logo

иқтисод

ОБ ВА ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛАИ НАВ

Айни ҳол татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028" - пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хуш пазируфта шудааст, идома дорад.
Мутобиқи Қатъномаи МУ СММ, ҳадафи асосии даҳсола  ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ мебошад. Дар асоси санади мазкур доир ба ҳифзи захираҳои обӣ, коҳиш додани суръати обшавии пиряхҳо, тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани об ва беҳбудӣ бахшидани вазъи обёрии заминҳои кишт  барномаю лоиҳаҳои дахлдор роҳандозӣ шуда, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ вусъат мегиранд.  
Тавсеаи  ҳамкорӣ ва ширкат дар ҳамаи сатҳҳо барои татбиқи вазифаю ҳадафҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, такмили дониши кормандони соҳа ва осонгардонии дастрасӣ ба донишу таҷрибаи пешқадам дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа мешаванд.
Амалисозии иқдоми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  самти  ҳифзу  истифодаи  оқилонаи  захираҳои  обӣ  ва   фароҳам   овардани  шароит   барои  дастрасӣ ба  оби  тоза  ва  санитария баъд аз роҳандозии  Соли байналмилалии «Оби тоза» (2003), Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти «Об  барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015» ва  Соли байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), яъне пас аз  андӯхтани  таҷрибаи ғанӣ дар ин самт сурат гирифта, ҳамкории давлатҳоро дар ин ҷода мустаҳкамтар намуд ва барои татбиқи барномаю нақшаҳои дарозмуддат заминаи боэътимод фароҳам овард. Дар доираи ин иқдомҳои башардӯстона  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои байналмилалии зерин дар соҳаи об гузаронда шуданд: Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»  (моҳи июни соли 2010), Конференсияи ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (моҳи августи соли 2013) ва Конференсияи сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (моҳи июни соли 2015).
Натиҷаи баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи об зимни конференсияҳои номбурда ва чорабиниҳои дигар дар раванди амалисозии даҳсолаи навбатӣ ба инобат гирифта шудааст. Мувофиқи Қатънома ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷиҳати расидан ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳитизистӣ,  пеш аз ҳама, ба муҳайё намудани шароити корӣ барои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ  дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ равона гардида, қариб тамоми паҳлуҳои зарурии масъалаи бартарафсозии мушкилоти норасоӣ ва ифлосшавии об ба эътибор гирифта шудаанд. Ин масъалаҳо, ҳамчунин, дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки моҳи июни соли равон дар Душанбе доир гардид, таъкид шуданд. Аз ҳадафҳои даҳсолаи нав бармеояд, ки истифодаи дурусти барномаи мазкур садсолаҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори фароҳам овардани шароит барои  дастрасӣ ба об ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ манфиат мебахшад ва эътибори кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ торафт баландтар менамояд. 

Ҷамшед СУЛТОНЗОДА, котиби судии суди иқтисодии
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 382

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед