logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шом корвони маърифату фарҳанги шаҳри Левакант  таҳти унвони «Тантанаҳои истиқлолият» ба деҳаҳои дурдасти шаҳр сафар мекунад.
Ба наздикӣ дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдат чунин чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва илмию маърифатӣ баргузор гардид. Иштирокчиён, ки аксаран шоҳиди бевоситаи ҷанги таҳмилии солҳои навадуми асри гузашта буданд,  зимни суханронӣ аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, талошу муборизаи мардуми тоҷикро барои расидан ба он ва мақоми устувор касб кардани Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷаҳон зикр карданд.
Наргис Қурбонова, муовини раиси шаҳр, иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ - орзую ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик дар натиҷаи муборизаи озодихоҳонаи ҳазорон фарзандони фарзонаи миллат муяссар гардидааст. Аз ин рӯ, ин ҷашн барои ҳар яки мо муқаддас аст ва мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва пояндаву ҷовидон нигоҳ дорем.
Дар суханронии иштирокчиён бузургии нақши  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр таҳти унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои ҷавонон» конфронс баргузор шуд, ки дар он нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр муҳим арзёбӣ гардид.
- То имрӯз варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявию вилоятӣ 150 медал ба даст овардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 55 адад зиёд аст. Ин дастовард туҳфаи хуби ҷавонони шаҳр ба Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - гуфт Ҷумъахон Одинаев, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 223

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед