logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. Вусъати корҳои ободониву созандагӣ

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони майдони Парчами давлатӣ, кӯдакистон, маркази саломатӣ ва коргоҳи қолинбофӣ босуръат идома дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, майдони Парчами давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд ёфта, мувофиқи лоиҳа баландии сутунпояи он 50 метрро ташкил хоҳад дод. Инчунин, дар ин мавзеъ фаввораҳои гуногун, нишастгоҳҳои замонавӣ сохта шуда, ҳудуди майдон чароғон ва сабзу хуррам мегардад.
Дар баробари ин, бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Бобоҷон Шамсиев дар маркази ноҳия кӯдакистони сеошёнаи замонавӣ бунёд мешавад, ки барои 240 нафар пешбинӣ гардидааст. Он аз утоқҳои корӣ, ошхона, толор барои гузарондани чорабиниҳо, пешайвон ва майдони бозии кӯдакон иборат аст. То имрӯз қисми бештари корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, бино ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст.
Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия аксари корҳои сохтмонии маркази саломатӣ, ки аз ду ошёна иборат мебошад, ба итмом расидааст. Иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” бунёд меёбад. Марказ дорои 21 ҳуҷра буда, дар он 32 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бошад, бунёди коргоҳи қолинбофӣ дар арафаи анҷомёбист. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исмоил Самадов бунёд ёфта, дастгоҳҳои он аллакай васлу насб шудааст. Коргоҳ то 20 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 180 метри мураббаъ қолинро ташкил медиҳад.
Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 226

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед