logo

иҷтимоиёт

ЛИБОСИ МАКТАБӢ. ТАЪМИНИ СИФАТ ВА РАҚОБАТПАЗИРӢ

Саноати дӯзандагӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа рушд ёфт. Корхонаю коргоҳҳои нав бунёд ва корхонаҳои амалкунанда аз нав муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Бо ин роҳ, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда низ беҳтар гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар соли 2017 ба 203 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар муқоиса ба  соли 2006 сеюним баробар зиёд аст.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ 1 миллиону 81 ҳазор ададро ташкил дод. Давоми моҳҳои январ - июли соли равон бошад, корхонаҳои соҳа 523 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор зиёд аст.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши вазъи воқеии истеҳсоли либоси мактабӣ ва муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба рушди соҳа аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои мамлакат гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якҷо бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо истеҳсолгарон, соҳибкорон ва шахсони мутасаддӣ вохӯриҳо гузаронда, масъалаҳои ҷории истеҳсоли либоси мактабиро  баррасӣ менамоянд.  
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои босамар дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо вазъ ба куллӣ дигаргун шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон, Қубодиён, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Рӯдакӣ, Роғун, Айнӣ ва Деваштич, ки соли гузашта истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда нашуда буд, мутахассисон ҷалб гардида, истеҳсоли либоси мактабии писаронаю духтарона ба роҳ монда шуд.
Алҳол масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе баҳри таъмин намудани толибилмон бо сарулибоси мактабии ватанӣ намоиш – фурӯши либоси мактабиро дар назди чанд корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе, «Кооператор» - и шаҳри Кӯлоб, «Каёнуш» - и ноҳияи Данғара, «Коргоҳи дӯзандагӣ» - и шаҳри Бохтар, китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри  Хуҷанд ва ҶДММ «Даҳбед» - и  шаҳри Ҳисор ба таври доимӣ ташкил намудаанд.
Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, гуфт, ки тибқи қарори раиси шаҳр, Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ (назди маркази савдои «Меҳргон»), Шоҳмансур (назди маркази савдои «Ёқут-2000»), Фирдавсӣ (назди маркази савдои «Ганҷина» ва «ИИ Нассоҷии Тоҷик») ва Сино (назди маркази савдои «Ёвар»)  аз 6 августи соли 2018 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ташкил карда шудааст, ки то охири моҳ идома меёбанд.
Ҷиҳати рушди истеҳсолот, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазир истеҳсол намудани либоси мактабӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади коҳиш додани арзиши либоси мактабӣ воридоти фурнитура барои истеҳсоли либоси мактабӣ барои корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, аз пардохти боҷи гумрукӣ, ҳамчунин, фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.
Ш. АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2018    №: 173    Мутолиа карданд: 497
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед