logo

сиёсат

ВМКБ. ШИНОСОИИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни  сафари навбатӣ  ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иншооти бунёдшавандаи маъмурӣ, истеҳсолӣ, маишӣ, фарҳангию тандурустии  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  дидан намуд.
Дар ин сафар муовини Сарвазири мамлакатро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед  бо  гурӯҳи  мутахассисон  ва  роҳбарони  идораву  муассисаҳои    вилоятӣ  ҳамроҳӣ карданд. Гурӯҳи  корӣ  нахуст ба ноҳияи Роштқалъа сафар карда, бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  бинои нави беморхонаи  вилоятии  касалиҳои рӯҳӣ  шинос гардид. Ин бино дар майдони ду гектар доман паҳн карда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кати хоб мебошад. Айни замон, корҳо дар иншооти мазкур 95 дарсад ба анҷом расида, бинокорон ба ороишу мумфаршкунии роҳравҳои атрофи бино, инчунин, сафолакпӯш кардани саҳни беморхона машғуланд. Бинои беморхона аз ду ошёна иборат буда, се  иншооти  ба ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ мебошад. Беморхона бо лавозимоти корӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири тиббӣ   ҷиҳозонда  мешавад. Ҳамаи  ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ  ва ангиштсанг гарм  карда мешаванд. Муовини Сарвазири  ҷумҳурӣ  ба мутахассисон тавсия дод, ки қудрат ва тавоноии тавлиди гармии ҳар ду усулро дуруст омӯхта, усули  самарабахштарро  ба  кор  баранд. Зеро беморхона аз буҷети давлат маблағгузорӣ мегардад ва сарфа кардани маблағ  барои худи беморхона низ зарур аст.
Азим Иброҳим  аз  ҳавзи махсуси нигоҳдории  об, ки  дар  саҳни  беморхона  сохта  шуда, ҳангоми  сар  задани  сӯхтор  кормандони  хадамоти  оташнишонӣ  метавонанд  аз он истифода баранд, дидан  карда, бехатарӣ  аз  сӯхторро барои  беморхонаи  рӯҳӣ  махсус  таъкид  намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат, ҳамчунин, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,  воқеъ  дар  як мавзеи  хушманзараи  шаҳри  Хоруғ  боздид ба амал овард. Дар ин ҷо барои донишомӯзон беҳтарин шароити таълим муҳайё аст. Дар марҳилаи аввал Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  аз рӯи тахассуси иқтисод, заминомӯзӣ ва муҳити зист донишҷӯёнро ба таълим фаро мегирад. Ин нахустин донишгоҳ дар Тоҷикистон аст, ки таълим дар он пурра бо забони англисӣ сурат гирифта, дипломаш  дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Азим Иброҳим  аз ташкили факултаи иқтисод дар донишгоҳи мазкур хуш истиқбол карда, гуфт, ки воқеан, кишвари мо ба мутахассисони соҳаи иқтисод ниёз дорад. Ҳарчанд дар кишвар иқтисоддонҳои варзида зиёданд, аммо дар байни онҳо иқтисодшиносони сатҳи байналмилалӣ камшуморанд.
Пас, муовини Сарвазир ва раиси вилоят ба қисми марзбонӣ омаданд. Соли равон дар ин қисми низомӣ як қатор биноҳои таълимию фарҳангӣ ва корхонаи истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд.  Муассисаи таълимӣ барои 240 ҷои нишаст, кӯдакистон барои таълим ва тарбияи 120 кӯдак, кошонаи ҳусн ва сартарошхона бунёд меёбанд. Муовини Сарвазир зимни боздид аз муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва маишӣ изҳор намуд, ки сокинони маҳаллӣ низ метавонанд аз хизмати онҳо истифода баранд.  Ҳамчунин,  мутахассисон - омӯзгорони ҷавони    шаҳри  Хоруғ, ки алъон ҷои кор пайдо накардаанд, имкон доранд дар мактаб ва кӯдакистони  қисми  ҳарбӣ фаъолият намоянд. Дар ин қисми марзбонӣ рӯзҳои наздик маркази таълимӣ барои 640 сарбоз ифтитоҳ мегардад ва  хизматчиёни  ҳарбӣ ҳангоми хизмат   дорои ин ё он тахассус гардида, ба зодгоҳи худ бармегарданд. Дар ин ҷо  мутахассисони варзида ба сарбозон касбҳои ронандагӣ, ошпазӣ, алоқачӣ, фелдшерӣ ва амсоли инҳоро меомӯзонанд.
Муовини Сарвазир, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигари бунёдшаванда   шинос шуд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

 

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 464
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед