logo

Хабарҳо

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

Имрӯзҳо  сокинони меҳнатқарину ватандӯсти кишвари маҳбубамон дар пайи ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани  корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, баланд намудани  сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи аҳолии мамлакат ва боз ҳам афзудани обруву нуфузи Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ камари ҳиммат бастаанд.
Заҳматкашони ноҳияи Деваштич низ ба майдони ҳимматбаландӣ ва ободгароиҳо ворид шуда,  иншооти  гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ бунёд менамоянд. Иқдоми накуи соҳибкори саховатпеша Садрӣ Файзиев барои сохта ба истифода додани бинои нави 4 - ошёнаи беморхона  бо таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ба маблағи зиёда аз шаш миллион сомонӣ дар деҳаи Далён намунаи ин бунёдкориҳост.
Ҳусайн Мӯсозода ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ роҳи мошингарди деҳоти Мӯриякро таъмир намуд. Мирзоҳаким Калонов дар деҳаи Росровут ба маблағи як миллиону 200 ҳазор сомонӣ  бинои нави таваллудхона ва Маҳтоб Фозилова аз ҳисоби маблағи  сафари ҳаҷ пули мошингузари деҳаи Меткро сохта ба истифода супурданд.  Тӯйчӣ Абдуллоев аз ҳисоби захираҳои молии худ таъмири муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №13-и деҳаи Зарнисорро  ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонд. 
Ҳамзамон,  аҳли ноҳия тариқи ба роҳ мондани ҳашар  иншооти зиёд, аз ҷумла дар назди гимназияю муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 35 синфхонаи иловагӣ, бунёд намуданд. Дар деҳаи Анборғоз тариқи ҳашар дар муддати кӯтоҳ бинои бунгоҳи тиббӣ қомат афрохт. Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Далёни Боло, Ваҳдат, Росровут ва Исмоили Сомонӣ имсол  даҳҳо километр роҳҳои байни деҳаҳоро аз таъмири ҷор ӣ бароварда, мумфарш намуданд.
Баробари саҳмгузории сокинон дар ободонии деҳаю маҳаллаҳо  дар ноҳия зиёда аз 40 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мавриди амалисозӣ қарор дорад. Дар сурати татбиқи босамари онҳо ноҳия боз дучанд ободу зебо хоҳад шуд. 
Комрон ИСМОИЛЗОДА, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 232

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед