logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз мешавад
ЧОР СОҲИБХОНА
Шумо дар расм қисми мураббаъшакли заминро бо чор хона, чор дарахт, чоҳ дар марказ ва деворҳои ҷудокунандаро бо чор дари даромад (D)  мебинед.
Оё Шумо метавонед ин заминро тавре тақсим кунед, ки ба ҳар як соҳибхона қисми бо ҳамдигар баробари он расад: яктогӣ дарахт, дари даромад, қисми дарозии якхеладоштаи деворҳои ҷудокунанда ва роҳи озод ба чоҳ, ки қисми замини ҳамсояро намебурад?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
ЭЛИС ТЕН – РОБЕРТС
Ҳамаи мо Алберт  Эйнштейн ва қобилияти нотакрори зеҳнии ӯро, ки ба 160 баробар буд, хуб медонем. Акнун, тасаввур кунед, ки дар синни 2 - солагӣ сатҳи зеҳнии Элис Тен – Робертс аллакай баробар ба 156 буд. Ӯ дар 5 - моҳагӣ ба ҳарф задан ва дар 7 - моҳагӣ ба роҳ рафтан оғоз намудааст. Дар якунимсолагиаш пойтахти ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро медонист ва ба навиштан оғоз кард. Дар 2 - солагӣ ҷавонтарин узви ташкилоти «Менса» гашт, ки дар он аслан одамони сатҳи IQ – ашон баланд шомиланд.
«Мо намехоҳем, ки сатҳи зеҳниаш поин равад. Ҳамзамон, намехоҳем, ки танҳо барои мувофиқ намудани донишаш ба одамони сатҳи зеҳниашон баланд талош варзад. Ягона орзуямон ин аст, ки духтари мо хушбахт бошад ва аз шириниҳои ҳаёт лаззат барад», - мегӯяд падараш Эдвард. Ҳоло Элис 10 - сола асту барои дониши бештар андӯхтан талош дорад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ 


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон аслан барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин воқеан ҳам, аҷиб аст.
Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» аз ҳамин хусус қисса мекунад. Бо мо бошед!
ҶУБРОН
Ҳолати судие, ки баъдан, хеле машҳур гардид, шикояти як пирзан нисбат ба истеҳсолкунандагони тафдон мебошад. Пирзан пофишорона масъулони ширкатро ба он муттаҳам мекард, ки дар тафдони сӯзон манъ будани хобондани гурбаро дар дастурамали худ нишон надодаанд. Баъд аз он ки пирзан гурбаи дар тафдон сӯхтаву пажмурдашударо ба ҳозирин намоиш дод, суд бедудилагӣ ҳукм баровард, ки ба пиразан дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА ҷуброн пардохт шавад ва, минбаъд, дар дастурамали истеҳсолкунандагони тафдон бехатарии гурбаҳо ба таври ҳатмӣ дарҷ гардад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


НОБЕЛ. ЯК БОЗГАШТИ АҶИБ
Ин воқеаи шигифтангез бо биологи бузург Ҷеймс Уотсон рух дод. Уотсон ва ҳамкасбонаш соли 1962 барои кашфи ДНК ва сохтани амсилаи сохтори он сазовори Ҷоизаи Нобел шуданд. Ин кашфиёт дар дунёи илм инқилоб ба амал оварда, ба рамзкушоии геноми одам мусоидат кард. Солҳои охир олим ба таҳқиқи саратон ва ҷустуҷӯи давои он машғул аст.
Пас аз қатъ кардани пардохти ҳаққи қалам барои китобҳои дарсияш ягона манбаи даромади Уотсон маош монад. Онро барои рӯзгор сарф кунад ё идомаи тадқиқот? Нарасидани пул кори тамоми умрашро зери хатар гузошт. Аз ин рӯ, олим, сарфи назар аз муҳимии мукофоти волотарини худ, соли 2014 ночор тасмим мегирад, ки медали нобелияшро фурӯшад.
Медал охири ҳамон сол ба музоядаи “Christie's” гузошта шуду харидори номаълуме бо сарфи қариб 5 миллион доллар онро соҳиб гардид. Аҷаб ин аст, ки баъди чанде шахси номаълум онро ба соҳибаш баргардонд!
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ЖИЛЕТ ВА ҶИЛЛЕТ Ё РИШГИРАК ЧӢ ТАВР ИХТИРОЪ ШУД?
Субҳи 1885. Кинг Ҷиллети амрикоӣ, ки аз расидани ришаш асабӣ шуда буд, ногаҳон чашмаш ба металли биринҷӣ афтод. Он металлро, ки порае аз пружинаи соати деворӣ буд, бо сӯҳон сайқал дода, ришгирак сохт. Асбобе, ки имрӯз миллионҳо нафар аз он истифода мебаранд.
Воқеан, вақте Ҷиллет хост ихтирои худро дар хидмати омма гузорад, бештари олимону дӯстонаш ба ҳоли ӯ хандиданд ва аз ҷиҳати молӣ дастгириаш накарданд. Вале ӯ рӯҳафтода нашуд, баръакс, теғҳои гуногуни дамдорро сохтан гирифт ва дар шаклу сифати ришгирак навгониҳо даровард.
Ниҳоят, соли 1901 аввалин ришгиракҳои бехатар ба фурӯш бароварда шуданд ва Ҷиллет аз нахустдаромади он - 5 ҳазор доллар, ширкати хусусӣ таъсис дод. Шояд, аксарият надонанд. Номи ришгираке, ки имрӯз бештар «жилет» - аш мегӯем, аз номи ҳамин олим гирифта шудааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


РӮЗИ ПИСТА ДАР САН - ПАУЛО
Сан - Пауло, шаҳре, ки ҳамчун маркази бузурги тиҷоратии Амрикои Ҷанубӣ шинохта мешавад, дар рӯи дарёи Тиете ҷойгир аст ва 21 миллиону 297 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Дар шаҳр ончунон сабукрав бисёр аст, ки ба масал, "ҷои сӯзанпартоӣ намеёбӣ". Аз ин рӯ, бисёр сарватмандон барои равуо аз чархбол истифода мебаранд. Аз рӯи теъдоди майдончаҳои чархбол Сан - Пауло дуюмин шаҳри дунёст. Соле беш аз 12 миллион сайёҳ ба тамошои шаҳр меояд. Аҷаб ин аст, ки мардуми ин шаҳр иде доранд бо номи Рӯзи писта. Агар шумо ҳаводори писта бошед, ҳатман ба ин шаҳри бразилӣ сафар кунед.
Таҳияи Кароматулло АТО


10 КИШВАРИ СЕРТАМОШОБИНИ ДУНЁ
Ин маротиб дар саҳифаи «Шоми шанбе» зери рубрикаи 10 кишвари сертамошобини дунё  мо хонандагонро бо мамлакатҳое ошно месозем, ки аз лиҳози қабули теъдоди сайёҳон дар даҳгонаи аввал қарор доранд.
1. ФАРОНСА
Зебоии бузургшаҳрҳои Фаронса, аз қабили Париж, Нитса, Марсел, Страсбург, Тулуза, Берд, Лион ва ғайра, диққатҷалбкунанда ва нотакроранд.  Байни садҳо иншооти бузургу таърихӣ манораи Эйфел машҳуртарин ёдгорӣ маҳсуб ёфта, макони ҳамешагии сайёҳон гардидааст. Фаронса чун кишвари зебо ва мутараққии олам эътироф гардида,  ҳамасола аз ин кишвари афсонавӣ зиёда аз 80 миллион сайёҳи хориҷиву дохилӣ дидан мекунанд. Даромад аз ҳисоби сайёҳӣ 9 дарсади ММД - и кишварро ташкил дода,  соли 2017 аз ин кишвар наздики 90 миллион сайёҳ дидан кардааст. Воқеан, дар  Фаронса  соҳаи  сайёҳӣ  рушд карда, аз ин  ҳисоб 3 миллион аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ  таъминанд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


«БЕЛАЗ». АВТОМОБИЛЕ, КИ 450 ТОННА БОР МЕГИРАД
Автомобили аз ҳама калонтарини боркаш дар сайёра «БелАЗ - 75710» мебошад, ки дар Беларус сохта шудааст. Автомобили «БелАЗ -75170» - и Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «БелАЗ» маҳсули  тахаюли инженерӣ буда, дар ҷаҳон аз рӯйи  борбардорӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Зеро он 450 тонна бор мегирад. Рақибони наздиктарини он аз Амрико ва Аврупо иқтидори бардоштани 336 тонна борро доранд.
Вазни автомобил  810 тонна буда, бо суръати то 64 кмсоат ҳаракат мекунад. Чор ҷуфт чархҳои  азимҷуссаи онро электромоторҳо ба ҳаракат медароранд, ки аз ду генератори дизелии тавоноии ҳар кадомашон 4600 қувваи асп дошта барқ мегиранд.
«БелАЗ» на танҳо аз рӯи борбардорӣ, балки аз рӯи тавоноиаш низ рекорд гузоштааст.
Таҳияи Матлубаи  АБДУҚАҲҲОР


ЯК...
Як дарахт метавонад оғози як ҷангал бошад.
Як табассум метавонад оғози як дӯстӣ бошад.
Як даст метавонад ёрирасони як инсон бошад.
Як калима метавонад баёнгари як ҳадаф бошад.
Як шамъ метавонад поёни торикӣ бошад.
Як табассум метавонад поёни ранҷишу дилтангӣ бошад.
Як сухани умедбахш метавонад рӯҳбаландатон кунад.
Як навозиш метавонад баёнгари меҳратон бошад.
Як зиндагӣ метавонад хушиву ғамҳои зиёд дошта бошад.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА


ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
ЧАШМОНИ УҚОБӢ
Баъзан дар филмҳо қаҳрамонҳоеро  вомехӯрем, ки чашмони чун уқоб тезбин доранду пашаро дар масофаи фарсахҳо дур мебинанд. Лекин дар ҳаёти воқеӣ низ чунин нафарон ҳастанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Олмон Вероника Сейдер мебошад, ки ҳамчун тезбинтарин бонуи олам шуҳратёр гаштааст.
Тадқиқот муайян кард, ки биноии чашмони ӯ нисбат ба одамони муқаррарӣ 20 маротиба зиёд аст. Одатан, инсон барои дидани ашёе, ки аз ӯ 6 метр дур аст, мушкилӣ мекашад. Аммо Вероника бе истифодаи дурбин хурдтарин чизро дар масофаи 1500 метр бемамониат мебинад. Исбот шудааст, ки ӯ дар масофаи 1,6 километр одамонро аз ҳам фарқ карда метавонад. Вероника ҳамчун тезбинтарин фарди ҷаҳон шомили “Китоби рекордҳои Гиннес” мебошад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


КАЙҲОН. КАШФИЁТИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ
Гурӯҳи олимон муайян карданд, ки дар таркиби кометаи Лавҷой  (номи рамзиаш С/2011 W3), 20 навъи молекулаҳои органикӣ, ҳамчунин, молекулаҳои  шакар ва спирт мавҷудаст.
Ин кометаи даврӣ моҳи ноябри соли 2011 кашф шуд. Тибқи ҳамаи нишондодҳо қутри он бояд на кам аз 500 метрро дар бар гирад. Ҳоло маълум нест, ки дар думи газу чангии кометаи Лавҷой ҳамаи ин аз куҷо пайдо шудааст. Мумкин аст, ки онҳо дар ҷараёни сафари комета дар кайҳон «ғундошта» шудаанд. Тибқи тафсири дигар ин пайвастагиҳо аз абрҳои бузурги молекулавии байниситоравӣ, ки системаи офтобиро ташаккул додаанд, ба вуҷуд омадааст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


ЭЪТИРОФИ СТАЛИН
Ниҳоят соли 1944 роҳбарони  СССР ва Фаронса бо ҳам забон ёфтанд. Баъди мулоқоти рӯ ба рӯ  Сталин меҳмони худ Шарл де Голлро васф карда, чунин мегӯяд:
- Аз суҳбати  шахсе, ки медонад, ки чӣ мехоҳад, ҳаловат мебарам, ҳарчанд назари ӯ хилофи мавқеи ман ҳам бошад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


“МАЛИКАИ БИЁБОНҲО”
Биёбони калонтарини олам Саҳрои Кабир буда, масоҳаташ зиёда аз 9 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Саҳрои Кабир дар қисмати шимолии Африқо доман густурда, дар ҳудуди он 10 кишвар ҷойгир аст. Онро “Маликаи биёбонҳо” низ ном мебаранд.
Дар навбати худ, хурдтарин биёбон Каркросс ном дошта, масоҳаташ ҳамагӣ 2,6 километри мураббаъ аст. Он дар давраи Яхбандии бузург дар Канада пайдо шуда, бо табиати нотакрораш яке аз мавзеъҳои ғайриодии олам ба шумор меравад. Ин мавзеи дӯстдоштаи сайёҳон аст.
Таҳияи Комрон ЗИКРУЛЛО


ВАРАЛОП. ҶАВОНЕ, КИ ДАР ЯК ОНИ ВОҲИД САРВАТМАНД ШУД
Варалоп ном ҷавони таиландӣ аз метро ҳамёни пур аз пулеро ёфт. Худаш бехонаву бекор бошад ҳам, корту пулҳои ҳамёнро барои эҳтиёҷоташ сарф накард. Ҳамёнро бо тамоми дороияш ба пулис супурд.
Соҳиби ҳамён зуд ёфт шуд. Ӯ сарвари яке аз корхонаҳои азими кишвар Ниити Понгкрайнос будааст. Понгкрайносро поквиҷдонӣ ва софдилии Варалоп ба ҳайрат овард. Пас аз шиносоӣ бо Варалоп Понгкрайнос ӯро дар корхонааш ба кор гирифту бо хона ҳам таъмин намуд.
Ҳоло Варалоп моҳе беш аз 3000 доллар маош мегирад ва дар манзили шахсии худ иқомат дорад.
Таҳияи М. ПАЙК


ШАҲРҲОИ  ХУРДУ ЛОИҲАҲОИ  БУЗУРГ
Дар ҷаҳон шаҳрҳое низ ҳастанд, ки бо ин ё он сабаб ба сокинон эҳтиёҷ доранд. Барои зиндагӣ ва кор дар ин шаҳрҳо ҳокимияти маҳаллӣ ба хоҳишмандон маблағи зиёде ҳам ҷудо мекунад.
Агар шумо фасли зимистон  манзараи сап - сафед ва муҳити оромро дӯст доред, зиндагӣ дар Аляска барои шумост. Дар Аляска фонди махсуси ҳукуматӣ фаъолият мекунад, ки барои зиндагӣ дар минтақаи шимолӣ ба ҳар сокин 4 ҳазор доллар дар як моҳ ҷудо намудааст.
«Парижи Ғарбӣ», «Пойтахти автомобилии ИМА» - ин ҳама унвонҳои ифтихориро шаҳри Детройт дар нимаи дувуми асри ХХ аз даст дод. Детройт мехоҳад аз нав обод шавад. Барои ҳалли ин масъала барномаи наверо бо номи «Challenge Detroit» ба кор андохтанд. Барои онҳое, ки дар ин шаҳр зиндагӣ ва кор кардан мехоҳанд, 2,5 ҳазор доллар пешниҳод мешавад.
Саскачевани Канада барои хатмкунандагони макотиби олӣ (баъди соли 2010) зиндагии доимиро пешкаш мекунад. Барои онҳое, ки ба Саскачеван хоҳиши омадан ва кор карданро доранд, 20 ҳазор доллар ҷудо карда мешавад.
Дар яке аз ҷойҳои зеботарин зиндагӣ кардан ва боз маблағ гирифтан  хеле аҷиб аст. Ҳукумати ин ҷо барои хатмкунандагони донишгоҳҳо 7 ҳазор долларро ба сифати ҳавасмандгардонӣ барои кор дар корхонаҳои маҳаллӣ ва дар наздикии шаршараи Ниагара дар муддати ду сол ҷудо кардааст.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ШАМОЛ МАҶРОЯШРО ДИГАР КАРД…
Барои он ки дучархаронҳоро аз шамоли пуршиддати ҷанубу ғарбӣ ҳимоя намоянд, дар қад - қади роҳҳои бешумори дучархаронии Ҳолландия, ки сафи дӯстдорони дучарха хеле зиёд аст, ғавҳои баланди дифоӣ сохтанд. Онҳо ҳамчун девор дучархаронҳоро аз шамоли пуршиддат ҳимоя мекарданд. Ҳамин ки дар мавзеи 360 – метрии роҳи зери Утрехт ғави баландиаш думетраи муҳофизатӣ бо харҷи 1 миллион гулден сохта шуд, шамол самташро ба шимоли шарқӣ тағйир дод. Дучархаронҳо аз роҳҳои муҳофизатшаванда худро дур мегирифтанд, зеро акнун шамол ба ғави мустаҳкам бармехӯрд ва сафар бо дучархаро ба саргузашти пурмоҷарои хавфнок табдил медод.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


КАШФИ 20 СЕПТИЛЛИОН ДОЛЛАР АЛМОС ДАР ҚАЪРИ ЗАМИН
Олимон ҳангоми бо садомавҷҳо тадқиқ кардани ҷуқуртарин қабатҳои замин мушоҳида намуданд, ки садо аз баъзе ҷинсҳо чандин маротиба тезтар мегузарад. Баъди омӯзиши амиқ онҳо ба хулосае расиданд, ки ба кони фавқулодаи азими алмос дучор омадаанд.
Мувофиқи баҳои тахминӣ, ин квадриллионҳо тонна санги қиматбаҳост. Агар бо қурби кунунӣ арзиши алмосро ҳисоб кунем, дар қаъри замин тақрибан ба миқдори 20 септиллион доллар (бо 25 сифр) ганҷ нуҳуфтааст. Аммо гумон аст, ки ягон вақт онро берун оранд.
Ин тӯдаҳои алмос дар чуқурии тахминан 200 километр қарор доранд ва техникае нест, ки қудрати кандани чунин чоҳро дошта бошад. То имрӯз чоҳи чуқуртарини бо парма кофташуда Колски Русия мебошад. Дар ин ҷо барои то чуқурии 12200 метр расидан 20 сол заҳмат кашиданд.           
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ  ОЛАМ
3.  «МИЧИГАН СТЭДИУМ»
Гунҷоиши ин «косаи» бузург 109 901 нафарро ташкил медиҳад. «Мичиган Стэдиум» варзишгоҳи азимтарини қитъаи Амрикои Шимолӣ ва нимкураи ғарбии сайёра маҳсуб меёбад. Иншоот ҳанӯз соли 1927 сохта шудааст. Дар ибтидо 72 000 ҷои нишаст дошт. «Мичиган Стэдиум» майдони хонагии дастаи футболи Донишгоҳи Мичиган – «Michigan Wolverines» мебошад.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2018    №: 172    Мутолиа карданд: 415

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед