logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МАҲАЛЛАИ ИШҚ
Яке аз наздикони Қобус ибни Шамгирро, ки подшоҳи Гургон буд, беморие гирифтор шуд. Табибон дар муолиҷаи ӯ оҷиз монданд.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро ба болини шоҳзода оварданд. Ҳаким пас аз муоинаи бисёр ва суолоте, ки аз модари шоҳзода кард, гуфт: Ин ҷавон сахт ошиқ аст ва бо шиддат пинҳон мекунад». Пас фармуд: «Оё касе ҳаст, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳои шаҳрро бидонад?»
Гуфтанд: «Оре, Доруға медонад».
Фармуд ӯро биоварданд. Буалӣ даст ба набзи бемор ниҳод ва Доруғаро бигуфт, ки номи маҳаллаҳоро ба забон биовар. Доруға гуфт: «Баҳористон, Чаҳорсӯ, Ҳомун, Коҳ». Бемор чун номи Коҳ шунид, ҳаракати набзаш тезтар шуд.
Пас Буалӣ Доруғаро гуфт: «Кӯчаҳои маҳаллаи Коҳро бишумор». Доруға шумурда, то ба кӯчаи Чанорӣ расид. Боз дар ин лаҳза ҳаракати набз шадидтар шуд.
Буалӣ гуфт, то гузарҳои Чанориро бишуморад. Доруға шумурд, то ба гузари Шайгон расид, боз дар ин ҳол набз шадид шуд. Пас фармуд то духтарони бошандаи он гузарро бишуморад.
Ҷустуҷӯ намуданд ва номи онҳоро биронданд. То ба номи Нозанин расиданд. Дар ин ҳангом набзи бемор шиддат ёфт. Ҳаким фармуд,  тамом шуд. Пас рӯй ба дарбориёни Қобус карду гуфт:
- Ин ҷавон дар маҳаллаи Коҳ, кӯчаи Чанорӣ, гузари Шайгон ба духтаре бо номи Нозанин ошиқ аст. Доруи ӯ висоли он духтар аст.
Духтарро ба ақди шоҳзода дароварданд. Ва ӯ бо ин ҳикмат муолиҷа ёфт.

Таҳияи Умар АЛӢ


ПАНДИ ЛУҚМОН
Луқмони Ҳаким мефармояд, ки ин чанд хислат боиси ба пояи баланд расидан, шуҳратёр шудани ман гардид:
Нигоҳро поён афкандан.
Нигоҳ доштани забон.
Қаноат ба ризқи ҳалол.
Устувор мондан ба ростгӯӣ.
Вафо ба аҳд.
Икром намудани меҳмон.
Мурооти ҳаққи ҳамсоя.
Тарки кирдору гуфтори беҳуда.

Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА


Қобилиятҳои ғайриодии инсонҳои одӣ
ОДАМИ БЕХОБ
Оё боре санҷидаед, ки зиёда аз 48 соат нахуфта худро бардам ҳис кунед? Не, албатта. Чунки ду шабонарӯз он тараф истад, ҳатто баъд аз як рӯзи бехобӣ одам худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Аммо деҳқони ветнамӣ Тхай Нгок беш аз 45 сол аст, ки мижа таҳ намекунад. Ба гуфтаи худаш бар асари бемории вараҷа ба бехобӣ гирифтор шудааст. Гарчанде барои хоб кардан бисёр кӯшиш мекунад ва ҳатто дору истеъмол менамояд, аммо бефоида. Аҷибаш ин аст, ки ӯ тамоман солим буда, табибон дар ӯ нишонаи ягон бемориро пайдо накардаанд.

Таҳияи Меҳрангез Қодирова

МАРИНА ЧАПМАН  ДАР 5 - СОЛАГӢ МАУГЛИ ШУДА БУД

Саргузашти  айёми наврасии Марина Чапман, ки нақши Мауглиро дар филми  офаридаи Эдгар Райс Берроуза  бозидааст, хеле аҷиб аст.  Дар синни 5 – солагӣ ба ӯ нақши  Мауглиро супурданд. Аз  ин вақт, яъне баробари банаворгирии филм ҳамроҳи  галаҳои маймуну гургон ранҷу  уқубатҳои зиёдро пушти сар намуд. Баробари ҳайвонҳои ваҳшӣ   дар байни   галаи маймунҳо ба воя расид. Дар байни галаи гургон низ зиста,  чун онҳо  уллоскаширо  аз худ кард.
Имрӯз Марина дар  шаҳри Брэдфорди Британияи Кабир бо   шавҳару фарзандонаш умр  ба сар мебарад. Ҳаёти  ӯ аз  дигар  инсонҳо   фарқияти калоне дорад. Ҳанӯз ҳам дар айни камолоти умр озодона ба дарахт ҷаҳида мебарояд. Мисли гургу маймун ҳаракат карда, ҳатто ба ҳариф зарбаи сахт зада метавонад.

Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА


10 кишвари сертамошобини дунё

2. ИСПАНИЯ
Мадрид ва Барселона  зеботарин  шаҳрҳои Испания эътироф гардида, рушди сайёҳӣ дар ин кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола аз ин кишвар ҳазорҳо сайёҳон дидан мекунанд. Даромади буҷаи давлат аз ҳисоби сайёҳон 14,4 дарсадро ташкил дода, дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад. Соли 2017 аз ин кишвари зебоманзари офтобӣ зиёда аз 82 миллион сайёҳи хориҷиву дохилӣ дидан намуда, нисбат ба ҳамин солҳои пешин зиёд аст. Чизи аҷибе, ки дар шаҳри Мадрид баргузор мегардад ин ҷанги барзагов бо одам аст, ки диққати ҳамагонро ҷалб кардааст.  Испания чун дигар кишварҳо дорои таърихи бою ғанӣ буда, бо ёдгориҳои таърихиаш диёри тамошобоб эътироф гардидааст.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ИНТЕЛЛЕКТ
БАХШИДА БА 27 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Рақамҳои дилхоҳ нотакрорро тавре ҷо ба ҷо гузоред, ки ҳосили ҷамъи тарафҳо ва диоганалҳо ба 27 баробар бошанд.
  
Масъули рубрика
Зулола Бобораҷабова

ЭЙНШТЕЙН ДАР ОШХОНА
Эйнштейн вақте ба ошхонае даромад, аз рӯи одат даст ба киса бурд, то айнакашро монда, рӯйхати ғизоҳоро хонад. Чун айнак дар хона фаромӯш шуда буд, аз марди паҳлуяш хоҳиш намуд, то рӯйхати ғизоҳоро барояш хонад.
- Мутаассифона, ман ҳам мисли шумо бесаводам, - гуфт маъюсона он мард.

КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
МАЛАКАЙ СЭМДИ
Малакай Сэмдии 11 - сола навохтани асбобҳои мусиқиро пеш аз роҳ рафтан омӯхтааст. «Ӯ ҳанӯз хурд буд, ки пайвас-та ҳама ҷоро мекӯфт. Ҳамсарам ҳамеша таъкид мекард: Медонӣ, ба фикрам вай нақора менавозад?» - ба хотир меорад падараш. Аввалин нақораро замоне барояш туҳфа намуданд, ки ҳамагӣ ду сол дошт. Дар чорсолагӣ аллакай ба мактаби мусиқии Марка Мерфии Ню Ҷерси пазируфта шуд ва дар 5 - солагӣ аввалин консерташро пешкаши доираи васеи тамошогарон намуд. Бар замми он, ки пайваста маҳораташро сайқал медиҳад, ба кӯдакони ҷаҳон нақоранавозиро  меомӯзонад. Ҳанӯз аз ин давра пайваста хонаи кӯдаконро зиёрат мекунаду барои онҳо мусиқӣ менавозад. Ба ин васила ба кӯдакон таъкид мекунад, ки дар ҳаёт ҳама чиз имконпазир аст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ  ФУТБОЛ
Солҳои 50 - уми қарни гузашта дар шаҳри Сиенаи Италия доварони футбол ба ду даста тақсим шуда, байни ҳам футбол бозӣ карданд. Бозӣ ором ҷараён дошт, то задани як голи баҳсӣ ба дарвозаи яке аз дастаҳо. Баъди гол 22 бозингар ё худ довар ҳар яке голро аз рӯи қоидаҳо шарҳ медод. Кор то ҷое расид, ки полис онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кард.
* * *
Дарвозабони машҳури рус Лев Яшин на танҳо дар футбол, балки дар хоккей низ дарвозабон будааст. Ӯ соли 1953 дорандаи Ҷоми СССР ва медали биринҷии Чемпионати СССР оид ба хоккей мебошад. Яшинро мехостанд дар тими мунтахаби СССР оид ба хоккей бинанд, аммо ӯ хост ба футбол равад.

Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
3000 КИЛОМЕТР БО ҚАТОРА БО 15 МАРКА
Ҳавонаварди 61- сола М. Карл - Гейнс аз Ганновери Олмон, қарор кард аниқ намояд, ки дар 48 соат чанд километр роҳро бо қатора тай намудан мумкин аст. Вай пешниҳоди махсуси роҳи оҳанро барои сайёҳон, ки бо «чиптаи рӯзҳои истироҳатӣ» ба сафар баромаданианд, дақиқ санҷид.  Аз рӯи ин тариф дар муддати 48 соат дар қатораҳои тезгард ва ҳам байнишаҳрӣ бе ягон маҳдудият сафар кардан мумкин буд. Рӯзи шанбеи навбатӣ ӯ соати 5 дар саристгоҳи Ганновер ба қатораи тезгард савор шуда то Бремен омад, аз ин ҷо ба дигар қатора нишаст. Қатора ба Мюнхен соати 16 - ҳу 11 дақиқа расид. Сипас вай ба қатораи байнишаҳрӣ савор шуда, арзу тӯли Олмони Ҷанубиро сайр кард. Дар соати 7 - у 20 дақиқаи рӯзи якшанбе қаторааш ба Мюнхен баргашт ва ӯ саёҳаташро ба тариқи Бамберг, Вюртсбург ва Геттинген то Ганновер идома бахшид. Қатора ба ин шаҳр соати 23 – ю 33 дақиқа расид. Карл-Гейнс 31 маротиба аз қатора ба қатораи дигар нишаста, 3070 километр масофаро тай намуд. Агар вай барои ин сафар чиптаҳои одӣ мехарид, лозим меомад, ки 737 марка сарф намояд, вале ӯ дар ин сафари рӯзҳои истироҳатӣ ҳамагӣ 15 марка харҷ кард. Сарфакор бояд буд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҶИОТӢ АМГЕ    
ЗАНИ ХУРДТАРИНИ ДУНЁ
Ҷиотӣ Амге хурдтарин зани дунё ба ҳисоб рафта, соли 1993 дар Нагпури Ҳиндустон ба дунё омадааст. Аҷиб ин аст, ки танҳо дар 18 - солагӣ баландии қади Ҷиотӣ ба 68,2 см расид, ки баробари қади навраси дусола буд. Ҳамагӣ 12 кг вазн дошт. Бо вуҷуди ин, бо ҳамаи камбудиҳояш ӯ худро хушҳолу хушбахттарин зан меҳисобад. Соли 2012 Ҷиотиро ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун «зани хурдтарин дар ҷаҳон» ворид намуданд.
Ҷиотӣ айни ҳол 25 сол дошта, орзу дорад, ки дар оянда яке аз моделерони шуҳратманд гардад.
Таҳияи Р. КАРИМОВ


РОБОТЕ,  КИ БО РЕГ РАСМ МЕКАШАД

Ҳарчанд роботҳои рассомро дидаем, аммо «Beachbot» аз онҳо фарқ мекунад. Он расмро бо усули нав эҷод мекунад. Ин мошини ихтироъкор аз ҷониби кормандони Институти технологияҳои федералии Швейтсария ва Маркази тадқиқотии «Disney» - и Сюррих  коркард шудааст. Роботи мазкур,  ки ихтироъкори асосияш Пол Бертсли мебошад,   мустақилона бо рег расм мекашад.
Гарчанде  кори он ба назар сода намояд, аммо дар сохтани ин робот Бертсли ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштааст. Расми дар таҷҳизоти мобилӣ кашида, баъдан ба робот тариқи Wi-Fi дода мешавад. Кашидани мусаввара дар рӯи рег 10 дақиқа давом меёбад.

Таҳияи Кароматулло АТО


ГАЙОЛА
ҶАЗИРАИ НАФРИНШУДА

Дар тамоми дунё ҳастанд ҷойҳое, ки муаммои сарбастаанд. Яке аз онҳо дар Италия бо номи ҷазираи нафриншудаи  Гайола маъруф аст. Гайола ду ҷазираи бо ҳам пайвастест, ки дар яке аз онҳо чорбоғи калону дар дигаре хонаи боҳашамат сохта шудааст. Дар ин ҷазира касе зиндагӣ намекунад. Қисса ин аст, ки аввалин соҳибмулки он Ханс Браунро соли 1920 одамони номаълум кушта буданд. Баъд аз он занаш бо сабабҳои номаълум ғарқ мешавад. Ҷазираро чун Отто Грунбак аз худ мекунад, аз сактаи қалб мемирад. Соҳибмулки дигар бошад, ба худкушӣ даст  мезанад. Ҳар касе, ки мехост ҷазираро аз худ кунад, бадбахту фақир ва ниҳоят нобуд мешуд. Ҳамин тариқ, ҷазираи Гайола нафриншуда ном гирифту касе дигар дар онҷо зистан намехост. Муҳаққиқон то ҳол кӯшиши сирри ин ҷазираро кушоданиянд, аммо ҳеҷ натиҷа намедиҳад. 
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ҶАЗИРАИ ЯМАЙКА ВА АҶОИБОТИ ОН

Ҷазираи Ямайка давлатест, ки  дар парчами он  рангҳо истифода нашудаанд. Ба ҷойи рангҳо ин суханон сабт шудаанд:

«Мушкилот  ҳаст, вале Замин  сабзранг ва Офтоб  дурахшон аст».

* * *
Аз ҳама  бештар дар ҷаҳон занони Ямайка тифлҳои дугоник ва сегоник таваллуд мекунанд.

* * *

Дар ҷаҳон чолоктарин занону мардон дар Ямайка ба сар мебаранд. Ва аз давандагони моҳир ба шумор мераванд.
   * * *
Зебосанамҳои  ямайкагӣ се маротиба ғолиби озмуни «Шоҳбонуи ҷаҳон» гардидаанд.

Таҳияи Иронбӣ  МӮСОЗОДА


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ  ОЛАМ
2. «МАЙДОНИ ҶАВОНОНИ ҲИНДУ»
Ин варзишгоҳ дар рӯйхати бузургтарин иншооти футболи ҷаҳонӣ зинаи дувумро ишғол мекунад. Оё метавонед тасаввур кардан, ки гирдогирди майдон 120 ҳазор мухлис нишастааст. «Майдони ҷавонони ҳинду» мояи ифтихори на танҳо шаҳри Калкута, балки Ҳиндустон аст. Он майдони қувваозмоиҳои тими мунтахаби кишвар, ҳамчунин, дастаҳои футболи «Мохун Баган», «Ист - Бенгал» ва «Муҳаммадан» аст.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ    


ПУЛИ ШИШАГӢ
НАВЪИ НАВИ ФАРОҒАТ ВА САЁҲАТ

Соли гузашта дар Чин пули шишагии дар ҷаҳон дарозтаринро сохта мавриди истифода қарор доданд. Дар он ба сайёҳон барои тарси худро мағлуб намудан, аз шишаи тунук гузаштанро пешниҳод менамоянд. Ба ин конструксияи ғайриодӣ  номи «Пули одамони ҷасур» гузошта шуд.
Дарозии ин пул, ки дар боғи Шинючжайи музофоти Хунан сохта шудааст, 430 метр буда, паҳнояш 6 ва баландиаш аз сатҳи замин 300 метрро ташкил медиҳад. Дар сохтмони он 3,4 миллион доллари амрикоиро сарф намудааст.
Фарши шишагӣ аз нигоҳи аввал хеле тунук намояд ҳам, ғафсии он 24 миллиметрро ташкил медиҳад. Тибқи таъкиди конструкторҳо шишаи барои сохтмони пул истифодашаванда нисбат ба шишаи одӣ 25 маротиба мустаҳкам аст.

Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


РУСТАНИҲО ҲАМ МУСИҚӢ ГӮШ МЕКУНАНД
Рустаниҳо ҳам мисли ҷонварон мусиқиро ҳис мекунанд ва зери таъсири он нашъунамо меёбанд. Ин таҷрибаро дар рустаниҳо бори аввал ҳиндуҳо гузаронда буданд. Аммо он замон таҷрибаи эшон камтар маъруфият пайдо кард. Соли 1960 Ҷорҷ Смит ном шаҳрванди Амрико дар ду қисмати ҳавлии худ ҷуворимакка кошта, таҷрибаи ҳиндуҳоро такрор намуд. Шароити нашъунамо, таркиби хок ва об якхела буд. Фарқ танҳо дар он буд, ки ҷуворимаккаҳои  пали дуюм  мусиқию сурудҳои гуногуни радиоро намешуниданд.
Аз ин сабаб рустаниҳои пали якум зуд неш зада, қад кашида, решаҳои бақувват ёфтанд. Дар пали дуюм баръакс.
Ҷорҷ то соли 1963 ин таҷрибаро се бор так-рор кард. Соли сеюм дар чор қитъаи замин ин таҷрибаро гузаронд. Ҷуворимаккаҳои пале, ки мусиқии орому бомаром мешуниданд, нисбат ба ҷуворимаккаҳои мусиқии баланд мешунида, мусиқӣ намешунида ва дар шароити муътадил  инкишофёбанда 17 дарсад зиёдтар ҳосил дод. Дар натиҷа маълум шуд, ки мусиқӣ дар рушди рустаниҳо ёрии калон мерасондааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.09.2018    №: 176    Мутолиа карданд: 227

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед