logo

иқтисод

ФУРӮЗОНАКҲОИ СИМОБДОР. ҶОЙИ ОНҲО ПАРТОВГОҲ НЕСТ!

Дар  шаҳри Душанбе барои  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва симобдори корношоям дар ҷойҳои алоҳида 130 қуттӣ бо ишораю навиштаҷоти махсус  гузошта  шудааст. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори  корношоям  амал менамоянд.
Мутаассифона, аксари шаҳрвандон фурӯзонакҳои симобдорро ҳанӯз ҳам бепарвоёна ба партовгоҳҳо мебаранд.  Дар бисёри ҳолат кори ба партовгоҳ бурдани партови манзили зистро калонсолон ба  наврасон вогузор менамоянд ва бо ин сабаб қоидаи ҷамъоварии фурӯзонакҳои симобдор риоя намегардад. Агарчи реҷаи партофтани партовҳо, тибқи қарори раиси шаҳр, муайян гардидааст, рӯзона низ лампаҳои симобдорро дар  партовгоҳҳо оварда мепартоянд. Ин ҳолат аз масъулони соҳа назорати ҷиддиро тақозо мекунад.
Нурулло Раҳимов, сардори раёсати  ҳифзи муҳити зисти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  доир ба  масъалаи мазкур иброз дошт, ки   бо сабаби қонунвайронкунӣ дар ин самт  як қатор шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, сардорони нозиротҳои идоракунии хизматрасонии фонди манзилӣ ва сардорони муассисаҳои истифодабарии манзили №№ 6, 3 дар пойтахт Суҳроб Раҳматов, Шоҳрух Мадисоев, Меҳроҷиддин Қиёмуддинов, Хуршед Бобоев, Ҷовиддин Тешаев, Силсиламоҳ Азимова,  Зарофат Темурзода,  Алишер Баротов ва Абдулвосиф Ҳусейнов ҷаримабандӣ шуданд. 
Ҳамчунин, барои риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқол додани лампаҳои симобдори аз истифода баромада аз аввали сол то инҷониб нисбат ба  23 нафар, аз ҷумла мансабдорон, протоколҳои маъмурӣ  тартиб дода,  22250 сомонӣ ҷарима  баста шуд.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи муҳити зист яке аз вазифаҳои муҳими ҳар фарди ҷомеа ва ба нафъи тамоми  мардум  мебошад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2018    №: 172    Мутолиа карданд: 346

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед