logo

Хабарҳо

ДКМТ. ЯК ҚАДАМИ ҶИДДӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат доимо даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати  тайёр кардани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамкориро бо беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дуру наздик бояд ба роҳ монд. Дар ин замина Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, қадами ҷиддие пеш гузошт.
Дар арафаи оғози соли таҳсил донишкадаи мазкур бо яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари Чин - Донишгоҳи давлатии технологияи шаҳри Кунмин шартномаи ҳамкориро ба имзо расонд. Тавре Мухтор Фозилзода, ректори Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон иброз дошт, дар таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи мамолики ҷаҳон боз як заминаи боэътимод оид ба табодули таҷриба ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони муосир гузошта шуд.
Донишгоҳи технологияи шаҳри Кунмини Чин дар қатори 40 донишгоҳҳои беҳтарини ин кишвар шомил буда,  мутобиқи 64 барнома аз рӯи 200 ихтисос, мутахассисонро омода месозад.
Донишгоҳи давлатии технологияи шаҳри Кунмин бо 70 макотиби олии кишварҳои ИМА, Олмон, Фаронса ва Англия ҳамкорӣ дорад.
Бино ба иттилои Мухтор Фозилзода, панҷ нафар донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати таҳсил ба ин донишгоҳ фиристода мешаванд.
- Алҳол донишкада бо 100 макотиби олии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ дорад. Соли гузашта бо дастгирии ширкати саноатӣ - кӯҳии Тоҷикистону Чин 25 нафар донишҷӯёни тоҷик дар 3 донишгоҳи технологии Чин, ки мутахассисони соҳаи геологияро омода месозанд, таҳсил намуданд,  - мегӯяд Фозилзода.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 298

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед