logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80, 6 сентябр, ноҳияи Ёвон

Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ёвон!
Шогирдони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар арафаи Ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – Истиқлолияти давлатӣ боз як муассисаи замонавии таълимӣ - мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ифтитоҳ гардид. Кулли сокинони сарбаланду ободкори ноҳияи Ёвон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Ҷашни соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва ба фаъолият оғоз кардани ин боргоҳи маърифат самимона табрик мегӯям.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад. Яъне истиқлолият ҳар яки моро водор месозад, ки барои ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳои зиндагиамон, боз ҳам ободу пешрафта гардондани Тоҷикистони биҳишосоямон ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои сокинони кишвари азизамон содиқона заҳмат кашем. Мо, ҳамчунин, дар ин ҷода бояд сарҷамъу муттаҳид бошем ва дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва амнияти ҷомеа зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем. Имрӯз ман ифтихор мекунам, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ин дастоварди бузургтарини халқамон - истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ медоранд ва аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат самимона ҷонибдорӣ менамоянд.
Моҳи декабри соли 2017 Фармони Президент «Дар бораи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз қабули он вусъат додани раванди созандагиву бунёдкорӣ дар саросари кишвар мебошад.
Хушбахтона, имрӯз мушоҳида мегардад, ки ин иқдом мардуми Тоҷикистонро ба корҳои ободкориву созандагӣ ва дигар амалҳои хайр сафарбар намудааст. Ҳоло ҳамаи гӯшаву канораҳои Ватани азизамон ба корзори заҳмати созандагиву ободгарона табдил ёфта, ҷомеаи моро боз ҳам сарҷамъу муттаҳид кардааст.
Тайи солҳои охир дар ноҳияи Ёвон низ корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо карда, дар баробари мақомоти давлатӣ, инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ барои ободии ҳар як кӯчаву маҳали зист ва шаҳраку деҳоти он камари ҳиммат баста, дар ин кори хайр саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари корхонаи «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ, ки сохтмони он соли 2016 оғоз ёфта буд, барои 1500 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дар муддати дую ним сол бо харҷи 24 миллион сомонӣ ба анҷом расонда шудааст.
Мактаби навбунёд дар сатҳи баланди меъморӣ қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.
Бо истифода аз фурсат, ба ин соҳибкори бонангу номус ва ҳамаи меъморону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр саҳм гирифтаанд, миннатдорӣ баён мекунам.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кумитаҳои падару модарон сохтмони 60 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 15 синфхона ва як китобхона мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло 45 синфхонаи иловагӣ ва як толори варзишӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 66 бинои нави таълимӣ барои 48 ҳазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар давоми панҷ сол сохтмони боз панҷ муассисаи нави таълимӣ, шуъбаи маорифи ноҳия, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 12 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст.
Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ иҷрои саривақтии барномаи зикршударо таъмин намояд.
Бо мақсади таъмини ояндаи босаодати кишвар ва рушди бомароми ҷомеа мо минбаъд низ ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунем ва онро пайваста дастгирӣ менамоем.
Дар баробари ин, бовар дорам, ки кормандони соҳаи маориф ҳамчун қишри огоҳу донишманд ва пешсафи ҷомеа минбаъд низ рисолати муқаддаси хешро дар роҳи тарбияи насли ояндасози миллат содиқона иҷро мекунанд. Бинобар ин, аҳли маорифи ноҳия, аз ҷумла омӯзгорону устодони мактаби навбунёди имрӯзаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба камол расондани кадрҳои лаёқатманд кӯшиши бештар кунанд.
Итминони комил дорам, ки аҳли маорифи ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа содиқона заҳмат мекашанд, шогирдони арзанда, худшиносу худогоҳ, созандаву бунёдкор ва муҳимтар аз ҳама, насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарбия менамоянд.
Шумо – фарзандони азиз, шогирдони ин мактаби замонавиро даъват менамоям, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоед ва дар оянда ҳамчун фарзандони сарбаланди кишвар барои ободии сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат кунед.
Бори дигар сокинони заҳматпешаву ҳим-матбаланд ва меҳмондӯсти ноҳияи Ёвон, инчунин, кулли устодону шогирдони мактаби навбунёдро ба ифтихори Ҷашни истиқлолу озодии Ватан ва ифтитоҳи боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.09.2018    №: 176    Мутолиа карданд: 156

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед