корхона дар ҳаҷми 94,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
«Ҷумҳурият»

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 155

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед