logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. ҚАЛАМРАВИ ТАЪРИХИИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз сӯи қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса донишварону соҳибназарон, аҳли маориф ва фарҳанг, истиқболи гарму самимӣ ва ҳамовозии густардае пайдо намуд. Зеро дар партави ин иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ҳадафҳои наҷиби давлатдорӣ ва, дар навбати аввал, истифодаи босамар аз имкониятҳои мавҷудаи мамлакати мо ба хотири таъмини рушди устувори он ва рӯзгори босаодати мардум қарор мегирад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ ба шумор меравад, ки бояд аз он ба таври зарурӣ ва босамар истифода бурд. Зеро сарчашмаҳои куҳани таърихӣ собит намудаанд, ки ҷуғрофиёи таърихии қаламрави кишвари мо макони сайру саёҳати шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, сайёҳону ҷаҳонгардон буд. Бо сабаби вуҷуди шохаҳои таърихии Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон, кишвари мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, гардишгарону сафирон, суханварону соҳибназарон қарор дошт. Дар канори ин, Пешвои миллат дар Паёми худ баробари эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъкид доштанд, ки бояд дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба  кишвари транзитӣ табдил дода шавад. Албатта, ин андешаи фардоафрӯз ва оянданигаронаи Пешвои миллатро ағлаби сарчашмаҳои таърихӣ низ таъкид мекунанд, ки воқеан ҷуғрофиёи Тоҷикистони имрӯза дар гузашта низ яке аз қитъаҳои асосӣ ва меҳварии Шоҳроҳи бузурги Абрешим буда, хати ҳаракати аксари сайёҳону мусофирон аз манотиқи мухталифи кишвари мо мегузашт. Мавҷудияти ахбори муҳим дар китобҳои “Бобурнома” - и Бобур Мирзо, “Рӯзномаи сафар ба Самарқанд” - и Руи Гонсалес де Клавихо, “Тоҷ-ут-таворих” - и Амир Абдураҳмонхон, “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” - и Абдураҳмони Мустаҷир ва амсоли ин аз бозгӯи ҳақиқати ин амр ба шумор меравад.
Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар аксари чунин китобҳои ҷаҳонгардону сайёҳон, ки аз ҷуғрофиёи таърихии Тоҷикистони имрӯза боздид кардаанд, табиати нотакрор, суннатҳои нодири фарҳангӣ, оину русуми хоси тоҷикони манотиқи гуногун, мисли Хуталону Бадахшон,  Хуҷанд, водиҳои Вахшу Ҳисору Зарафшон, тавсиф шуда, аз мавҷудияти ёдгориҳои куҳани таърихӣ, мазору обидаҳо, маконҳои муқаддас сухан рафтааст. Дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ ва ҷуғрофӣ зикри шаҳрҳои бузурги мулки Хуталон, аз ҷумла Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, Ҳулбук ҳамчун шаҳрҳои бузургу обод, дарвозаи тиллоии қаламрави таърихии Тоҷикистон ном бурда шудани Бадахшон, арӯси дунё ё тирози ҷаҳон ба шумор омадани шаҳри Хуҷанд, “водии дарвешон” ё ҳамчун сарзамини сукунати орифону донишварон омадани Бутамони куҳан, инчунин, мавҷудияти таърихии Саразм ҳамчун исботи мавҷуд будани робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии байни кӯчманчиёни чорводор ва зироаткорони Осиёи Марказӣ аз манзалати таърихӣ ва сарзамини ҳузури ҷаҳонгардон ва донишмандону орифон будани Тоҷикистон ҳикоят мекунад.
Дар канори ин, дар сарчашмаҳои дигари таърихӣ ишорат шудани мавҷудияти роҳе аз тариқи Самарқанду Бухоро ба масири Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи кунунӣ тавассути ағбаҳои деҳаи Овучии ин ноҳия ба деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз он ба самти водии Рашту Бадахшон ва ҳамин тавр, ба самти Афғонистон низ шаҳодати барҷастаи таърихии яке аз қитъаҳои бузурги Шоҳроҳи Абрешим будани Тоҷикистони куҳан маҳсуб меёбад. Хотироти Бобур Мирзо, Амир Абдураҳмонхон, Абдураҳмони Мустаҷир, ки ҳаракати ин ҷодаи куҳанро тафсир мекунанд, аз он дарак медиҳанд, ки дар баробари мусофирати зиёди ин ҷаҳонгардон тавассути ин роҳи қадима, аз худ ёдгориҳои нодире ҳам боқӣ гузоштаанд, ки имрӯз ба унвони мероси бузурги таърихӣ нақш ва мақоми густардае доранд. Аз ҷумла, дар заминаи чунин мусофиратҳост, ки дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар мавзеи Чашмаи Озах,  сангнавиштае мавҷуд аст, ки ба Бобур Мирзо нисбат дода мешавад. Ҳамзамон, дар ҳудуди деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ мавзее бо номи “Санги навишта” маъруф аст, ки гӯё катибаи он ҳам ба Бобур Мирзо нисбат дода мешавад ва он дар ҷараёни ҷамъоварии чунин катибаҳо аз ҷониби академик Аҳрор Мухторов ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон бурда шудааст.
Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тадбири саривақтӣ  буда, дар баробари пайванди бештару беҳтар бахшидани кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ин мақоми  ҷуғрофиёи таърихии мамлакатамонро дубора эҳё менамояд. Иқдоми шоистаи Сарвари давлат дар ин роҳ бори дигар ба ҷаҳониён башорат хоҳад дод, ки Тоҷикистони азизи мо чун меросбари тамаддуни бузург ин манзалати таърихии хешро ҳамон гуна, ки ҳаст ҳифз намуда, бо эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мехоҳад бори дигар пешорӯи ҷаҳониён бо даъват аз тамоми ҷаҳонгардону сайёҳон, донишварону олимон дигарбора онро ба намоиш гузорад.
Дар баробари ин, имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷой гирифтани мазору мақбараҳои донишмандону орифон ва шоирону азизоне, ки аз шаҳру манотиқи дигар омадаву ин ҷоро макони абадӣ ихтиёр кардаанд низ шореҳи ҳақиқати эътирофи мақоми таърихии  Тоҷикистон чун минтақаи соҳиби арҷу эҳтироми бузург ва дорои табиате, ки мӯҷиби асари афзун ва нуфузи муҳаббати ҳамагон гардида, таъкид меварзад. Ин ҷо аз мазороти бузургоне чун Имом Ҳасани Аскарӣ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шайх Абулқосими Гургонӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Муҳаммад Шамсиддин ибни Маликдоди Табрезӣ, Абулҳасани Харақонӣ,  Шайх Шақиқи Балхӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ, Мир Сайид Ҳасан Шоҳи Хомӯш, Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста ва дигарон метавон ёдовар шуд, ки дар заминаи сафарҳои хеш ҷуғрофиёи таърихии кунуни Тоҷикистон, шаҳру рустоҳои мухталифи онро макони абадии хеш ихтиёр кардаанд. Мавҷудияти ривоёте роҷеъ ба интихоби ин манотиқ бар асоси обу ҳавои мусоид ва табиати гуворо, мардумони меҳмоннавоз ва монанди ин дар миёни мардум худ шаҳодати он аст, ки дар баробари анҷоми мақомот ва рисолати маънавии хеш, ки ба сайру сулуки ирфонӣ ва тарбияи ахлоқиву инсонии ҷомеа марбут аст, ин сарзамин ва табиати худододаи Тоҷикистони азизи мо меҳру ихлос ва иродати ин бузургонро афзун гардондааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ борҳо чун пуштибон ва эҳёгари чунин обидаҳои таърихӣ, мазороти муборак ҳангоми зиёрати ин маконҳои муқаддас ба аҳли таҳқиқ дастуру ҳидоятҳо додаанд, ки сарнавишти ин шахсиятҳои бузург ва мероси адабии эшон мавриди омӯзиш қарор гирифта, дастраси умум гардад. Баробари ин, дар яке аз суханрониҳои хеш ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ бамаврид таъкид доштанд: “Албатта, бе таҳқиқи ҷиддии илмӣ дар бораи зодгоҳу оромгоҳи бузургону орифони пешин ҳукми қотеона баровардан душвор аст, вале эътиқоду иродат ва муҳаббату самимияти мардум бегумон бодбони киштии умеду ормонҳост, ки дар баҳри тӯфонхези рӯзгор онро ба соҳили мурод ва дарки ҳақиқат мерасонад”.
Албатта, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаҳои охир масъалаи омӯзиши мазор ва обидаҳои таърихии мавҷуд дар қаламрави Тоҷикистон ба як самти муҳими пажӯҳишҳои адабиву таърихӣ қарор гирифтааст. Дар баробари ин, эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рисолати аҳли таҳқиқро дар ин арса боз ҳам бештар мегардонад, зеро дар қаламрави Тоҷикистони мо имрӯз теъдоди зиёде аз чунин мазороту мақбараҳо, обидаҳои таърихӣ, ёдгориҳои нодири фарҳангӣ мавҷуд ва маҳфузанд, ки баробари ниёз ба таҳқиқу баррасӣ доштан, хостори муаррифии ҳарчи бештар ҳастанд. Пажӯҳиши амиқи ин мероси гаронбаҳои таърихиву маънавӣ ва тарғибу ташвиқи он метавонад як рукни барҷастаи рушди сайёҳиро дар Тоҷикистони азизи мо таъмин намуда, ҳадафҳои бузург ва беназири Пешвои миллатро дар амри эълони чунин соли таърихӣ бароварда гардонад, ки дар роҳи расидан ба ин амри муҳим ва мақсадҳои наҷиб саҳми олимону донишварон муассир ва пешбаранда хоҳад буд.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филология

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 220

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед