logo

Хабарҳо

ОЛИМПИАДАҲОИ НАВРАСОН. Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Чуноне ки хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доранд, дар ноҳияи Рӯдакӣ нахустин олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ - риёзӣ байни толибилмони синфҳои 5 - 8 баргузор гардид. Дар он 420 нафар хонанда иштирок намуд.
Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои иштирок дар даври минтақавии олимпиада кӯшишу ғайрати зиёд ба харҷ додаанд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Рӯдакӣ дар он фаъолона ширкат варзида, сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ) гардиданд. Толибилмон аз шаҳри Ҳисор сазовори 8 ҷой (2 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ), ноҳияи Рашт 3 ҷой (1 нуқра, 2 биринҷӣ), ноҳияи Шаҳринав 3 ҷой (3 медали биринҷӣ), шаҳри Турсунзода сазовори 2 ҷой (1 нуқра, 1 биринҷӣ), шаҳри Ваҳдат сазовори 1 ҷой (1 медали нуқра), ноҳияи Тоҷикобод сазовори 1 ҷой (1 медали нуқра) гардиданд.
Таҳлили ҷамъбасти олимпиадаҳои минтақавӣ нишон медиҳад, ки дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Тибқи муқаррароти низомномаи олимпиада бояд аз ҳар шаҳру ноҳия 6 - нафарӣ пешниҳод карда мешуданд. Аммо на дар ҳамаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи мазкур диққати махсус зоҳир намуданд. Масалан, аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Сангвор, Лахш аз шумораи умумии иштирокдорон ягон нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нагардиданд.
Хуршедшо КАРИМОВ, муовини директори Маркази
ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 169

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед