logo

Хабарҳо

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

Давоми як моҳи охир дар минтақаҳои отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва шаҳри Исфара чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ доир ба пешгирии интиқоли молҳои пастсифати сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум ва пешгирии убури ғайриқонуни марзи давлатӣ гузаронда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, аз ҷониби марзбонон дар наздикии сарҳади давлатӣ қочоқбароне дастгир шуданд, ки талош доштанд, бидуни анҷом додани расмиёти гумрукӣ бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маҳсулоти гуногунро ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид созанд. Қочоқбарон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буда, ҳангоми убури ғайриқонунии марз бо нақлиёти боркашони худ боздошт шуданд.Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии воситаҳои нақлиёти боркаш, аз бордони онҳо 16 000 килограмм меваи хушки зардолу, 400 килограмм сабзавот, 1 250 килограмм силитра, 1 500 тунукаи алюминий, 17,5 тонна ангиштсанг, 1 000 литр сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 15 метри кубӣ тахта ва ғайра дарёфт ва мусодира гардид.
Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа, дастгиршудагон бо автомашинаҳо ва борҳои мусодирашуда ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд супурда шуданд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 197

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед